Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар поёни соли милодии 2005


Соли навро ба ҳамаи шумо табрик мегӯям ва мехоҳам халқи азизи тоҷики мо хубу бади ин солро фаромӯш накунад ва дар соли нави 2006 аз соли гузашта ибрат гирад ва хатогӣ накунад.
Бо эҳтиром
Амрик
---------------------------------------
Дар поёни соли милодӣ ба ед мерасад, ки Тоҷикистон боз ҷафстар ба Русия пайваст шуд ва тамоми ояндаи худро бо Русия мебинад, ҳарчанд дар ин сол аввалин бор вазири корҳоии хориҷии Амрико Кондолиза Райс аввалин бор ба Тоҷикистон сафар кард. Орзу мекунем, ки дар соли нав сиёсати хориҷии Тоҷикистон аз яктарафагӣ халос шавад ва аз рӯи манфиатҳои кишвар амал намуда ва бо ҳамаи қудратҳои ҷаҳонӣ муносибатҳои хуб дошта бошад, ҷои ин ки танҳо бо яки онҳо.
Гуля
--------------------------------------
Барои Тоҷикистон хеле соли вазнин буд. На иқтисодиёт пеш рафту на фарҳанг, на дар сиёсат ягон омили хуб дида нашуд. Мардум дар ҳамон ҳоле, ки қарор доштанд монданд. Шумори зиёди онҳо мардикори дари хонаи урусҳо боқӣ монданд. Тоифаи бадавлат қасрсозиро идома дод. Маблағи хориҷиҳо ба кисаи вазирон монанди соли гузашта даромадан гирифт. Фикр мекунам дар соли 2005 ягон навигарие, ягон пешравие нашуд
А. Фарҳод
----------------------------------------
Cоли 2005 чун солҳои гузашта дар хотири ман нақш мебандад. Беҳтарин лаҳзаҳои он дар пештоқи саҳифаҳои хотира бо ҳарфҳои калон навишта мешаванд: Вакилони парлумони Тоҷикистон барои панҷ соли оянда интихоб шуданд. Ҳунармандон, фарҳангиёни тоҷик кишвари Тоҷикистонро дар шаҳрҳои Маскав ва Порис муаррифӣ карданд. Садхо китоби хонданиву даҳҳо китоби нохонданӣ чоп шуд. Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ба мӯҳлати 23 сол маҳкум шуд. Вазири маориф - А. Раҳмонов эълом дошт, ки ба мактаб бо ҳиҷоб омадани духтарон мамнӯъст, дар ҳоле ки онҳо на ҳиҷоб, балки сатр ба сар мекунанд. Таҷлили ҷашни 80 - солагии пойтахти тоҷикони ҷаҳон - шаҳри Душанбе. Рӯйи кор омадани телевизиони Сафина, ки ба ҳар навъ аз ТВТ бартариҳои хос дорад. Ҳамчунин интишор шудани нашрияи "Миллат"-ро метавон зикр кард. Ва устод Муҳаммадҷони Шакурӣ дар ин сол Чеҳраи мондагори Эрон эълон шуд.
Гузашта аз ин, ман нахустин бор маош гирифтам...
К.А.
------------------------------------
Ҳар боре, ки соат "тик - тик" мегӯяд, такон мехӯрам, ки умрам бесамар мегузарад, аммо, бовар кунед, ҳар дақиқаи ин сол барои ҳукумати Тоҷикистон муқаддасу нотакрор буд, барои ман ҳам. Дар таътили тобистона ба деҳа рафтан, ҳамроҳи ҳамсинфонам то субҳ рақсу бозӣ кардан, аз ҳавои тозаи кӯҳистон шамидан, ба зиёрати оромгоҳи Рӯдакиву тамошои зодгоҳи Лоиқ рафтан магар фаромӯшшуданист? Аммо дар (сарҳад - агар чунин гуфтан мумкин бошад!) дар ағбаи Анзоб ҳақорат шунидан аз милисаҳову гузарнома нишон доданҳоро аз ёд бароварда ҳам мешавад? Охир, дар дохили кишвари худам аз ман шиноснома мепурсанд, вале аз сарҳади Афғонистон дар як рӯз даҳҳо килограмм маводи мухаддир даромада омадан мегирад. Гузашта аз ин, иштирок дар интихоботи порлумонӣ, ки саросар фиребу масхарабозии мардумон буд, магар барои хотира арзанда нест? Соли 2005 бо ҳама буду набудаш соли накӯ буд. Телевизиони Сафина арзи вуҷуд кард. Масъалаи гирифтани гузарномаи хориҷӣ ба миён омад. Раҳмонов Тоҷикистонро дар Маскаву Фаронса муаррифӣ кард. Оҳ, дилам ба дард омад. Ин дарди дили ман ҳам тӯҳфаи соли 2005 буд. Акнун дар кадом сол ман сиҳат мешуда бошам? Дар соли 3005???
Маҳмуди Воҳид, Бағдод, соли 2005.
-----------------------------------------
Дар ҳаёти ман чӣ шуд, кори шахсии ман аст, валекин чаро намепурсед, ки дар ҳаёти кишвар президент Раҳмонов ин қадар сафаре ки кард тамоми дунёро гашт, чӣ фоида шуд ба Тоҷикистон ба ғайр аз он ки фақат пули мардуми бе ин ҳам камбағали тоҷикро харҷ намуд. Як бор бишморед, ки ӯ чӣ қадар сафар кард дар як сол.Ин қадар сафари хориҷии раҳбари як кишвари хурд ба чӣ ё кӣ даркор аст?
Саидакбар
----------------------------------------
Салом,
Аз ин саҳифае ки роҳандозӣ кардед, бисёр мамнунам.
Дар аввалҳои соли 2005 аввалин меҳмони хонаи ман -- писари азизам ба дунё омаду ману ҳамсарамро бисёр шод кард. Аввалин фарзанд! Оё мешавад ин сол ва ин рӯзро фаромӯш кард!?
Дар хонаводаамон ҳам соли 2005 паю қадами хуб дошт.
Дар Тоҷикистон 2005 як камаке беҳбуд эҳсос шуд, албатта, ба назари ман зикри ин навъ беҳбудӣ шармовар аст (бубахшед, бояд воқеъиятро гуфт ва қудрату таҳаммули шуниданашро ҳам дошт).
Дар ҷаҳон соли 2005 дар кул хуб набуд. Идомаи куштори бегуноҳон дар Ироқ, Чеченистон, Афғонистон, Дорфур...ҳаводиси талхе назири тӯфонҳои Амрико, зилзилаи Покистон ва Ҳиндустон.
Ва чандин нохушие ки мардуми шарифи ҷаҳони кӯчаки моро доғдор кард.
Умедворам соли 2006 соли хубе барои тоҷикон ва ҷаҳониён бошад!
Ба умеди он рӯзу он сол
ва бо сипос
Алӣ

----------------------------------------
Дар соли 2005 муҳимтарин рӯйдод: барои ман - сафар ба хориҷа,
барои хонаводаам - якҷоя дар хориҷа будан;
барои Тоҷикистон - иқдоми бе кӯмаки хориҷӣ рушд намудан;
барои ҷаҳони исломӣ - кӯшиши аз майдони таассуби динӣ хориҷ шудан.
Шикебо
---------------------------------------
Ба фикри банда, муҳимтарин рӯйдоди Тоҷикистон дар соли 2005 интихоботи порлумонӣ буд, ки бори дигар нишон дод раҳбарияти худхоҳи кишвар тарафдори демократияи ҳақиқӣ нест. Ба порлумон онҳое дохил шуданд, ки ҳукумат мехост. Масалан, агар раҳбарият намехост, ягон нафар ҳатто аз ҳизби исломӣ ҳам ба порлумон даромада наметавонист. Ин гуна порлумоне ки на баёнгари фикри халқ, балки фақат ҳимояткунандаи манфиати ҳокимони минтақагарост, ба касе даркор нест ва аз он фоидае ба халқ намерасад. Ба фикри ман, соли 2005 боз як соли дарози имкониятҳои нобудшудаи Тоҷикистон буд.
Назарзода
--------------------------------------
Барои хонаводаи ман таваллуди кӯдаки аввалин фаромушнашуданист! Дар Тоҷикистон бошад, рӯ овардан ба ислоҳоти соҳаи маориф. Дар тамоми ҷаҳон зуҳур ва густариши бемории "зукоми мурғ" ҳеч фаромӯш карда намешавад.
Сомонӣ
XS
SM
MD
LG