Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози роҳи тӯлонӣ барои порлумони Афғонистон


Кобул Рӯзи душанбе, 19 декабр Шӯрои миллӣ, парлумони Афғонистон барои нахустин бор ташкили иҷлосия кард.Ин парлумон аз ду маҷлис - Вулуси Ҷирга ва Мишрони Ҷирга - иборат мебошад.

Таҳлилгарон ба вуҷуд омадани аксарияти парлумониро дар Вулуси Ҷирга ба далели шумори зиёди ҳизбу созмонҳо ва манофеъи мухталифи қавмиву гурӯҳӣ аз эҳтимол дур медонанд, аммо намояндагони мардум бар онанд, ки таркиби ноҳамгун ва нирӯҳои мухталиф ба намояндагӣ аз мардуми Афғонистон фазои демократия ва гуногунандеширо дар парлумон ба вуҷуд хоҳанд овард. Расонаҳои хабарии Афғонистон нигаронӣ аз он мекунанд, ки аз 12 қавму миллат ва 23 ҳаракату созмон таркиб ёфтани Вулуси Ҷирга парлумонро ба гурӯҳҳои хурд тақсим намуда, барои тасмимгириҳои ниҳоӣ саддҳо пеш меоянд.

Муҳаммадюнус Қонунӣ, сарвари Ҷабҳаи тафоҳуми миллӣ, ки ҳомили 13 ҳизбу созмони сиёсии Афғонистон аст, гуфт, ӯ ва ҳамфикронаш фраксиони қавӣ ва бонуфузеро дар Вулуси Ҷирга созмон хоҳанд дод, ки танҳо аз манофеъи миллӣ ҳимоят карда, намегузорад тафриқае дар парлумон ба вуҷуд биояд. Оқои Қонунӣ мавқеъҳои гуногун дар парлумонро баръакс фоли нек медонад.

Расонаҳои Афғонистон мегӯянд, ихтилоф миёни муҷоҳидин бо сарварии Бурҳонуддини Раббонӣ, Абураб Расули Сайёф, Муҳаммади Муҳаққиқ, Холид Форуқӣ ва дигарон, аз ҷумла коммунистони собиқ таҳти сарварии Нурулҳақ Улумиву Саид Аҳмади Гулобзай ва Толибон, ки яке аз вазирони вақти ин режим Абдусалом Рокетӣ ҳамроҳ бо як намояндаи дигараш низ шомили парлумон шудааст, ногузир мебошанд. Ҳамчунин ба ин мухолифатҳо технократҳову демократхо низ метавонанд ворид шаванд. Нурулҳақ Улумӣ, яке аз сарварони собиқи Ҳизби демократики халқ, ҳоло сарвари Ҳизби муттаҳиди миллии Афғонистон гуфт, ӯву ҳаммаслаконаш бо нияти нек ва пайвастан ба раванди сулҳи Афғонистон омадаанд.

Коршиносон ҳамчунин мухолифати байни вукалои мард ва занонро, ки дар парлумони Афғонистон 68 нафар ва 25 фисади парлумон ҳастанд, аз эҳтимол дур намедонанд. Малолай Ҷуё, яке аз чеҳраҳои машҳури зан дар Афғонистон, ки бо мухолифати ошкорои худ бо муҷоҳидин маъруф гашта, низ намояндаи мардумӣ аз вилояти Фароҳ аст, гуфт, зани афғон бештар аз ҳама дар ин солиёни муқовимат таҳқир шудааст. Шукрия Борикзай, рӯзноманигор ва намояндаи мардумии мунтахаб аз вилояти Кобул баъди ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии Афғонистон гуфт, нирӯҳои мухолифи сиёсии Афғонистон дигар роҳе ба ҷуз эҳтиром гузоштан ба мавқеъу ақидаи якдигар надоранд, зеро воқеъияти кишвар барои бозгашт ба гузашта тамоми пулҳоро шикастааст.
XS
SM
MD
LG