Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як сол баъд аз инқилоб...


Як соле ки гузашт барои Украина соли осуда набуд.
Хурсандиҳои инқилоб батадриҷ фурӯ нишаст ва интизории беҳбуд бенатиҷа монд. Ҳукумати сарвазир Юлия Тимошенко бо иттиҳоми ришватхорӣ ба истеъфо рафт ва ин бонуи инқилоби Украинаро айбдор карданд, ки мехоҳад, бо барномаи нави хусусигардонӣ ҷайби худро пур кунад.
Вале барои бисёре аз украинҳо на фаъолияти сарони инқилобӣ, балки вазъи умумии иқтисодиёт аҳамияти бештар дошт.
Андрий Биченко, сардори шӯъбаи ҷомеъашиносӣ дар Маркази мутолиоти стратегии Киев ин вазъ барои он диққати мардумро ба худ мекашад, ки музди кор ва нафақа бетағйир боқӣ мондаву нархҳо босуръат баланд мешаванд. Биченко мегӯяд, 42 дарсади аҳолӣ бар ин аст, ки вазъи иқтисодӣ бадтар шудааст.
Чунин ноқаноатмандӣ дар Гурҷистон ҳам садо медиҳад.
Пурсиши афкори умум, ки Пажӯҳишгоҳи амрикоии Интермедиа дар арафаи дусолагии инқилоби садбаргӣ гузаронд, нишон дод, ки 66 дарсади гурҷиҳо аз вазъи иқтисодӣ норозиянд ва 50 дарсади онҳо бар ин аст, ки инқилоб натавонист, бекорӣ ва коррупсияро кам кунад.
Арқоми расмӣ нишон медиҳанд, ки дарвоқеъ даромади нохолиси миллӣ дар Украин назар ба соли 2004 коҳиш ёфтааст. Ин аввалин коҳиш аст дар давраи аз соли 1999 ба ин тараф. Тавлиди саноатӣ ва сармоягузории хориҷӣ ба Украин дар моҳҳои ахир ҷиддан кам мешавад.
Дар Гурҷистон вазъи иқтисодӣ то андозае беҳтар аст. Чунончи, дар 9 моҳи соли равон рушди иқтисодӣ 7,5 дарсадро ташкил додааст. Ин адад дар ҳаимин давраи соли гузашта 6,2 дарсад буд.
Таваққӯъи бешазҳад ва инертсияи иқтисодӣ дар байни саромадони сиёсии ҳам Украина ва ҳам Гурҷистон, ки аз инқилобҳо пуштибонӣ карданд, як дилсардӣ ва ноумедиро ба миён овардааст.
Давид Зуробошвили, аз ҳамсафони Саакашвили, ки баъд аз инқилоби ноябри 2004 ноиби раиси порлумон шуд ҳанӯз як сол пеш дар гуфтугӯ бо Радиои Озодӣ хушбин буд, аммо бо гузашти 2 сол дар бораи президент Саакашвилӣ ин тавр мегӯяд: "Вай буд, чанд ғалати стратегӣ кард, агар "стратегӣ" гуфтан мумкин аст, дар ҳоле ки кишвар дар ҳарҷу марҷ ва бе сиёсати аниқе бошад. Мақсади стратегии ӯ эҳёи тамомияти арзии Гурҷистон буд. Вай бар ин бовар аст, ки барои ин бояд артиши нирӯманд сохт ва тамоми қудратро дар дасти чанд нафар ҷамъ кард. Ҳама чизи дигар дуюмдараҷа шумурда шуд, дар ҳоле ки ба фикри ман, роҳҳои дигар низ буданд. Мо тамомияти арзиро эҳё карда наметавонем, агар Гурҷистон як кишвари демократӣ ва аз лиҳози иқтисодӣ қавӣ набошад."

Ҷомеъашинос Андрий Биченко дар бораи Украина мегӯяд, ҳамагӣ 37 дарсади аҳолӣ бар ин аст, ки раҳбарони нав аз гузашта беҳтаранд, 28 дарсад мегӯяд, фарқе надоранд ва 21 дарсади дигар гуфтааст, онҳо аз пешиниён бадтаранд.
Ва 59 дарсади украинҳо бо итминон мегӯянд, кишвар бо роҳи нодуруст пеш меравад.
Тақрибан ҳамин ҳолат ба Гурҷистон низ хос аст.
Моҳи марти соли оянда дар Украина интихоботи порлумони нав доир мешавад. Дар Гурҷистон соли 2008-ум порлумон ва президенти навро интихоб хоҳанд кард.
Ин ҳама дар ҳолест, ки нирӯҳои норозӣ, аз ҳисоби инқилобиёни собиқи ҳарду кишвар интизори пайте ҳастанд, ки дубора ба сари қудрат баргарданд.
Раҳбарони инқилобии ду кишвар ҳанӯз фурсат доранд, вазъро тағйир диҳанд ва зарурати инқилобҳои навро аз байн баранд.
(Аз барномаи Ҳамнафас)
XS
SM
MD
LG