Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Айбномаи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров


Дар рӯзи саввуми мурофиаи додгоҳии Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси ҳизби демократи Тоҷикистон, ки пас аз таъхири шашрӯза дар Додгоҳи Олӣ идома ёфт, аслан, ду банди айбномаи ҷаноби Искандаров дар мавриди нигаҳдории ғайриқонунии силоҳи оташфишон ва ғайриқонунӣ доштани муҳофизони шахсӣ баррасӣ шуд. Ҳарчанд, ҷараёни мурофиа барои ҷамъи хабарнигорон ва ширкатдорони он кушода эълон шудааст, вале масъулини мақомоти додгоҳӣ дар ин рӯз ҳангоми вуруд ба толор ба хабарнигорон иҷоза надоданд, ки бо худ дастгоҳҳои забту аксбардорӣ дошта бошанд.

Додситони айбдоркунанда, Меъроҷ Ҳакимов дар мурофиа гуфт, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров аснои ифои вазифа дар корхонаи давлатии «Тоҷикгаз» ба таври ғайриқонунӣ шаш муҳофиз ҳамроҳи худ доштааст ва аз ҳисоби бӯҷаи «Тоҷикгаз» барои муҳофизонаш маош додааст. Ҳаҷми маоши муҳофизони Искандаров, тибқи айбномаи додситонӣ, беш аз 11 ҳазор сомонӣ, муодили сеюним ҳазор доллари амрикоиро ташкил додааст. Аммо ҷаноби Искандаров мегӯяд, аз ин шаш нафар се тан кормандони масъули «Тоҷикгаз», як нафар ронандаи мошини хидматӣ ва ду тани дигар ронандаҳои ғайрирасмии ӯ будаанд. Раиси ҳизби демократ афзуд, пас аз сӯйиқасд ба ҷони Ҳабиб Сангинов, муовини вазири умури дохилӣ дар соли 2001-ум ва баъд аз инфиҷори сабукрави хидматии Искандаров, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов шахсан ба вазири амнияти кишвар супориш додааст, ки Муҳаммадрӯзӣ Искандаров бо муҳофиз таъмин шавад.

Дар ҳамин ҳол, додрас Зафар Азизов аз ҷиноёте, ки аз ҷониби Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ва тобеони ӯ дар марҳилаи то соли 1997 содир гардидааст, пурсон шуд, аммо Аъзам Бадриддинов, вакили мудофеъи Искандаров аз ин суоли додрас эътироз кард ва гуфт, ҷиноёте, ки то замони имзои созишномаи умумии истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон дар соли 1997 аз ҷониби нерӯҳои мухолифин содир шудааст, аз тарафи раисҷумҳури Тоҷикистон мавриди афв қарор гирифтааст ва набояд феълан баррасӣ шавад. Вале додраси мурофиа, Зафар Азизов, вакили дифоъи Искандаровро барои дуввумин бор огоҳӣ дод ва гуфт, ӯ ҳақ надорад, аз додрас тақозо намояд, то ин суолро ба зерҳимояаш надиҳад. Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ба суоли додрас дар мавриди ин ки оё ӯ дар ин ҷиноёт худро муҷрим мешиносад ва дар ин робита аз додгоҳ чӣ талаб дорад, танҳо ҳаминро гуфт: «Ман бегуноҳам, маро сафед кунед».
XS
SM
MD
LG