Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Регар» ТадАЗ - қаҳрамони футболи Тоҷикистон


Ин даста дар охирин дидори худ бар тими мизбон - «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа бо натиҷаи 7 бар 5 пирӯз шуд. Дар ин бозӣ, минҷумла ду нафар - Хуршед Маҳмудов, аз тими «Регар» ТадАЗ чаҳор гол ва Фозил Сатторов, аз тими «Тоҷиктелеком» панҷ гол ба самар расонданд. Воқеъан, Фозил Сатторов, ки дар бозиҳои имсола ҳамагӣ 20 гол задааст, миёни беҳтарин нишонзанҳои мусобиқот мақоми аввалро касб кард.

Бад-ин тартиб «Регар» ТадАЗ бо сарварии Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев бо 55 имтиёз ҷойи аввалро соҳиб шуд ва бори панҷум ба унвонӣ қаҳрамонӣ даст ёфт. Ёдовар мешавам, ки "Регар" ТадАЗ, ҳамчунин барандаи Ҷоми Тоҷикистон дар соли 2006 мебошад. Дастаи «ХИМА»-и Душанбе, ки таҳти раҳбарии Шариф Назаров бо 54 имтиёз дар мақоми дуввум қарор гирифт, соҳиби медалҳои нуқра гардид. Тими «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо сарварии Уроз Турақулов бо 47 имтиёз ба дарёфти медалҳои биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон мушарраф шуд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии мусобиқот

Б Ғ М Б Т И
1. «Регар» ТадАЗ 22 18 1 3 65-19 55
2. «ХИМА» 22 17 3 2 58-15 54
3. «Вахш» 22 15 2 5 41-18 47

4. «Парвоз» 22 15 2 5 39-25 47
5. СSKA 22 11 2 9 38-31 35
6. «Тоҷиктелеком» 22 11 2 9 41-38 35
7. «Хуҷанд» 22 9 3 10 27-33 30
8. СКА «Помир» 22 5 5 12 24-39 20
9. «О.Каримзод» 22 5 4 13 22-39 19
10. «Саройкамар» 22 5 2 15 27-50 17
11. «Ориёно» 22 3 4 15 25-53 13
12. «Динамо» 22 0 6 16 12-59 6
XS
SM
MD
LG