Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкилоти сару либоси мактабӣ аз ҳоло сар шуд


Аз рӯзи нахуст назди ин ярмаркаҳо хеле серодам аст. Молу амволи аксари дӯконҳо истеҳсоли хориҷӣ буда моли истеҳсоли маҳаллӣ кам ба назар мерасид. Марзия Назарова, як фурӯшандаи либоси мактабӣ дар бозори Абрешим мегӯяд, бахши аъзами харидорон ба либосҳои истеҳсоли Туркия, Корея ва Чин бартарӣ медиҳанд, аммо либоси истеҳсоли маҳаллиро хеле кам мехаранд.
"Мо талаботи мардумро ба назар гирифта аз хориҷа бор меорем. Ва хуб мебуд, агар андоз ва гумрукпулӣ камтар мешуд, дар он сурат мо моламонро арзонтар мефурӯхтем ва харидорон аз мо розӣ мешуданд."

Аксари сокинони пойтахт аз гаронии либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш норозиигӣ изҳор мекарданд. Як мусоҳиби мо, ки худро Муродалӣ Зуҳуров муаррифӣ кард, мегӯяд, ҳамроҳ бо писараш, ки соли нахуст ба мактаб меравад, тамоми бозори Шоҳмансурро тай кардааст, аммо ба иллати гаронии нархи либос ва маводи дигари мактабӣ чизе нахаридааст.
"Аз саҳар боз гашта истодаем, нархи либосҳои мактабӣ бисёр қимат ман худам кор намекунам ва ҳайронам чи хел барои бачаҳоям либос харам. Албатта мехоҳам, ки бачаҳоям бо либоси нав ба мактаб раванд."

Умед, фурӯшандаи яке аз растаҳои ярмаркаи бозори Шоҳмансур мегӯяд, нархи либоси мактабие, ки ӯ мефурӯшад, аз 35 то 60 сомонӣ аст ва муштариёни начандон зиёд дорад.
"Аксари мардум либоси арзон мекобанд, барои ҳамин ҳам бори ман кам ба савдо меравад."


Вазорати маорифи Тоҷикистон соли гузашта либоси ягонаи мактабиро дар сартосари кишвар ҷорӣ намуда буд ва барои он нархи ягона низ таъин кард, аммо ба гуфтаи масъулин, на ҳамаи нуқтаҳои савдо ин нархномаро риоя мекунанд. Барно Ашӯрова, масъули вазорати маориф дар робита ба ин мавзӯъ ба радиои Озодӣ гуфт:
"Мо дар ҳамкорӣ бо корхонаҳои дузандагӣ тарҳи либоси мактабиро таҳия кардем ва нархи ягона ҳам таъин карда будем. Барои духтарон ва писарон алоҳида, аммо либоси зимистонаи духтарона каме қимат шуд, нархи ин либосҳо аз 24 то 35 сомонӣ аст, нархи либоси зимистона то 50 - 60 сомонӣ."

Аммо Холида ном як мусоҳиби мо мегӯяд, вай тибқи мақоли «қиммат беҳиммат ва арзон беиллат нест», амал мекунад ва ба харидани либоси мактабии гароннарх, аммо босифат тарҷеҳ медиҳад. Ӯ мегӯяд, либосҳои дӯхти маҳаллӣ аз ҷиҳати сифат ва дӯхт ӯро қонеъ намекунад.

Тибқи иттилои вазорати маорифи Тоҷикистон ярмаркаи мактабӣ то 25 август идома хоҳад ёфт. Дар шаҳри Душанбе беш аз 100 нуқтаи савдо ба фурӯши либосу ашёи хониш машғул аст. Сару либос ва лавозимоти мактабӣ барои як нафар хонанда, ҳадди ақал 100 сомонӣ арзиш дорад.
XS
SM
MD
LG