Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Албина - аввалин!


Албина Камолиддинова, варзишгари маъруфи Тоҷикистон дар камонварӣ дар шаҳри Душанбе мақоми аввалро касб кард. Вай дар рақобатҳо миёни занон натиҷаи беҳтарин - 1246 имтиёз ба даст овард. Фирӯза Зубайдова бо 1186 имтиёз мақоми дувум ва Зӯҳро Тағоева бо 1057 имтиёз мақоми севумро соҳиб шуданд. Сабқати наврасон бо пирӯзии Рустам Маҳмудов ва Баҳроми Руҳоллоҳ ба поён расид. Дар рақобатҳо миёни духтарон Кристина Зайниддинова ғолиб омад. Наргис Набиева, иҷрокунандаи вазифаи раиси федератсияи камонварии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, мавсими имсолаи камонварӣ дар кишвар идома дорад.Вай афзуд, 24 ва 25 декабр дар шаҳри Душанбе мусобиқаи камонварон бахшида ба даҳсолагии Кумитаи кор бо занони кишвар баргузор мешавад, ки дар рақобатҳо зӯртарин камонвардухтарони тоҷик ширкат хоҳанд кард.

Ва як хабари дигар. Дар мусобиқаи анъанавии ҷумҳуриявӣ оид ба футзол, ки дар толори бозиҳои дастии шаҳри Душанбе ҷараён дорад, ҳашт дастаи беҳтарин барои ширкат дар давраи дувум роҳ ёфтанд. Ғолибони гурӯҳҳо - «Вавилон» бо ХИМА, «Урметан» бо «Налоговик», «Индиго» бо «Гумрук» ва «Телеком текнолоҷӣ» бо «Шоҳмансур» рақобат мекунанд. Барандаи Ҷоми хотираи Александр Кирсанов дар бозии ниҳоӣ, ки рӯзи якшанбеи 25 декабр баргузор мешавад, муайян хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG