Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Матбуоти ҷаҳон аз сиёсати Узбакистон ба шиддат интиқод мекунад


Саъйи таҳти назорат даровардани шаҳри Андиҷон таввасути нерӯҳои амниятии Узбакистон кори ғайриинтизор набуд, аммо амри ғайринтизор барои бисёриҳо қатли оме буд, ки дар ин кишвари Осиёи Миёна сурат гирифт, навиштааст рӯзномаи "Вошингтон Пост". Тақозои тазоҳургарони Андиҷон танҳо хоси ин шаҳр нест, навиштааст рузнома ва афзудааст, мушкиле ки мардуми ин шаҳр доранд, хоси тамоми Узбакистон аст, зеро сиёсати тахрибгари иқтисодӣ соҳибкориро дар кишвар сахту мушкил карда, аксари деҳоти кишварро дар фақру камбизоатӣ гузоштааст.

Мардуми фироркарда аз Андиҷон ба нашрияи "Интернешнл Ҳералд Трибюн", чопи Амрико гуфтаанд, баъди ҳамла ба маҳбас хабарҳо доир ба сафари Ислом Каримов ба шаҳр паҳн гашт ва афроди осоишта дар майдони Андиҷон бо умеди он ҷамъ омаданд, то аз мушкилоти бекорӣ, хадамоти иҷтимоӣ ва фақр ба Ислом Каримов шикоят кунанд.
"Аммо бо ҷойи Ислом Каримов мардум ба нерӯҳои муташаккили амниятӣ рӯ ба рӯ шуданд. Танкҳо ва сарбозон омаданд", гуфтааст Муҳаммад Мавлонов, тоҷири қирғиз, ки дар ин шаҳр буда ва аз пояш ҷароҳат бардоштааст. Ӯ афзудааст, тирпаронӣ шурӯъ шуд, аммо он ҷо табодули оташ набуд, танҳо қатли саросарӣ буд. "Ҳералд Трибюн" меафзояд, Ислом Каримов дар ин нооромиҳо гурӯҳҳои тундрави исломиро муттаҳам мекунад, тавре ки дар гузашта барои саркӯб кардани мухолифини сиёсии худ аз ин гуфта истифода мекард, то сиёсати саркӯбгаронаи ҳукуматашро тақвият диҳад.

Ислом Каримов раисиҷумҳури худхоҳ, вале ҳамзамон шарики Амрикову Бритониё аст, менигорад рӯзномаи "Гордиан"-и Британия ва меафзояд, агарчӣ ӯ дар ҷанг ба зидди терор дар Афғонистон кӯмаки муносибе кардааст, аммо рафтори ҳукуматаш, ки хабарнигорону дипломатҳову маъмурони имдодиро ба Андиҷон рафтан намегузорад, қобили қабул нест. Нашрия Ҷак Стро, вазири умури хориҷаи Бритониёро ҳақ мешуморад, ки ба навиштаи рӯзнома, қатли омро маҳкум намуда, хостори дастрасии билофосилаи маъмурони имдодиву хабарнигорону дипломатҳо ба маҳалли ҳодиса шудааст. "Гордиан" дар идома вокуниши Амрико ба ҳодисаҳои Узбакистонро қонеъкунанда намешуморад, ки ҳамзамон бо маҳкум кардани ҳамла ба маҳбас ва муассисаҳои давлатӣ, ҳукумати Узбакистонро ба хештандорӣ даъват кардааст. Нашрия ҳукумати Амрикоро дар истифодаи сиёсатҳои дугуна муттаҳам намуда навиштааст, ки Ҷорҷ Буш, агарчӣ дар робита ба демократия дар Украина, Ироқ ва Лубнон боҷуръат ҳарф мезанад, аммо дар робита ба Узбакистон, Арабистони Саудӣ ва Фаластин хомӯш аст. Зеро, менависад нашрияи "Файненшел Таймс", барои сиёсатгузорони Амрико Узбакистон диктаториест, ки холӣ аз манфиат нест ва ин нашрия низ пойгоҳи низомии Амрико дар Узбакистон ва кӯмакаш ба дар ҷанг ба зидди террорро мисол меорад.

Нашрияҳои Русия низ вокуниши Амрико ба ҳодисаҳои Узбакистонро танқид кардаанд ва аз ҷумла рӯзномаи "Время Новостей" бо киноя навиштааст, ки дигар барои тағйири ҳукумат дар Узбакистон, ҳеҷ ихтиёриёни ғарбӣ лозим нестанд, зеро ҳодисаҳои Андиҷон он қадар нафрати мардумро ба ҳукумати Ислом Каримов афзудааст, ки онҳо худашон қодир ба таъсиси неруҳои мухолифи муташаккил ҳастанд.

Рӯзномаи дигари русӣ - "Московский Комсомолец" низ бо истеҳзо навиштааст, дар Узбакистон оромист, танҳо қурбониён зиёданд. Ва дар идомаи мақолаи рӯзнома назари як таҳлилгари русро мехонем, ки гуфтааст, сабаби юриш дар Узбакистон террорест, ки ҳукумати Ислом Каримов ба зидди аҳолӣ пеш мебарад. Камбизоатӣ дар Узбакистонро таҳлилгар тасаввурнопазир номида ва фарқи байни зиндагии ҳукуматдорон ва мардуми оддиро низ ваҳшатнок арзёбӣ кардааст. Рӯзномаи дигари русӣ менависад, рӯзҳои сахте ба сари Ислом Каримов омаданд ва ӯ баъди ин ҳодисаҳо саъйи тағйир додани вазъро мекунад, аммо дигар чизе кӯмакаш нахоҳад кард ва дар ниҳоят ӯро ҳам сарнавишти раҳбарони собиқи Украина ва Қирғизистон интизор аст.
XS
SM
MD
LG