Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро Вазорати адлия созмонҳои амрикоиро сабти ном накард?


Рустам Мингалиев-муовини Вазири адлияи Тоҷикистон ҳар гуна нигаронӣ аз таъхир дар сабти номи бархе созмонҳои хориҷӣ дар Тоҷикистонро беасос донист ва гуфт, ҳар созмон дар сурати мутобиқ кардани асноди лозим ва фаъолияти худ ба меъёрҳои ҳуқуқии Тоҷикистон метавонад иҷозаи фаъолият дарёфт кунад.
Ҳафтаи гузашта Ричард Ҳоугленд-сафири Амрико дар Тоҷикистон изҳор дошт, ки ду созмон, яъне Хонаи Озодӣ ва Муассисаи Миллӣ- Демократии Амрико имкони сабти номро пайдо накардаанд. Вале муовини вазири адлияи Тоҷикистон мегўяд, бо вуҷуди сабти ном нашудан касе монеъи фаъолияти ин ниҳодҳо нашудааст ва онҳо ба кори худ идома медиҳанд. Аммо масъулини Муассисаи Миллӣ-Демократии Амрико дар Душанбе ҳозир нашуданд ба суолҳои мо дар ин робита посух бигўянд. Масъалаи сабти ном нашудани созмонҳои мазкур ва инчунин Интернюс аз чанд вақт ба ин ҷониб матраҳ аст. Ба назари коршиносон қазияи ду созмони аввал ба ангезаҳои сиёсӣ бар мехурад, вале гуфта мешавад, ки масъалаи Интернюс ба мушкили миёни шахсиятҳо бар мегардад. Ин ҳама дар ҳолест, ки созмонҳои сиёсии Тоҷикистон фаъолияти муассисаҳои ин гунаро, ки зоҳиран ҳадафашон мусоидат ба ташаккули ҷомеаи шаҳрвандист, дар шароити феълӣ муҳим медонанд. Раҳматулло Валиев-муовини раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон мегўяд:

"Имрӯз, ки худи ҳукумати Тоҷикистон имкони расондани кӯмакҳои моддӣ ба ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистонро надорад, ҷомеъаи Тоҷикистон ба ташкилотҳои байналмилалӣ, ки барои ташаккули ҷомеъаи шаҳрвандӣ кӯмаки худро мерасонанд, ниёз дорад".


Аммо Ҳикматулло Сайфуллозода-раиси дафтари Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон назари нисбатан дигаре дорад:

"Мушаххасан ин, ки ба ҳамин ду созмон воқеъан ниёз дошта бошанд, ман фикр мекунам, ки чунин ақида ғалат мебуд. Вале дар мавриди худ, албатта ба ҳар созмони байналмилалии хориҷӣ он ҷомеъае, ки роҳи демократиро пеш гирифтаасат, ниёз эҳсос мешавад. Вале бигуем, ки бе Хонаи Озодӣ ва ё бе Институти Миллӣ-Демократӣ демократия сохта намешавад, ин ҳам, албатта, хато мебуд".

Аммо Нуралии Давлат таҳлилгари нашрияи «Миллат» мегўяд, таъхир дар сабти номи ин гуна муассисаҳо ба нигаронии давлат аз собиқаи фаъолияти ин ниҳодҳо дар кишварҳои дигар будааст. Ин гуна муассисаҳо, ба гуфтаи Нуралии Давлат, дар сар задани инќилобҳои рангӣ дар бархе кишварҳои шуравии пешин муттаҳам шудаанд ва табиист, ки ин ҳол боъиси нигаронии мақомоти дигар кишварҳои ин қаламрав низ шудааст. Аммо, дар ҳар сурат, ин ниҳодҳо камокон ба фаъолияти худ идома медиҳанд ва созмони Интернюс ҳатто барномаи додани грант ба расонаҳҳои электорниро идома медиҳад. Муассисаи Миллӣ-Демократӣ низ ба амалӣ кардани барномаҳои худ бо ташкилотҳои сиёсӣ идома медиҳад.
XS
SM
MD
LG