Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вақте дар Бағдод субҳ медамид...


Нашрияҳо суханронии Эмомалӣ Раҳмонов дар ин нишастро чоп кардаанд, ки мояи пайдоиши ифротгароиро мушкилоти иҷтимоӣ хонда ва кишварҳои сарвантманди исломиро ба кӯмак дар татбиқи барномаҳои иқтисодӣ дар кишварҳои фақир даъват кардааст.

«Бизнес и Политика» баёнияи сафорати Узбакистон дар Душанберо нашр кардааст. Сафорати Узбакистон расонаҳои маҳаллии Тоҷикистонро ба инъикоси якҷонибаи мавзӯъи минаҳо дар марзи ду кишвар муттаҳам кардааст. Сафорати Узбакистон сабаби минкорӣ шудани манотиқи марзиро дар солҳои 1999-2001, ҷилавгирӣ аз вуруди террористон номидааст, ки он замон дар ҳудуди Тоҷикистон ва Қирғизистон будаанд ва мақомоти ин кишварҳо имкони мубориза бо онҳоро надоштаанд. Сафорати Узбакистон гуфтааст, куллияи минаҳо дар хоки Узбакистон ва дар дурии аз 1 км. то 5 км. аз хатти марзӣ корида шудааст ва айни ҳол дар марзи ғарбии Тоҷикистону Узбакистон, дар минтақаи Боботоғи вилояти Сурхондарё 95 % минаҳо безарар гардонида шудааст.

«Вечерний Душанбе» бо такя ба Маркази минрубии Тоҷикистон навиштааст, пас аз изҳороти ҷониби Узбакистон дар мавриди поккории майдонҳои мина киштшуда, маркази мазкур талошҳои тамос бо он ҷонибро бо ҳадафи тафтиши вазъ кардааст, вале он талошҳо бо нокомӣ анҷом ёфтаанд. Хабар ҳамчунин ҳокӣ аз он аст, ки як минтақаи марзии дигар дар ноҳияи Ҳисор ҳам минкорӣ шуда будааст.

Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» навиштааст, аксари кормандони САҲА, бештар онҳое, ки аз Аврупои Шарқӣ ва собиқ кишварҳои Шӯравӣ ҳастанд, ин созмони бонуфузро ҳамчун манбаъи даромад қарор додаву дар Тоҷикистон ба шиносбозиву ришвахорӣ машғул ҳастанд. Муаллифи матлаб қаблан 7,5 сол дар ин созмон кор карда будааст.

«Азия - Плюс» дар матлабе аз насби истгоҳҳои рақамии зилзиласанҷ дар Тоҷикистон хабар дода афзудааст, ки Тоҷикистон аввалин кишвар дар ИДМ аст, ки чунин истгоҳҳоро насб кардааст.

«Зиндагӣ» сар аз шумораи тозааш ба таҳқиқи марги Маҳмудҷон Воҳидов, ҳунарманди шинохтаи тоҷик пардохтааст. Ба иттилоъи расмӣ, Маҳмудҷон Воҳидов соли 1977 аз ошёнаи ҳафтуми меҳмонхона дар шаҳри Бағдод афтида ҳалок шуда буд. Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ин фарзияро ғайри қобили қабул номида ва ҳамакнун, ба тадқиқ пардохтааст. Натоиҷи аввали ин тадқиқот дар матлабе бо номи "Вақте дар Бағдод субҳ медамид..." нашр шудааст.
XS
SM
MD
LG