Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бисту нӯҳ кушта ва 506 гирифтор: Ва ин ҳам танҳо арқоми расмӣ


Салибан Омар, масъули барномаи минтақавии СММ оид ба ҷилавгирӣ аз ВИЧ/СПИД мегӯяд, барномаҳои идораҳои масъули ҳукумати Тоҷикистон дар роҳи ҷилавгирӣ аз ин беморӣ нокифоя буда, вазъи мавҷуд водор мекунад, ки ниҳодҳои беҳдоштии давлатӣ бештар кӯшиш ба харҷ бидиҳанд. Вай мегӯяд, созмонҳои беҳдоштии байналмилалӣ ба монанди Бунёди глобалӣ, СММ, Бонки ҷаҳонӣ ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ барои ҷилавгирӣ аз густариши ангезаи ВИЧ-СПИД, ҳамасола ҳудуди 5 миллион доллари амрикоӣ, иборат аз дармону таҷҳизоти ташхис ва муҳиммоти дигари тиббӣ ёрӣ медиҳад.

«Масалан, дар роҳи боло бурдани сатҳи огоҳии мардум аз ин маризии хатарнок барои саломатии инсон, кори дастаҷамъонаи ниҳодҳои давлатӣ, ба монанди вазорати маориф, тандурустӣ ва расонаҳои хабарӣ басо муассир метавонад бошад. Мутассифона, кулли барномаҳо ва лоиҳаҳои муҳими созмонҳои ҷаҳонӣ ва ниҳодҳои давлативу ғайридавлатӣ, танҳо дар доираи пойтахт ва ниҳоят дар маркази вилоятҳо пиёда мешавад ва ба иттилоъи теъдоди бештари аҳолӣ расонида намешавад. Ин дар ҳолест, ки 75 дар сади аҳолии Тоҷикстон дар деҳот зиндагӣ мекунад."

Салибан Омар мегӯяд, тибқи таҳқиқоти созмонҳои байналмилалӣ, агар дар соли 2002, 42 дар сади аҳолии Тоҷикистон нисбат ба ин беморӣ изҳори бохабарӣ карда бошанд, таҳқиқоти соли соли 2004 рӯшан кардааст, ки теъдоди мардуми огоҳ аз хатари ин беморӣ танҳо 8 фоиз афзудаасту бас.

Нусратулло Файзуллоев, вазири тандурустии Тоҷикистон дар ҳамоише, ки ба муносибати рӯзи ҷаҳонии мубориза бо СПИД дар Душанбе доир гашт, вазъи густариши ин бемории хавфнокро дар миёни аҳолии кишвар, бахусус навҷавонон нигаронкунанда арзёбӣ кард. Вай бо изҳори таассуф гуфт, арқоми расмие, ки имрӯз дар дасти онҳо ҳаст, бозгӯи шумораи воқеии гирифторони ин вирус нест, шояд дар асл ин рақам ба маротиб зиёд бошад.

«Мутаассифона, 85 фоизи ин беморон мардон мебошанд, ва 70 фоиз мӯътодон. Дар роҳи пешгирӣ аз густариши ин вирус мо ҳатман аз таҷрибаи кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Эрон истифода хоҳем кард.»

Дар ҳамин ҳол, Искандар Самадов, мудири маркази мубориза алайҳи СПИД-и вилояти Хатлон мегӯяд, дар вилояти Хатлон агар дар соли 2002 танҳо 1 нафар гирифтори ин вирус ба қайд гирифта шуда бошад, дар 2 соли ахир, шумораи чунин беморон дар вилоят ба 68 нафар расидааст, ки 5 дар сади онҳоро занон ташкил мекунанд. Ҷаноби Самадов мегӯяд, бахши аъзами ин беморон, мӯътодон ва муҳоҷирони корӣ мебошанд.

Аъзам Мирзоев, мудири маркази ҷумҳуриявии мубориза бо СПИД-и Тоҷикистон дар робита ба ин мегӯяд, бо пуштибонии молии созмонҳои байналмилалӣ, маркази мазбур бо дастгоҳҳои ташхисии навтарин ҷиҳозонида шудааст ва дар баробари ташхиси тестӣ, ҳамакнун имкон даст додааст, ки мубталоёни вируси HIV - ро тариқи ташхиси хун ошкор намоянд. Ҷаноби Мизоев афзуд, то 1 ноябри соли равон, теъдоди гирифторони вируси HIV ба 506 нафар расидаааст.

«Мо як санҷиш гузаронидем ва рӯшан гашт, ки кӯмакҳои молии созмонҳои байналмилалӣ дар пешгирӣ аз ин беморӣ самари дилхоҳ додааст. Ҳарчанд теъдоди нашъамандони тазриқӣ дар кишвар кам нашудааст, аммо аз ҷиҳати огоҳии мардум, таъмини афроди осебпазир бо лавозимоти пешгирикунандаи ин вирус, як такони хубе дар роҳи пешгирӣ аз ин вирус бахшидааст.»

Ба гуфтаи бархе аз коршиносони мустақили масоили беҳдоштӣ, мутаассифона, маблағҳое, ки созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои кӯмаккунандаи Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз вируси масунияти бадан ҷудо мекунанд, ҳадафнок масраф намешавад. Муртазо Хидиров, раиси Иттиҳодияи коҳиши зарар дар Тоҷикистон, дар ин маврид мегӯяд:

«Мутаассифона, дар кишвари мо як мувозинат оид ба истифодаи маблағҳо ва як ҳамкории муфид дар миёни ниҳодҳои масъули давлатӣ вуҷуд надорад. Ё чизи дигар, ман 5 сол аст, ки бо мӯътодон кор мекунам, то ба имрӯз, пай набурдаам, ки теъдоди онҳо дар кишвар коҳиш ёфта бошад.»

Ҷаноби Хидиров мегӯяд, ҳарчанд чандин барномаҳои ҳукуматӣ ва созмонҳои байналмиллӣ ҷиҳати коҳиши нашъамандӣ дар миёни ҷавонон ва ҷилавгирӣ аз густариши сироят дар кишвар амалӣ шудааст, аммо вазъ ба таври пешин нигаронкунанда боқӣ мемонад, чаро?

Зиёвиддин Авғонов, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон дар ин маврид мегӯяд, кулли маблағҳо, ки аз ҷониби доннорҳо ва ҳукумати кишвар дар ин самт пешбинӣ мешавад, зери назари Вазорати тандурустии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои масъули давлатӣ қарор дорад. Бино бар гуфтаи ҷаноби Авғонов, дар стратегияи нави вазорати тандурустии Тоҷикистон, ки барои соли 2006 таҳия мешавад, ба ҷалби маблағҳои хориҷӣ, масрафи ҳадафноки ин маблағҳо ва ҳамкории амиқи ниҳодҳои масъули давлатӣ дар роҳи ҷилавгирӣ аз ин беморӣ, таваҷҷӯҳи махсус дода шудааст.

«Дар таҳияи ҳамин стратегия низ, иштирок ва ҳамкории ниҳодҳои масъули давлатӣ бо Вазорати тандурустии Тоҷикистон ниҳоят зарур мебошад.»

Мирбоқӣ Бекназаров, роҳбари барномаи кӯмаки Бунёди глобалӣ, бо ишора аз барномаҳои ахири созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати ҷалавгирӣ аз густариши вируси масунияти бадан дар Тоҷикистон гуфт, феълан, мутахассисон ва пизишкони тоҷик барои ташхис ва бо доруву дармон таъмин кардани мубталоёи ВИЧ-СПИД, мушкил надоранд, Вай мегӯяд, мушкили аслӣ дар ошкор кардани беморон ва огоҳонидани мардуми кишвар аз хатар ва паёмадҳои фоҷиабори ин вирус мебошад.

«Масалан, ҳеҷ як бемор ё гирифтори ин вирус, худаш намеояд назди духтур, вай замоне меояд, ки вирусҳо дар баданаш хеле зиёд шуда, иммунитети баданаш кам шуда бошад, ки дар он сурат дер мешавад. Бояд дар миёни мардум корҳои зиёди огаҳкуниро амалӣ кард, то аз паёмади ин вирус мардум огаҳ бошанд.»

Ҷаноби Бекназаров афзуд, то он замоне, ки шумораи муҳоҷирони корӣ ба хориҷи кишвар ва истифодабарандагони маводи мухаддир дар ҳоли афзоиш қарор дорад, ҷилавгирӣ аз сирояти вируси ВИЧ- СПИД дар кишвар корест муҳол.

Ба ин тартиб, тибқи омори расмии Вазорати тандурустии Тоҷикистон, тайи 2 соли ахир 8.000 нафар дар марказҳои мубориза алайҳи СПИД мавриди ташхис қарор дода шудаанд. Шумораи гирифторони вируси HIV дар Тоҷикистон ба 506 нафар расидааст, ки аз инҳо 115 нафарро маҳбусон ташкил мекунанд. Дар маҷмӯъ, беш аз 70 дар сад, мӯътодоне, ки бо роҳи сӯзандору сироят ёфтааанд, 5 дар сад, онҳое, ки аз тариқи алоқаи ҷинсӣ сироят ёфтаанд, боқӣ, муҳоҷирони корӣ будаанд.

Бино бар иттилои ҳамин манбаъ то имрӯз, 29 нафар сироятшудагони вируси масъунияти бадан, бо роҳи печидан ба бемориҳои дигар, аз ҷумла туберкулёз ё сил, ҷони худро аз даст додаанд.
XS
SM
MD
LG