Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соли 2005 дар нашрияҳои Душанбе


Ҳафтаномаи «Миллат» аз раҳбарияти аҳзоби сиёсӣ рухдодҳои муҳимтарини соли сипаришуда пурсон шудааст. Тасмимоте дар қиболи бунёди нерӯгоҳҳо дар Тоҷикистон ва қарордодҳои иқтисодиву иҷтимоӣ бо Русияро аксари сиёсиён муҳимтарин дастоварди иқтисодии сол номидаанд. Ва аммо дар мавзӯъи сиёсат ақоид мухталиф буд. Давлаталӣ Давлатов, муовини раиси ҲХДТ, пирӯзии ҳизби худро дар интихоботи порлумонӣ рухдоди муҳим ва комёбии бузург хондааст ва аммо ҳамон интихоботи февралиро Муҳиддин Кабирӣ, муовини раиси ҲНИТ бадтарин интихобот дар таърихи миллати тоҷик номидааст.

Оғози бунёди нерӯгоҳи Роғун аз нигоҳи «Азия – Плюс» пружаи сол буд. Ин ҳафтанома, Муҳаммадрӯзӣ Искандаровро маҳбуси сол, ҷорӣ шудани хидматрасонии тиббиро – ислоҳоти сол, сафари Кондолиза Райз ба Тоҷикистонро боздиди сол, нақлиётро мушкили сол, Манижа Давлатоваро ситораи сол, Баҳодур Ҳомидов – ҷавонтарин додситони дорои рутбаи генерал ва муфаттиши парвандаҳои ҷиноии Муҳамадрӯзӣ Искандаров ва Ёқуб Салимовро додситони сол номидааст. Интиқоди шадиди Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон аз тарзи либоспӯшии донишҷӯён, аз ҷумла, манъи пӯшидани ҳиҷоб дар феҳраси рӯйдодҳои сол аз нигоҳи «Азия – Плюс» чун изҳороти сол муаррифӣ шудааст.

Мавзӯъи дигаре, ки ин ҳафта дар нашрияҳои чопи Душанбе матраҳ буд, чеҳраи Юнус Қонунӣ, раиси тозаинтихоби порлумони Афғонистон буд.

Ҳафтаномаи «Зиндагӣ» навиштааст, Қонуниро ҳам муҷоҳиддин ва ҳам аҳли фарҳанги Афғонистон одами худ мешуморанд ва маҳз бо ин далел ӯ курсии раёсатпорлумониро ба даст овардааст.

«А-П» аз он ёдовар шудааст, ки Қонунӣ дар баробари шӯҳрати худ миёни ақвоми ақаллият, аз паштуҳо ҳам ҷонибдорӣ мебинад.

«Миллат» навиштааст, пирӯзии Қонунӣ дар интихоботи раиспорлумонӣ роҳи ӯро ба маснади раёсатҷумҳурӣ дар интихоботи соли 2008 ҳамвортар кардааст. Дар ин қибол, «Миллат» боз нигоштааст, эҳтимол аст, ки дар ояндаи наздик Кобул бозигари аслии сиёсати Осиёи Марказӣ бишавад ва дар ин ҳол, Тоҷикистон бояд аз имрӯз бо Афғонистон вориди қаробати бештар бигардад. Муаллифи матлаб ангушти ҳайрат газидааст, ки ҳеҷ кишваре ба мисли Тоҷикистон мутахассиси Афғонистон надорад вале аз онҳо кор гирифта намешавад.
XS
SM
MD
LG