Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазияи мардикорони тоҷик: Кӣ гунаҳгор?


«Азия - Плюс» мавзӯъи ихроҷи 200 муҳоҷири кории тоҷик аз Русияро матлаби аслии саҳифаи аввали худ қарор додааст ва навиштааст, ки пайи тадқиқи ин қазия додситонии нақлиёти Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз намудааст. Ба навиштаи ҳафтанома 200 шаҳрванди тоҷик шаби 24 май тавассути ҳавопаймо ба Русия сафар намудаанд вале ба далели надоштани шиносномаи хориҷӣ ба Тоҷикистон бозпас гардонида шуданд. Нашрияи мазкур аз қавли мақомоти додситонӣ зиёни моддии ношӣ аз ин ихроҷро барои муҳоҷирони кории тоҷик 45 ҳазор доллари амрикоӣ арзёбӣ намудааст.

Дар матлаби дигар, «Азия - Плюс» иттилоъ додааст, додситонии кулли Тоҷикистон бо судури дастуре истифодаи гази табиӣ барои автомобил ва маршруткаҳоро манъ намудааст.
Ин ҳафтавор менависад, тайи чор соли охир дар Тоҷикистон дар заминаи истифодаи газ 16 инфиҷори васоили нақлияи мусофирбар сурат гирифтааст, ки бар асари он 31 як нафар ҷони худро аз даст додаанд.

« Тоҷикистон» бо интиқод аз фаъолияти корхонаи муштараки заршӯии «Зарафшон»навиштаааст, вазъи кунунии он сарбеҳисобии тиллои тоҷикро мемонад. Матлаби « Тоҷикистон» аз вуҷуди фасоди молӣ ва масрафи беҳадафи маблағ дар ин корхона ёдовар шуда анҷоми таҳқиқ дар ин заминаро хостор шудааст.

« Наҷот» зимни баррасии ҳаводиси Қирғизистов ва вилояти Андиҷон таъсиргузор будани омили хориҷиро дар ин ҳаводис рад намуда навиштааст, ҳукуматдорони кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд ба ҷои кофтукоби дасти бегона роҳи ҳалли мушкилоти иҷтимоиву иқтисодии мардуми худро ҷуё шаванд ва дар баргузории интихоботҳо адолат ва ҳақиқатро меъёр қарор бидиҳанд.

«Ҷумҳурият» матни суханронии президенти Тоҷикистон Раҳмоновро дар ҳамоиши Душанбе доир ба истифодаи захоири манобеи обӣ ба нашр расонидааст. Раҳмонов аз захоири бузури манобеи Тоҷикистон ёдовар шуда гуфтааст, об атои Худованд аст вале ин маънои онро надорад ки он тамоман беарзиш бошад.

« Зиндагӣ» навиштааст , аз соли 1996 то кунун дар Тоҷикистон беш аз 55 тонна маводи мухаддир кашф ва мусодира шудааст ва 22 тоннаи он маводи сахттаъсири ҳероин будааст. Ба навиштаи ин нашрия, дар даҳ соли охир додгоҳҳои Тоҷикистон 12 ҳазор шаҳрванди ин кишварро дар робита ба фурӯш ва интиқоли маводи мухаддир маҳкум ба зиндон кардаанд.
XS
SM
MD
LG