Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Вахш" медалҳои тиллояшро гирифт


Қӯрғонтеппа Маросими супурдани ҷоизаҳо ба дастаи «Вахш» - қаҳрамони футболи Тоҷикистон дар соли 2005 дар толори синамои Лоҳутии шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор шуд.

Сӯҳроб Қосимов, раиси федератсияи футболи Тоҷикистон ба дастаи ғолиб ҷом ва ба бозигарону мураббиёни «Вахш» медалҳои тиллои мусобиқотро супурд. Ҳамчунин аъзои даста бо мукофоти пулии ҳукумати шаҳри Қӯрғонтеппа ва сарпарасти асосӣ -- ҷамъияти саҳҳомии «Тамер» ИНБ сарфароз гашт. Исроил Шарифов, раиси бошгоҳи «Вахш» дар сӯҳбат бо хабарнигори радиои Озодӣ гуфт, ҳоло даста барои ширкат дар Ҷоми Иттиҳод - 2006, ки аз 14 то 22 январ дар шаҳри Маскав баргузор мешавад, омодагӣ мегирад. Вай афзуд, барои боз ҳам пурқувват кардани даста футболбозони моҳир, ба мисли Юсуф Рабиев аз «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров, Рустам Хоҷаев ва Зафар Зубайдов, ҳарду аз CSKA-и Душанбе, Сафар Каримов ва Ҳасан Рустамов аз «Равшан»-и Кӯлоб даъват шудаанд.

Ҳамсӯҳбати дигари мо Аслиддин Ҳабибуллоев, дарвозабон ва капитани «Вахш» аз бозиҳои даста дар Ҷоми Иттиҳод натоиҷи хубро интизор аст: « Мо ҳоло таҳти раҳбарии мураббиёнамон Уроз Турақулов ва Салоҳиддин Ғафуров машқ карда, ба мусобиқа ҳамаҷониба омодагӣ мегирем ва кӯшиш мекунем, ки шарафи футболи тоҷикро сарбаландона ҳимоя кунем».

«Вахш» дар Ҷоми Иттиҳод-2006 дар маҷмааи варзишии «Динамо»-и Маскав дар гурӯҳи «В» бо «Нефтчӣ»-и Боку -- қаҳрамони Озарбойҷон, «Оқтеппа»-и Актюбинск -- қаҳрамони Қазоқистон ва «Металлург»-и Лиепая - қаҳрамони Латвия рақобат мекунад.
XS
SM
MD
LG