Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, президенти берақиб, низомномаи бенизом ва худсафедкуниҳои мақомот


Мавзӯи раҳоии Муҳаммадрӯзӣ Искандаров - раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон аз як зиндони шаҳри Маскав мавзӯи меҳварии аксар нашрияҳои чопи Душанбе дар ин ҳафта будааст. «Азия Плюс» бо ҷой додани акси Искандаров дар саҳифаи аввали худ навиштааст, ки зоҳиран чунин ба назар мерасад, ки Русия бо ин амал дар садади он аст, ки минбаъд аз пуштибонии яктарафаи низомҳои мавҷудаи сиёсӣ дар собиқ кишварҳои шӯравӣ даст бардорад.

Аммо «Наҷот» нашрияи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар робита ба озодии Муҳаммадрузӣ Искандаров бо нашри як хабари кӯтоҳ иктифо кардааст. «Зиндагӣ» бо такя бар натоиҷи як назарсанҷӣ, ки бо кӯмаки Бунёди Авруосиё анҷом гирифтааст, навиштааст, ки 47 дар сади пурсидашудагон гуфтааанд, мехоҳанд, раиси ҷумҳури ояндаи Тоҷикистон намояндаи Ҳизби халқии демократӣ бошад.

Бар асоси ин назарсанҷӣ 23 дарсад дар ин мақом намояндаи Ҳизби Демократ, 16 дар сад Коммунист, панҷуним дар сад Ҳизби сотсиал-демократ ва 3,5 дарсад намояндаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро дидан мехоҳанд. «Вечерний Душанбе» дар пасманзари хуруҷи тадриҷии сарҳадбонони рус аз Тоҷикистон ба мавзӯи таҳкими марзҳои муштараки Тоҷикистон бо Афғонистон пардохта, иттилоъ додааст, ки Иттиҳоди Аврупо бо иҷрои ду барнома қасд дорад, дар амри тақвияти марзҳои миёни Тоҷикистону Афғонистон ва ҷилавгирӣ аз қочоқ ва интиқоли маводи мухаддир ба Тоҷикистон кӯмак намояд.

«Курйер Таджикистана» нашрияи русизабон бо интиқод аз тарҳи нави низомномаи фаъолияти шабакаҳои радиову телевизонҳои Тоҷикистон навиштааст, ки тасвиби ин тарҳ ба амнияти иттилоотии кишвар таъсири номатлуб мегузорад. Бино ба навиштаи ҳафтанома тарҳи низомномаи мазкур ба омӯзиши амиқ ва коркарди дақиқ ниёз дорад, зеро дар аксар маврид бандҳои мушаххаси он ба Қонуни Асосӣ ва дигар муқаррароти қонунгузории Тоҷикистон муғойират доранд. Ҳафтанома ҳамчунин афзудааст, ки зарур аст, то дар Тоҷикистон як сиёсати комилан нави давлатӣ дар заминаи фаъолияти шабакаҳои радиову телевизионӣ пеш гирифта шавад.

«Наҷот» нашрияи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар матлабе бо номи «Оё адолат маҳдудият дорад?» имконоти ба мақоми раҳбарӣ расидани шахсиятҳои алоҳидаи сиёсӣ дар Тоҷикистонро ба баррасӣ гирифта навиштааст, ки имрӯз бархе аз коршиносон ба ин нукта таъкид менамоянд, ки дар Тоҷикистон ба ҷуз Раҳмонов сиёсатмадори дигари тавоно нест. Аммо ин ақида афзудааст нашрия, воқеият надорад. Ба навиштаи ҳафтанома, тайи чанд соли ахир дар Тоҷикистон шахсиятҳое ҳамчун чеҳраҳои сиёсӣ маъруф гардидаанд, ки имрӯз имкони воқеъӣ барои интихоб шудан ба маснади раҳбариро дар кишвар доранд ва дар сурати интихоби онҳо Тоҷикистон ба гунаи беҳтару хубтар дар ҷаҳон муаррифӣ мегардад. Аммо «Наҷот» натиҷагирӣ намудааст, ки мутаассифона кадоме дар Тоҷикистон худро рақиби раҳбари феълӣ муаррифӣ намояд, кори ӯ ҳатман ё ба зиндон кашида мешавад ва ё мушкили дигаре барояш эҷод мегардад.

«Садои Мардум» нашрияи Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо ишора ба дастури президент Раҳмонов дар бораи баргузории конфронсҳои матбуотӣ дар идороту вазоратхонаҳои кишвар навиштааст, ки имрӯз ин конфронсҳо дар бештари идорот ба як навъ ироаи гузоришҳои расмӣ ва худсафедкунии мақомот даромадаанд.
XS
SM
MD
LG