Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беҳтарин истироҳат чист ва чаро?


Феҳрасти ин барнома:

Салими Аюбзод. Муколама бо Зулфия Атоӣ.
Раҳматкарими Давлат. Осоишгоҳҳои Тоҷикистон.
Латифи Латифӣ. Диснейи пиру ҳамешаҷавон.
Абдураҳими Умарзод. Нишонаҳои айём.
Заур Дахте. Аксҳо аз Тоҷикистон.

Ҳамаи гузоришҳо дар зери ин хатти сабз.

Сиёсатмадор, оҳангсоз, иқтисодшинос, ихтироъкор ва файласуфи машҳури амрикоӣ Бенҷамин Франклин, менависад, "онҳое ки истироҳат карда метавонанд, бартар аз онҳое ҳастанд, ки метавонанд, шаҳрҳоро ишғол кунанд". Аммо нависанда ва донишманди фаронсавӣ Алексис Токвил мегӯяд, "дар умри инсон ҳаргиз айёме пеш нахоҳад омад, ки кас битавонад, худро комилан ба истироҳат бахшад, зеро барои ин шароити мусоиди беруна ва дохилӣ зарур мебошад". Бархе аз ҳамнафасони мо дар ҳавои ҳамин ақидаи Токвил гуфтанд, халқи мо фурсате барои истироҳат надорад. Вале дигарон гуфтанд, ними мардум дар истироҳати доимист, зеро ҷои кор надорад.
Агар бо ҷиддияти тамом ба мавзӯъи истироҳат ва фарҳанги он нигарем, чиро хоҳем дид? Шоираи тоҷик, сардабири маҷаллаи "Фирӯза", шахси хеле пурталош ва серкор, Зулфия Атоӣ мегӯяд, агар кас тавонад, аз як лаҳзаи хуб, як дидори нек, як ҷумлаи зебо истироҳати хуш кунад, зарурат ба як моҳи дарози рухсатӣ нахоҳад дошт. Аз ӯ мепурсам, аммо бе тағйири сабки ҳаррӯзаи зиндагӣ, оё хуб кор кардан мумкин аст? Мегӯяд, на, кас бояд фурстаҳое барои фароғат дошта бошад, вале худаш шахсан чунин имкониятро надорад. Зулфия мегӯяд, шояд дидгоҳи ӯ дуруст нест. Вале зеро нависандаи фаросавӣ Анатол Франс навиштааст, истироҳат гузаштан аз як навъи кор ба навъи дигари кор аст. Дар сӯҳбати мо бо шоира Зулфия, вай аз осоишгоҳҳои Хоҷа Оби Гарм ва Зумради Тоҷикистон ном бурд. Ба ғайр аз онҳо дар Тоҷикистон осоишгоҳҳои Оби Гарм, Шоҳамбарӣ, Ромит, Явроз, Ҳабатак, Алмосӣ, Гармчашма, Қайроқум, Чилучорчашма ва ғайра мавҷуданд. Ва шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамчунин метавонистанд, бо нархи арзон ба курорту осоишгоҳҳои шӯравии пешин ва бархе аз кишварҳои аврупоӣ роҳ ёбанд. Вале ҳоло вазъ чи гуна аст? Аз сӯҳбатҳои раиси идораи осоишгоҳҳои кишвар маълум мегардад, бо вуҷуди нархҳои начандон баланд, мардуми кам ба осоишгоҳҳо меравад, асосан онҳое ки ба табобат ниёз доранд. Гуфта мешавад, давлат бояд барои як муддат осоишгоҳҳоро аз ҳама гуна андоз озод кунад, то нархҳои дастрас боқӣ бимонанд ва осоишгоҳҳо фоидаовар шаванд. Вай мегӯяд, таҳкиму густариши низоми истироҳат дар Тоҷикистон омили кори беҳтар ва саломатии қавитари мардум аст. Вале аз худи ин мардум мешунавем, ки ба анвои дастрас ва осони истироҳат бартарӣ медиҳанд, монанди хондани нашрия ва ё тамошои телевизион. Ҳатто яке аз онҳо мегӯяд, аз обуҳавои хубу офтобӣ истироҳат мекунад.
Ба назари шумо беҳтарин навъи истироҳат кадом аст. Бо ин савол ба онҳое муроҷиат кардем, ки бо барномаи мо дар пайванди пайваста ҳастанд, яъне дар шабакаи Интернет.
Агар онҳоро ҷамъбаст кунем, ба назар мерасад, анвои асосии истироҳати дӯстони мо аз гардишу қадамзанӣ ва дидани манзараҳои зебо, хондани китоби наву ҷолиб, шеъри адибони классик ва имрӯза, шунидани мусиқии хубу дилчасп, варзиш ва кӯҳгардӣ иборат аст. Ҳамнафаси мо Сайф посухро бо шеър навиштааст:

Канори обу пои беду табъи шеру ёре хуш
Муошир дилбаре ширину соқӣ гулъузоре хуш
Майе дар косаи чашм аст соқиро ба ном эзид
Ки масти мекунад, бо ақлу мебахшад хуморе хуш

Офарин, офарин. Аммо Дабир Кабиров, ки бисёрии шумо акнун мешиносед ва посухҳои ҷолиби ӯро бисёр хондаед, навиштааст, 15 сол боз чӣ будани истироҳатро фаромӯш кардааст. Фаридун Маҳкамов як-ду рӯз аз ҳамаи ҷаҳон канда шудану ба худ фурӯ рафтанро истироҳати беҳтарин медонад. Ва Анвархуҷа Тӯраев навиштааст, вақте ягон нақшаи хубат иҷро мешавад, вақте ба касе некӣ мекунӣ ҳолати истироҳатомез ба ту даст медиҳад. Юсуфи Қубониёнӣ менависад беҳтарин истироҳати ӯ танҳоӣ дар фазои пур аз садои Абдулбосит ва ё Аҳмад Зоҳир аст.
XS
SM
MD
LG