Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рангорангии порлумони нави Афғонистон


Кобул

Расонаҳои Афғонистон дар ростои шиносоии мардум намояндагони парлумони нав - Вулуси Ҷиргаро бештар аз рӯи маҳсубияти пешини ҳизбиашон муаррифӣ мекунанд ва асмои аҳзоби тозасозмонёфтаи кишвар дар ин робита камтар оварда мешавад.

Ба навиштаи матбуот, миёни аҳзоб ва ҳаракату созмонҳои сиёсии Афғонистон курсиҳои парлумониро бештар ҳизби Ҷамъияти исломии Афғонистон, ки роҳбарии онро Бурҳонуддин Раббонӣ ба дӯш дорад, ба даст овардааст. Шумори аъзои пешин ва кунунии Ҷамъияти исломӣ дар Вулуси Ҷирга 52 нафар будааст. Мақоми дуюм - 18 курсиро аъзои собиқу кунунии Ҳизби исломии Афғонистони Гулбуддини Ҳикматёр - мухолифи оштинопазири ҳукумати Ҳомид Карзай дар даст дошта ва ҷонибдорони генерал Абдурашиди Дӯстум, сарвари Ҷунбиши миллии Афғонистон бо 17 курсии порлумони оянда дар ин ҷадвали ғайрирасмии натоиҷи интихобот ба гирифтани мақоми саввум муваффақ шудаанд. Сарвари сиёсии ҳазораҳо - Ҳоҷӣ Муҳаммади Муҳаққиқ ва Ҳизби ваҳдати мардуми Афғонистони вай 16 ҷойро дар парлумон ишғол намуда, собиқ Ҳизби демократии халқи Афгонистон бо сарварии Нурулҳақ Улумӣ 15 курсии парлумонро байни 10 аъзои ҷиноҳи халқиён ва 5 аъзои ҷиноҳи парчамиён тақсим мекунад.

Нашрияи "Паёми муҷоҳид"-и чопи Кобул бо овардани ин омор меафзояд, курсиҳои боқимондаи парлумон миёни аъзои Иттиҳоди исломии Абӯраб Расули Сайёф - 9 курсӣ, Муҳози миллии Афғонистони Сайид Аҳмади Гелонӣ - 8, Афғонмиллат - 7, Ҷабҳаи Наҷоти Афғонистони Сибғатуллоҳ Муҷаддадӣ - курсӣ тақсим шудааст. Маоистҳои парокандаи ҳизби Шӯълаи ҷовид, Иқтидори миллии Сайид Муҳаммади Козимӣ, Ҳаракати инқилоби Сайид Алии Ҷовид ва Ҳаракати исломии Муҳаммади Муҳаммадӣ дар парлумон 4 - курсигиро ба даст овардаанд.Минҷумла, 1 - ҷойӣ ба Пайванди миллии Сайид Мансури Нодирӣ, ҷамоати парокандаи Даъвати ваҳҳобия ва Ҳизби ҷавонони Ҷамил Карзай расидааст. Боқимонда намояндагони парлумони нави Афғонистон дар матбуъот минҳайси ҷонибдорони Зоҳиршох - 2 нафар, муҳоҷири амрикоӣ - 1 нафар ва малиша - 1 нафар муаррифӣ шудаанд. Бо ин вуҷуд, 62 курсии порлумонро беҳизбиён ва ё намояндагони мустақил ишгол кардаанд.

Мувозинати қавмӣ дар Вулуси Ҷирга ба таври зайл аст: пуштунҳо - 111 нафар, тоҷикон - 69 нафар, ҳазораҳо - 26 нафар, узбакҳо - 20 нафар, туркманҳо ва арабҳо - 4 - нафарӣ ва дигар намояндагони парлумон 2-нафарӣ аз аҳли қизилбош ва пашшаӣ, 1-нафарӣ нуристонӣ ва балуҷ муаррифӣ шудаанд. Табақаҳои махсуси аҳолии Афғонистон - содотро 9 нафар ва муҷаддадиёнро 1 нафар дар парлумон намояндагӣ мекунанд.Намояндагони тоҷики парлумони Афғонистон дар муаррифиномаҳои расонаҳои афғонӣ ба 62 нафар тоҷик, 4 нафар тоҷики аймоқ, 2 нафар тоҷики исмоилӣ ва 1 нафар тоҷики аҳли ташайюъ тақсим шудаанд. Мувозинати байни доираҳои забонӣ - ҳавзаи даригӯён 135 нафар ва ҳавзаи пуштузабонон 114 нафарро ташкил додааст.

Дар ҳамин ҳол, дар расонаҳои Афғонистон аз аҳзоби нав, ба ҷуз Ҳизби ҷавонон ёд оварда намешавад. Юнуси Қонунӣ, сарвари Ҳизби Афғонистони навин ва ҷонибдорони ӯ минҳайси узвияти собиқашон дар Ҷамъияти исломии Афғонистон ва ё коммунистони собиқ, ки таҳти сарварии Нурулҳақ Улумӣ ҳизби наверо ба унвони Ҳизби Муттаҳиди Миллӣ созмон додаанд, минҳайси аъзои Ҳизби демократики халқ, халқиву парчамӣ муаррифӣ мешаванд. Ҳамчунин Ҳизби ваҳдати мардуми Афғонистон, ки ба ҷиноҳҳои Муҳаққиқ, Акбарӣ ва Халилӣ тақсим шуда буд, таҳти як ном - аъзои Ҳизби ваҳдати Ҳоҷӣ Муҳаммади Муҳаққиқ ёд шудаанд. Дар ин росто ҳамчунин дақиқ нест, ки намояндагони парлумон аз Ҳизби исломӣ, ки ҳанӯз соли 1983 дар Пешовар ба ду ҷиноҳ - рости Ҳикматёр ва чапи Холис тақсим шуда буд, мансуби кадоме аз ин ҷиноҳҳо мебошанд.
XS
SM
MD
LG