Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди сафири Амрико аз мақолаи "Ҷумҳурият"


Ричард Ҳоугленд-сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон чопи як мақолаи интиқодӣ дар шумораи қаблии "Ҷумҳурият-нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистонро роҷеъ ба фаъолияти созмони мавсум Иттиҳодияи ҳуқуқшиносони Амрико дар ин кишвар фармоишӣ ва иғвоангез арзёбӣ кард. Ричард Ҳоугленд рӯзи 1- декабр дар фарҷоми мулоқоти дунимсоъатии худ бо Эмомалӣ Раҳмонов- раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин робита гуфт:

«Ман мехоҳам бигӯям, ҳар вақт, ки ин гуна матолиби фармоишӣ бо мақсади хадшадор сохтани равобити миёни Тоҷикистону Амрико нашр мешавад, ман онро бе посух намегузорам. Кадом хадамоти махсусе низ агар онро фармоиш надода, мехоҳад дар муносиботи ҷонибҳо рахна ворид кунад".

Нашрияи «Ҷумҳурият» дар шумораи рӯзи 26 ноябри худ бо имзои Афзалшоҳи Каримпур як мақолае мунташир кардааст, ки дар он «Иттиҳодияи ҳуқуқшиносони Амрико- Ибтикороти ҳуқуқӣ дар Аврупои марказӣ ва АвроОсиё» дар Тоҷикистон барои нақзи муқаррароти фаъолият муттаҳам мешавад. Ба навиштаи рӯзнома, созмони мазкур дар макотиби шаҳри Душанбе алайҳи арзишҳои миллӣ таблиғот бурда, тарзи зиндагии ғарбиро ба хонандагон талқин мекардааст. Ба навиштаи ин нашрия, аксари семинорҳое, ки ин созмон доир мекардааст, бидуни ҳузури муаллимони макотиб ва дар ҳолати аз дохил баста будани дари синфхонаҳо доир мешудааст. Афзун бар норизоятӣ аз ҳукумати Тоҷикистон, дар робита ба ҳифзи демократия низ таблиғот сурат мегирифтааст. Ба эътиқоди сафири Амрико, дар Тоҷикистон ин мақолаи фармоишӣ намунаи равшани таблиғоти сиёҳкунандаест, ки ҳеҷ появу асоси воқеӣ надорад. Ба гуфтаи Ричард Ҳоугленд, созмони мазкур аз соли 1997 дар вазорати адлияи Тоҷикистон сабти ном шуда ва ҳама гуна фаъолияти худро дар чаҳорчӯбаи оинномаи худ пеш мебарад.
Ин дар ҳолест, ки Камол Абдураҳимов -сардабири нашрияи "Ҷумҳурият" дар як сӯҳбати телефонӣ ба радиои Озодӣ гуфт, бар асоси қонуни матбуоти Тоҷикистон ҳар шаҳрванди ин ишвар ҳақ дорад фикр ва назари худро дар нашрияҳо мунташир кунад, новобаста ба он, ки нашрия ба кӣ таааллуқ дорад. Вай гуфт, муаллифи мақола як хабарнигор аст ва барои чопи матлаби худ асос дорад. Ба иттиллои Ричард Ҳоугленд- сафири Амрико дар Тоҷикистон масоили таъмини амнияти дохилӣ ва минтақа ва мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз мавзӯъоти дигари мулоқоти ӯ бо Эмомалӣ Раҳмонов-раиси ҷумҳури Тоҷикистон будааст. Сафири Амрико аз таваҷҷуҳ ва омодагии як ширкати амрикоӣ барои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар заминаи сохтмони ниругоҳи барқи обӣ хабар дод, вале аз тавзеҳоти бештар дар ин бора худдорӣ кард. Оқои Ҳоугленд афзуд, ки аз қазияи радди сабти номи созмонҳои амрикоии "Хонаи Озод ва Институти милли демократӣ" аз сӯи вазорати адлияи Тоҷикистон раиси ҷумҳур огаҳ аст ва ӯ итминон дорад, ки ин масъала низ ба таври мусбат ҳал хоҳад шуд.
Абдулқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG