Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Футболи тоҷик: Сол чӣ гуна буд?


Тими «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода нахустин барандаи ҷоми раиси Конфедератсияи футболи Осиё гардид. Дастаҳои мунтахаби наврасони то 17-сола ва ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон дар бозиҳои интихобии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2006 дар гурӯҳи худ мақоми аввалро ишғол карда, барои ширкат дар давраи ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Тими миллии Тоҷикистон дар нахустин мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми «Дӯстӣ» пирӯз шуд.

Вале ба назари мутахассисони соҳа натиҷаҳои мавсими имсолаи футбол дар Тоҷикистон ҳанӯз қаноатбахш нест.

ТИМИ МИЛЛӢ:

Бохти дастаи мунтахаби миллӣ дар нахустин Бозиҳои ҳамбастагии кишварҳои исломӣ дар Арабистони Саудӣ ба тими мунтахаби футболи бошгоҳҳои Эрон бо ҳисоби хеле калони 0 - 9, ба тимҳои миллии Уммон ва Судон мутаносибан бо натоиҷи 0 - 3 ва 0 - 4 боиси нигаронии мутахассисону мухлисони футболи тоҷик гардид. Зоир Бобоев, мураббии маъруф дар бастагӣ ба ин бозиҳо мегӯяд, дастаи мунтахаби кишвар дар таърихи мавҷудияти худ ягон бор ба чунин нокомӣ мувоҷеҳ нашудааст ва федератсияи футболи Тоҷикистон бояд барои пурзӯр кардани ҳайати мураббиёну бозигарони даста тадбирҳо андешад.

Иштван Секеч, мураббии варзидаи футбол бар ин назар аст, ки ҳар як дастаи мунтахаб бояд аз роҳу усули вижаи омодагӣ ба мусобиқот кор бигирад. Вале, мутаассифона, аз чунин тарзи корбарӣ дар дастаи мунтахаби Тоҷикистон истифода нашудааст. Ӯ мегӯяд, дастаи мунтахаб дар ҳар мусобиқот бо ҳайати ҷадид рақобат мекард ва комилан тағйир додани ҳайат тимро ногузир ба нокомӣ мувоҷеҳ месозад.

Шариф Назаров, сармураббии тими миллии Тоҷикистон аз ширкат накардани дастаи мунтахаби кишвар дар бозиҳои интихобии гурӯҳии Ҷоми Осиё-2007 ба ин далел, ки дархости Федератсияи футболи кишвар ба унвони Конфедератсияи футболи Осиё бо таъхир ворид шудааст, изҳори таассуф карда, гуфт: «Рейтинги тими миллӣ аз натоиҷи ба даст овардааш дар мусобиқоти мухталиф бастагӣ дорад. Бинобар ин ширкат накардани дастаи мунтахаби кишвар дар Ҷоми Осиё рейтинги моро на танҳо баланд намесозад, балки паст мекунад.»

Воқиан, дар айни ҳол Тоҷикистон дар рейтинги FIFA - Созмони байналмилалии футбол дар байни 205 кишвари олам дар мақоми 141-ум ва миёни 45 кишвари қораи Осиё дар мақоми 27-ум қарор дорад.

МУСОБИҚАИ ҚАҲРАМОНӢ:

Уроз Турақулов, сармураббии дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа - қаҳрамони феълии футболи Тоҷикистон иброз дошт, ки мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ имсол пуршиддату шавқангез сурат гирифт ва соҳибони медалҳо танҳо дар охирин даври бозиҳо муайян шуданд. Вале, ба андешаи ӯ, шумораи бозиҳои тақвимӣ хеле кам буд. Агар мусобиқот бо ширкати даҳ даста дар чаҳор давра баргузор мешуд, дар мавриди бештар бозӣ кардан таҷрибаи футболбозон ғанӣ гашта, маҳораташон сайқал меёфт.

Ба андешаи Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода - барандаи Ҷоми футболи Тоҷикистон дар соли 2005 дар мусобиқоти имсола низ теъдоди дастаҳои пурқувват кам мебошад ва бинобар ин чун солҳои пешин мубориза барои дарёфти медалҳо аслан миёни се-чор дастаи маъруф сурат гирифт. Ӯ ҳамчунин аз вазъи ногувори майдонҳои футболи ин кишвар изҳори нигаронӣ кард: « Вазъи феълии майдонҳои кишвар, ба ҷуз шаҳри Қӯрғонтеппа ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хеле бад аст. Имрӯз ҳатто майдони асосии варзишгоҳи марказии Душанбе, ки замони шӯравӣ яке аз беҳтаринҳо буд, ба талабот ҷавобгӯ нест.»

ФУТБОЛИ НАВРАСОН:

Ба андешаи Дамир Камолиддинов, собиқ бозигари дастаи машҳури «Помир»-и Душанбе футболи кӯдакону наврасон, ки таҳкурсии футболи ҳирфавӣ маҳсуб мешавад, ба ислоҳоти бунёдӣ ниёз дорад. Бинобар ин мо бояд ба эҳёи мактабҳои махсуси футбол, ки дар аҳди шӯравӣ хеле хуб фаъолият доштанд, бештар таваҷҷӯҳ зоҳир кунем. Вале боиси таассуф аст, чунин мактабҳо, ки теъдодашон хеле коҳиш ёфтааст, дар вазъи ногувор қарор доранд. Бисёр мураббиёни хуби футболи кӯдакону наврасон Тоҷикистонро тарк карданд ва ҳоло мутахассисони ботаҷриба дар мактабҳои варзишии кишвар ангуштшуморанд.

Футбол дар Тоҷикистон ҳамчун риштаи аввали варзиш эътироф шудааст, вале коршиносон мегӯянд, масоили ҳалталаб дар футболи тоҷик зиёданд ва масъалаи аз ҳама асосӣ сармоягузорист. Ба ин тартиб, ба андешаи мутахассисону мураббиёни соҳа рушди минбаъдаи футбол дар Тоҷикистон ва ширкати комгори бошгоҳҳо ва дастаҳои мунтахаби ин кишвар дар мусобиқоти байналмилалӣ танҳо дар сурати сармоягузории кофии давлат ва сарпарастон имконпазир мебошад. Бинобар ин онҳо ба зарурати як барномаи вижаи давлатии рушди футбол дар Тоҷикистон барои 5-10 соли оянда таъкид карданд.
XS
SM
MD
LG