Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвоҳо дар атрофи "ТадАЗ"


шаҳри Душанбе

Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон бо баррасии даъвои Додситони Кулли ин кишвар аз як кӯшиши моли худ кардани корхонаи алюминиуми Тоҷикистон аз сӯйи ширкатҳои хориҷии «Ансол Лимитед»-и Русия ва «Ҷералд Меттелз»-и Суис ҷилавгирӣ кардааст. Зулфия Юсуфова, додраси Додгоҳи Олии Иқтисодӣ бо таъйиди ин хабар гуфт, Додситони Кулл Бобоҷон Бобохонов тақозо кардааст, ки созишномаи замонатӣ, ки байни корхонаи алюминиуми Тоҷикистон ва ширкатҳои «Ансол Лимитед» ва «Ҷералд Меттелз» ба тасвиб расидааст, беэътибор дониста шавад. Мутобиқи ин санад, ширкати «Ансол» ба «Ҷералд Меттелз» бояд ба маблағи 20 миллион доллари амрикоӣ алюминиум медод, аммо дар сурати иҷро нашудани ин санад, корхонаи алюминиуми Тоҷикистон, ки нақши миёнаравро мебозид, бояд ҳамин маблағро ба ҷониби ҷабрдида мепардохт. Аммо хонум Юсуфова гуфт, ширкати «Ансол Лимитед» аз иҷрои бандҳои созишнома қасдан худдорӣ кардааст ва зимнан корхонаи алюминиум муваззаф шудааст, ки зарари ширкати «Ҷералд Меттелз»-ро ҷуброн намояд:

«Бо ҳукми додгоҳ даъвои додситони кулли Тоҷикистон пурра қонеъ карда шуд. Зеро ин санад воқеан хилофи манфиатҳои Тоҷикистон буда ва бо мақсади тасарруфи корхонаи алюминиуми кишвар таҳия шудааст.»

Содиқ Шоназаров, мушовири аршади раиси ҷумҳури Тоҷикистон оид ба масоили сиёсати ҳуқуқӣ мегӯяд, ҳукумати кишвар қазияҳои пурсарусадо дар атрофи корхонаи алюминиумро таҳти назорати худ гирифтааст. Ҳоло дар шаҳри Лондон низ муҳокимаи додгоҳии собиқ масъулини ин корхона ва ширкати «Ансол» ҷараён дорад ва ба гуфтаи оқои Шоназаров, дар ин додгоҳ манофеи Тоҷикистон ҳаллу фасл хоҳанд шуд:

«Албатта, барои ҳимояи манфиатҳои Тоҷикистон ҳукумати кишвар ваколатдор аст ва дар ин додгоҳ додситони кулли кишвар манфиати Тоҷикистон ҳимоя мекунад.»

Ҳамзамон, Наим Мансуров-муовини аввали раиси Додгоҳи Олии Иқтисодӣ мегӯяд, бо ин вуҷуд, ки бо ҳукми ин додгоҳ ширкати «Эмек Иншаат»-и Туркия барои анҷом надодани сохтмони «Аквапарк» дар шаҳри Душанбе муваззаф шудааст, то ба ҳукумати шаҳри Душанбе ба маблағи беш аз 6 миллион доллари амрикоӣ ҷарима диҳад, аммо ин ҳукм ҳанӯз иҷро нашудааст. Дар ин робита, Додгоҳи Олии Иқтисодии Тоҷикистон ба Додгоҳи Олии Туркия номаи дархостӣ ирсол кардааст, то бо дахолати додгоҳи Туркия ширкати «Эмек Иншаат» маблағи ҷаримашударо пардохт намояд:

«Ба наздикӣ мо ба Туркия як муроҷиатнома равон кардем. Нотаи вазорати корҳои хориҷӣ ба мо расид, ки имрӯз ҳамаи ҳуҷҷатҳоро сафири Тоҷикистон дар Туркия ба додгоҳ пешниҳод кардааст ва мо интизори он ҳастем, ки муҳокимаи ин парванда дар додгоҳи Туркия кай шурӯъ мешавад.»

Оқои Мансуров инчунин гуфт, ҷиҳати ширкат дар ин муҳокимаи додгоҳӣ рӯзҳои наздик намояндагони додгоҳи иқтисодии Тоҷикистон ба Туркия сафар хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG