Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ва паймони байналмилалии арбитраж


Тоҷикистон барои нахустин бор дар роҳи ҳамроҳ шудан ба паймони байнлмилалии арбитраж ё ҳакамияти тиҷоратӣ талош меварзад. Ба ин хотир, бо пуштибонии бунёди Сорос, намояндагони порлумони Тоҷикистон, ниҳодҳои давлатӣ ва ғайридавлатии ҳифзи қонун ва соҳибкорон зимни як нишаст дар Душанбе, пешнависи қонунро оид ба ҳакамияти тиҷоратӣ ва масоили умдаи марбут ба онро, мавриди баррасӣ қарор доданд. Иштироккунандагони нишасти мазбур таъкид карданд, аз он ки ҳанӯз Тоҷикистон ба ин паймони байналмилалӣ ҳамроҳ нест ва додгоҳи иқтисодии Тоҷикистон, дар роҳи дифоъ аз корхонаву ширкатҳои тиҷоратӣ, саҳомӣ ва хусусӣ, ва ҳамчунин ҳуқуқу моликияти тоҷирон ва соҳибкорони тоҷик ба таври бояду шояд саҳм намегирад, дар ин самт, мушкили зиёд ба вуҷуд омадааст.

Маҳмад Забиров, намояндаи порлумони Тоҷикистон ва муаллифи пешнависи қонуни мазбур, дар ин робита мегӯяд: "Мо мехоҳем, зимни чунин нишастҳо, мубодилаи афкорро дар ҷомиъа ба вуҷуд орем ва зарурати қабули чунин қонунро ба мардум, бахусус соҳибкорону тоҷирони кишвар фаҳмонем."

Ҷаноби Забиров бо ёдоварӣ аз таърих гуфт, додгоҳи арбитраж ё ҳакамияти тиҷоратӣ барои мардуми порсизабон падидаи нав ё бегона нест, балки ҳанӯз дар рӯзгори бостон вуҷуд доштаву ҳуқуқу моликияти тоҷирон ва мулкдоронро ҳимоя ва қазияву мушкили дар миёни эшон ба вуҷуд омадаро ҳаллу фасл мекардааст: "Ҳанӯз дар замони қадим шоҳ Доро талаб кардааст, қазияи дар миёни ӯ ва хешовандонаш бавуҷудомадаро додгоҳи тиҷоратӣ баррасӣ кунад. Ин 3400 сол қабл буд."

Дар ҳамин ҳол, Мурод Саъдуллоев, як соҳибкори тоҷик, зимни пуштибонӣ аз чунин як иқдом ва таъсиси додгоҳи арбитражӣ дар кишвар гуфт, панҷ соли қабл вай дар фаъолияти соҳибкорӣ бо як корхонаи тиҷоратии бритониёӣ, мушкил пайдо кардааст. Аммо додгоҳи арбитражи Бритониё ва додгоҳи иқтисодии Тоҷикистон натавонистанд, ҳуқуқи ӯро ҳамчун соҳибкор ва моликияти корхонаи ӯро ҳимоя кунанд: "Мо ки он вақт таҷрибаи кофӣ надоштем, бовар кардем ва бидуни огаҳӣ аз қавонини байналмиллӣ ба ҳуҷҷатҳои корхонаи Бритониёӣ имзо гузоштем ва дар натиҷа зарари моддӣ дидем."

Зӯҳро Ҳалимова, намояндаи Бунёди Сорос дар Тоҷикистон, мегӯяд, феълан дар ин кишвар, кулли заминаву имконот барои қабули чунин як қонун ва ҳамроҳ шудани Тоҷикистон ба паймони байналмилалии ҳакамияти тиҷоратӣ вуҷуд дорад: "Ҳоло ки иқтисоди Тоҷикистон рӯ ба тарққӣ овардааст,сармоягузорони хориҷӣ ба ин кишвар таваҷҷӯҳи хоса доранд, ҳатман бояд Тоҷикистон ба конвенсияи байналмилалии ҳакамияти тиҷоратӣ шомил шавад. Чунки ҳар як сармоягузор мехоҳад пулу молаш ҳимоят карда шавад."

Бино ба итиллоъи бунёди Сорос, дар ҳоли ҳозир, аз ҷониби як гурӯҳи кории иборат аз намояндагони ниҳодҳои давлатӣ ва ғайридавлатии масоили ҳуқуқ ва тартибот, порлумони Тоҷикистон ва палатаи тиҷорат ва саноати кишвар, пешнависи қонун дар бораи додгоҳи арбитраж ё ҳакамияти тиҷоратӣ омода мешавад. Ҳамчунин барои нахустин бор дар палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, як маркази машваратии ҳуқуқӣ барои соҳибкорон ва тоҷирон ташкил ёфтааст, ки қарор аст, ба эшон оид ба қонуни мазбур ва дигар масоили марбут ба ҳакамияти тиҷоратӣ машватартҳои ройгон диҳад.
XS
SM
MD
LG