Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳои манфии "Transparency International" ба Тоҷикистон


Созмони Транспаренси Интернешнл, ки махсуси назорат ва таҳқиқи вазъи шаффофият ва фасодкорӣ дар кишварҳои ҷаҳон аст, дар гузориши тозаи худ шохиси фасодкорӣ дар 159 кишвари ҷаҳонро тартиб додааст. Созмон бо нашри ин ҷадвал дар гузоришаш фасодкориро як иллати аслии фақр ва бузургтарин монеа дар роҳи мубориза бо он ба қалам дода, гуфтааст, танҳо ба таври воқеъӣ аз панҷаи бенавоӣ раҳонидани мардум метавонад, гиребонгири фасод шавад.

Ба гуфтаи ин созмон, аз 159 кишвари таҳти назорат қарор гирифта, аз се ду ҳиссааш мувоҷеҳ бо мушкили хеле ҷиддии фасодкории мақомот боқӣ мондаанд. Гузориш Қафқоз ва Осиёи Марказиро манотиқи аз ин лиҳоз нигаронкунанда арзёбӣ кардааст. Аз ҷумла, Тоҷикистон ҳамроҳ бо Покистону Парагвай ва 3 кишвари африқоии Кенияву Судон ва Сомали ҷойҳои аз 144 то 150-уми ин ҷадвалро бо ҳам дидаанд.

Баҳои Тоҷикистон, тибқи ҷадвали даҳхолии Транспаренси Интенешнл ҳамагӣ 2,1 будааст. Дар гузориши қаблии ин созмон, Тоҷикистон дар байни 133 кишвар дар зинаи 127-ум қарор дошт. Баландтарин мақомро дар ин ҷадвал Исландия бо 9,7 холл ва Финландияву Зеландияи Нав бо 9,6 хол ба даст овардаанд.

Дар қораи Осиё мизони фасодкорӣ камтар аз ҳама дар Сингапур будааст, ки дар ҷойи 5-уми ҷадвали Транспаренси Интернешнл қарор дорад. Дар байни кишварҳои шӯравии собиқ Литва бо касби 4,8 хол ва мақоми 44-уми ин ҷадвал, ва аз миёни кишварҳои муштаракулманофеъ Молдова бо наздики 3 хол ва касби мақоми 88-уми ҷадвали Транспаренси Интернешнл, дар роҳи мбуориза бо фасодкорӣ пешқадамтар будаанд.

Украина дар ин ҷадвал дар зинаи 107-ум ва Русия дар мақоми 126-ум ҷой гирифтаанд. Девид Насбаум, мудиромили созмони Транспаренси Интернешнл аммо мегӯяд, Украина дар ин як соли гузашта аз инқилоби норанҷиаш дар роҳи набард бо фасод хеле пешрафт кардааст, ки мояаш бовари мардум ба раҳбарияти ҷадиди он кишвар аст:

"Барқарор шудани боварии мардум ба сиёсатмадороне, ки онҳо интихоб кардаанд, дар мавриди эҳёи дубораи эҳсоси масъулият фавқулодда муҳим аст. Ва масъулият, ба навбаи худ, омилест, ки ба сӯи ваҳдат мебарад."

Транспаренси Интернешнл кишвари осиёии Бангладеш ва кишвари африқоии Чадро фосидтарин кишварҳои ҷаҳон баҳо додааст. Ҳаити, Мянма ва Туркманистон дар ҷадвали ин созмон дар фосилаи андаке аз ин ду кишвар ҷой гирифтаанд. Ва Ироқ бо касби мақоми 137-уми ҷадвали Транспаренси Интерешнл, фосидтарин кишвари ҷаҳони араб шинохта шудааст.
XS
SM
MD
LG