Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киро "бихалифа" меноманд ва чаро?


Никола Крастев Китоби "Занони мӯътабар дар Осиёи Марказӣ", ки аз симои 76 зани ин минтақа таркиб ёфтааст, баъд аз сафарҳои донишманди фаронсавӣ Ҳабиба Фатҳӣ ба шаҳру рустои кишварҳои ин бахши ҷаҳон эҷод гаштааст. Фатҳӣ мегӯяд, ҳузури занон дар ислом махсусан дар Тоҷикистону Туркманистон ва Ӯзбакистон назаррас аст.

Ман дар Ню Йорк бо муаллифи китоби нав Ҳабиба Фатҳӣ мусоҳиб шудам ва аз ҷумла пурсидам, ягон зан дар Осиёи Марказӣ унвони имом ва ё мӯҳтасибро надорад ва дар китоби шумо аз истилоҳҳои "отуной" ва "бибихалифа" ёд мешавад. Инҳо чи вазифаҳои исломиянд?

Ҳабиба Фатҳӣ: "Отуной" ва ё бибиотун дар байни ӯзбакҳо мегӯянд, дар байни тоҷикон "Бибихалифа" ва ё "бихалифа" машҳур аст. Аммо маънии ҳарду як аст. Амалан, ин унвони занони босаводест, ки пеш аз замони шӯравӣ дар байни аҳолӣ мавҷуд буд. Дар байни тоҷикон, эрониён, ӯзбакҳо...Ман хондаам, ки ҳамин гуна занони рӯҳонӣ дар Озарбойҷон ва ҷомеъаи шиъаҳои Ироқ вуҷуд доштааст. Вале онҳо махсусан дар Осиёи Марказӣ фаъолтаранд."

Радиои Озодӣ: Оё ин чунин маъниро дорад, ки занон назар ба дигар қисматҳои ҷаҳони ислом дар Осиёи Марказӣ нақши бузургтари мазҳабӣ доранд?

Ҳабиба Фатҳӣ: "Ин хел гуфтан душвор аст, зеро агар мо ба кишварҳои араби мусулмон нигарем, монанди Марокаш, Алҷазоир, Тунис, занонеро мебинем, ки вазифаи рӯҳониро иҷро мекунанд. Аммо байни онҳо ва бихалифаҳои Осиёи Марказӣ фарқ зиёд аст. Бихалифаҳо на танҳо мушкилоти шариатиро шарҳ медиҳанд, балки ба аъзои хонавода ва кӯдакони маҳалла, чи писар ва чи духтар сабақи динӣ медиҳанд, яъне мактабдор низ ҳастанд."

Радиои Озодӣ: Мегӯянд, давраи шӯравӣ барои занони Осиёи Марказӣ фоидаи зиёд овард, ки онҳоро дар сатҳи баробар бо мардон қарор дод. Оё ин дуруст аст?

Ҳабиба Фатҳӣ: "Бале. Метавон гуфт, ин дуруст аст. Чанде пеш ман дар Афғонистон будам ва Афғонистон таърихан бо тоҷикону ӯзбакони Осиёи Марказӣ монандиҳои зиёди таърихӣ дорад. Аммо фарқи азиме дар миён аст. Шумо дар Афғонистон занонро намебинед ва ё бинед, ҳам онҳо бурқапӯшанд. Занон дар Тоҷикистон ва Ӯзбакистон хеле шӯравӣ шуданд. Ҳоло онҳо саводи зиёди динӣ надоранд. Онҳо назди отунҳо меоянд, то хатти арабӣ, Қурон ва адабиётро омӯзанд."

Радиои Озодӣ: Дар кадоме аз кишварҳои Осиёи Марказӣ занон имконияти ҳузури фаъолонатар дар умури мазҳабӣ доранд?

Ҳабиба Фатҳӣ : "Ба фикрам, бештар ва махсусан дар Ӯзбакистон ва Тоҷикистон. Зеро дар ин ҷо бо сабаби боқӣ мондани суннати отунҳо ва бихалифаҳо, ки амалан маънии "занони мулло"-ро доранд, хеле зуд гузашта эҳё мешавад. Чунин афродро мо дар байни қазоқ ва қирғизҳо, ки дар гузашта мардумони кӯчӣ буданд, пайдо карда наметавонем. Ин албатта, таассуроти ман аст ва ман мутмаъин нестам, ки ҳақбаҷонибам ё на."

Радиои Озодӣ: Ба ғайр аз умури динӣ, дар ҳаёти ҳаррӯза бихалифаҳо бо чӣ корҳо машғул мешаванд?

Ҳабиба Фатҳӣ: "Ҳамчун хоҳарони калонӣ ва ё пешкорҳо онҳо ба занон мадад мерасонанд, аз рӯи шариат ва ё таҷрибаи мавҷуда роҳнамоӣ мекунанд. Ҳар зани мусулмон дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла онҳое ки намозгузор нестанд, ҳар сари чанд вақт ба дин рӯй меорад, то хонаи худу оилаи худро амн гардонад, то роҳи рӯшан дошта бошад. Ва барои ин вай ба хидмати занони рӯҳонӣ муроҷиат мекунад, то ба қудсият наздик гардад."
XS
SM
MD
LG