Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳори нигаронии Амрико дар бораи сарнавишти М. Искандаров


Ҳукумати Амрико аз шеваи интиқоли иҷбории Муҳаммадрӯзӣ Искандаров - раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон аз Маскав ба Душанбе дар таърихи 17 апрели соли равон ва боздошти ӯ дар маҳбаси вазорати амнияти Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст. Дар баёнияе, ки рӯзи 20 июн сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон интишор кард, омадааст, Стефан Миникес - сафири ин кишвар дар Шӯрои доимии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо зимни суханронӣ дар шаҳри Вена аз чигунагии боздошт ва таҳвили Муҳаммадрӯзӣ Искандаровба мақомоти Тоҷикистон ва ҳамчунин аз вуҷуди мавонеъ дар роҳи мулоқоти ӯ бо вукалои дифоъ ва манъи иҷозаи дидори Искнадаров бо пайвандонаш изҳори нигаронӣ кардааст.

Ҷозеф Чемберлен - мушовири сиёсии сафорати Амрико дар Тоҷикистон гуфт, аз давлати Тоҷикистон дархост шудааст, то дар расидагӣ ба қазияи оқои Искандаров аз қавонин ва меъёрҳои байналмилалӣ кор бигирад. Ӯ мегӯяд: «Иёлоти Муттаҳида аз ҳукумати Тоҷикистон даъват мекунад, ҷиҳати мулоқоти бидуни мониаи вукалои дифоъи оқои Искандаров бо ӯ дар доираи қонун ва меъёрҳои байналмилалӣ мусоидат карда ва ҳамчунин мурофиаи додгоҳии ӯро низ дар чаҳорчӯби қавонини байналмилалӣ анҷом диҳад. Нозирони маҳаллӣ ва байналмилалӣ бояд иҷозаи назорат бар раванди ин ҷараёнотро дошта бошанд.»

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттиллоъи масъулини Ҳизби Демократи Тоҷикистон, дар дар ду рӯзи қабл мулоқоти яке аз хоҳарони Муҳаммадрӯзӣ Искандаров бо ӯ дар боздоштгоҳи вазорати амният сурат гирифтааст. Раҳматулло Валиев - муовини раиси Ҳизби Демократ гуфт, аммо то кунун вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ба дархости суфарои бархе аз кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо, аз ҷумла Бритониё, Олмон ва Фаронса ҷиҳати мулоқот ба раиси Ҳизби Демократ дар боздоштгоҳ вокунише нишон надодааст.

Дар баёнияи сафорати Амрико дар Тоҷикистон таъкид шудааст, ки Амрико бори дигар аз давлати Тоҷикистон даъват мекунад ӯҳдадории худ дар назди Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупоро ба ҳайси як узви ин созмон иҷро кунад.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG