Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як медал. Ин бор -- биринҷӣ!


Шокирҷон Раҷабов, варзишгари 21- солаи тоҷик дар Бозиҳои Осиёӣ, ки дар пойтахти Қатар - шаҳри Доҳа ҷараён дорад, дар мусобиқоти таэквон-до барандаи медали биринҷӣ гардид.
Вай дар рақобатҳо дар вазни то 84 килограмм бар ҳарифони худ Фуб Тинлей, аз Бутан ва Муҳаммад Каҳла, аз Фаластин пирӯз шуда, дар даври ниманиҳоӣ аз намояндаи Куриёи Ҷанубӣ Ҳун Кянг Парк шикаст хӯрд ва мақоми севвумро касб кард. Ин севвумин медали ба даст овардаи тими мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиёӣ дар Қатар мебошад.

Бад-ин тартиб Тоҷикистон миёни 36 кишваре, ки то ҳоло соҳиби медалҳо гаштаанд, дар мақоми 24-ум қарор дорад. Чин бо касби 216 медал, минҷумла 111 нишони тилло мисли пешин дар мақоми нахуст аст. Ҷопон дар мақоми дуввум ва Куриёи Ҷанубӣ бо дар мақоми севвум қарор гирифтаанд. Қазоқистон, ки 58 медал, аз ҷумла 17 нишони тилло ба даст овардааст, дар ҷойи чаҳорум мебошад. Дар байни даҳ тими беҳтарини қора, ҳамчунин Тайланд, Тайван, Ҳиндустон, Қатар, Арабистони Саудӣ ва Куриёи Шимолӣ ҷойгиранд.

Тоҷикистон бо як медали тилло ва ду медали биринҷӣ дар мақоми 24-ум қарор гирифта, аз бисёр кишварҳо, ба монанди Муанмар, Филиппин, Қирғизистон, Ироқ, Туркманистон, Шри-Ланка, Покистон, Непал, Афғонистон, Макао ва Бангладеш болотар аст.

Ёдовар мешавам, ба ҷуз Шокирҷон Раҷабов як медали тиллои дастаи Тоҷикистонро Дилшод Назаров дар гурзандозӣ ва як нишони биринҷиро Расул Боқиев дар гуштии дзюдо ба даст овардаанд.

Ҳамчунин як нафар намояндаи Тоҷикистон Ҷаҳон Қурбонов дар риштаи бокс дар рақобатҳо дар вазни 81 килограмм ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфта, ҳадди ақал бо медали биринҷӣ сарфароз хоҳад шуд. Рақиби ӯ дар бозии ниманиҳоӣ варзишгари Ирон Меҳдӣ қурбонӣ мебошад.Понздаҳумин давраи Бозиҳои Осиёӣ дар Қатар рӯзи 15 декабр ба анҷом мерасад.
XS
SM
MD
LG