Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омилҳои қимматҳои гарон ва маошҳои кам дар Тоҷикистон


Маъмулан, дар ҳамаи кишварҳо нархи колоҳоро таносуби арзаю тақозо муайян мекунад ва ҳаҷми тақозо ба сатҳи даромади мардум вобастагӣ дорад. Аммо дар Тоҷикистон чунин нест. Дар ин ҷо нирўи кор ниҳоят арзон аст, вале қиммати колоҳо баланд. Зимнан, на танҳо колоҳои воридотӣ, балки маҳсулоте, ки дар дохили кишвар тавлид шудаанд, бо нархҳои гарон арза мешаванд. Яъне қимматҳо дар бозори нерўи кор бо қимматҳои бозори колоҳои масрафӣ созгор нестанд.

Дар бозорҳои колоҳои масрафӣ қиммати як халта орд - 50 сомонӣ, як кило биринҷ - 2,5 - 4 сомонӣ, гўшт - 8 сомонӣ, як литр шир - 2 сомонӣ, як бор ғизо хўрдан дар ошхонаҳо 8 -15 сомонӣ, қиммати як квартираи 3 ё 4 утоқа - 45000-90000 сомонӣ аст.

Дар айни замон, музди миёнаи кормандон дар ҳудуди 50 сомонӣ, ҳадди аққали маош ба андозаи 12,5 сомонӣ ва нафақаи бознишастагон 4 сомонӣ таъйин шудааст. Гузашта аз ин бештари кишоварзон моҳҳою солҳо музд намегиранд. Ин дар ҳолест, ки мутобиқи меъёрҳои байналмиллалӣ, имрўз барои зиндагии фақиронаи як нафар дар як моҳ беш аз 200 сомонӣ зарур аст ва касоне, ки масорифи зиндагишон дар як моҳ камтар аз 200 сомонӣ аст, мардуми фақир ба шумор мераванд.

Агар музди кор ин қадар ночиз аст, чӣ гуна мумкин аст, ки нархи колоҳо ба ин андоза баланд бошанд? Ва дар чунин шароит мардум чӣ гуна зиндагӣ мекунанд?
Рўиҳамрафта, нархҳои бозорҳои кишвар баёнгари онанд, ки:
1. Дар воқеъ ҳам аксарияти мардуми кишвар зери хатти фақр зиндагӣ мекунанд.

2. Ба эҳтимоли қавӣ, он ҳама омори расмӣ дар бораи маошот дақиқ нестанд.

3. Дар кишвар иқтисоди ғайриқонунӣ ривоҷи густарда дорад, яъне гурўҳҳое аз афроди ҷомеа даромадҳои зиёди ғайриқонунӣ доранд ва тавони харидории онҳо баланд аст ва ин боиси болоравии нархҳои бозор гардида аст. Сохтмони хонаҳои бузург ва афзоиши мошинҳои гаронқиммат дар кўчаҳои шаҳр низ далели ин аст.

4.Дар кишвар қонуни зиддимонополӣ кор намекунад ва фаъолияти сохторфои монополистию олигополистӣ ба нарху навои бозор шадидан таъсир мерасонанд. Ин боиси танг шудани доираи рақоботи озод шудааст ва мумкин аст таваррумро бештар доман занад.

5.Баланд рафтани нархҳо то андозае натиҷаи мавҷудияти муассисот ва афроди хориҷӣ дар кишвар мебошад. Онҳо қудрати харидории баланд доранд ва ин низ фурўшандаҳоро ба боло бурдани нархҳо таҳрик мекунад.

6. Омили муҳими дигаре, ки ҳаҷми тақозоро зиёд мекунад ва ба нархҳои бозор таъсир мерасанад, ин мардикорони тоҷик мебошанд, ки ба дар берун аз кишвар сад заҳмат кор мекунанд ва дастмузди худро ба Тоҷикистон, ба хешони худ мефиристанд.


Ин ҳолат метавонад, пайомадҳои басе ногувор дошта бошад. Аввал ин ки ин ҳолат ба ҳеҷ ваҷҳ ба пешрафти иқтисоди кишвар мусоидат намекунад. Дигар ин ки носозгорӣ байни даромади мардум ва нарху навои бозор боиси дубораю себора тақсим кардани даромади миллӣ ба суди гурўҳе ё гурўҳҳое аз ҷомеа мешавад ва ин нобаробариҳои иҷтимоиро боз ҳам бештар ва амиқтар месозад.
XS
SM
MD
LG