Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Монеаи асосӣ барои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон кадом аст?


Каюмарси Ато Райнер Мюллер, сафири Олмон дар Тоҷикистон гуфтааст, ислоҳоти низоми адлия метавонад заминаи амалии таваҷҷӯҳи бештари сармоягузорон ба ҷумҳурӣ бошад.

Волфрам Эберҳард, коршиноси Созмони олмонии ҳамкории техникӣ (GTZ) дар сӯҳбат ба радиёи «Озодӣ» гуфт, барои рушди иқтисоди миллӣ ва сармояи хориҷӣ на танҳо оромии сиёсӣ, балки асоси ҳуқуқӣ низ зарур аст. Ба қавли Эберхард дар ҷумҳурӣ ниҳоди боэътимод барои дифои ҳуқуқи сармоягузорон мавҷуд нест ва ин чиз монеаи асосӣ барои инкишофи сармояи хориҷӣ дар Тоҷикистон мешавад:

"Мутаассифона, бояд бигӯям, ки мушкилиҳо дар роҳи сармоягузорӣ хеле зиёданд. Вақте сармоягузор ба кишвари Шумо омаданӣ мешавад, аввалан мехоҳад, ки аз ҷониби ягон созмон пуштибонӣ ёбад. Агар чунин кафолат набошад, сармоягузор умуман кор кардан намехоҳад. Инчунин судяҳо бояд таълими ҳуқуқӣ ва маоши хубе гиранд, ки мустақил бошанд. Фақат инҳо метавонанд то андозае боварии сармоягузонро дар Тоҷикистон ба вуҷуд оваранд»

Аммо дар ҳамин ҳол, Лола Хоҷаева - корманди додгоҳи олии Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз додгоҳҳои Тоҷикистон мустақиланд ва қонунҳои кишвар имкон медиҳанд, ки сармоягузорони хориҷӣ тиҷорати худро пеш бибаранд. Хонуми Хоҷаева мегӯяд, имрӯз сармоягузорони иронӣ, чинӣ ва туркӣ ба сохтмони биноҳои истиқоматӣ, меҳмонхонаҳо ва сармоягузорони куриёӣ ба бунёди корхонаҳои муштарак оғоз кардаанд. Ҳамаи ин далели он мебошад, ки шароити мусоид барои сармоягузорӣ дар кишвари мо муҳайё аст.

Лола Хоҷаева: «Қонунгузориҳои мо иҷозат медиҳанд, ки тоҷирон ё созмонҳои бузурги молии хориҷӣ дар кишвар сармоягузорӣ кунанд. Онҳо бояд дилпур бошанд, ки масоили баҳсбарангезро додгоҳҳои мустақили Тоҷикистон баррасӣ ва ҳал менамоянд».

Эндо Виал, коршиноси дигари Созмони ҳамкории техникии Олмон гуфт, дар Тоҷикстон қонуни додрасии шаҳрвандӣ - маданӣ мувофиқ ба меъёри ҷаҳонӣ мавҷуд нест. Аз ин рӯ, ба Порлумони Тоҷикистон тарҳи нави кодекси додрасии шаҳрвандӣ - маданӣ пешниҳод шудааст. Маҳмад Раҳимов, вакили Маҷлиси намояндагони кишвар мегӯяд, қабули чунин як қонун қадаме дар роҳи рушди иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.

Гуфта мешавад, набуди асоси ҳуқуқӣ ва кодекси нави додрасии шаҳрвандӣ монеаи охирин барои сармоягузорони хориҷӣ набудааст. Маҳдудиятҳои дигар ба монанди дарёфти имзоҳо аз сӯйи идораҳои зидахл, бюрократия ва ва бақайдгирии соҳибкорони хориҷӣ аз проблемҳои дигари сармоягузорӣ будаанд.Шодибек Қодиров, иқтисоддони тоҷик ҳоло мушкили дигари сармоягузоронро чунин баён мекунад: «Дигар монеа, бешубҳа, низоми бавуҷудомадаи ришвахорӣ аст, ки метавонад дар роҳи инкишофи бизнеси хурд ва миёнаи сармоягузорон монеа шавад».

Ба қавли коршиносон ва таҳлилгарони масоили иқтисодӣ яке аз сабабҳои аслии мутавақиф шудани корҳо дар сохтмони муҳими барқи обии Роғун пайдо нашудани сармоя ва бетаваҷҷӯҳии сармоягузорон ҷиҳати рӯйи даст гирифтани ин барнома будааст.Ҳоло ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад бо маблағҳои худӣ ин сохтмони азимро бисозад, дар ҳоле ки буҷаи ин кишвар дучори каср ва ҳудуди 64 дар сади мардуми он дар фақр ба сар мебаранд.
XS
SM
MD
LG