Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳ медали варзишгарони тоҷик дар Ҷоми Пётри Кабир


Мирсаид Яҳёев, раиси Федеросиюни таэквон-до ITF-и Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, дар чордаҳумин давраи ин мусобиқот 321 варзишгар аз 12 кишвари ҷаҳон - Британияи Кабир, Ирландия, Норвегия, Шотландия, Непал ва давлатҳои Ҷомеаъи Муштаракулманофеъ - Русия, Укроин, Белорус, Молдова, Тоҷикистон, Узбакистон ва Эстония ширкат карданд. Тими Тоҷикистон бо 6 медали тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ байни 30 даста мақоми дуввумро касб кард. Ҷоми Пётри Кабир насиби тими мизбон - шаҳри Санкт-Петербурги Русия гардид. Дастаи ғолиб соҳиби 6 медали тилло, 5 нуқра ва 4 биринҷӣ шуд.
Дар рақобатҳои инфиродӣ Дилшод Сайфиддинов дар вазни 64 килограмм ва Далер Сайфиддинов дар вазни 71 килограмм медали тилло гирифтанд. Далер Тӯраев низ дар техникаи махсуси фардӣ бо медали тилло сарфароз гашт. Ӯ ҳамчунин дар рақобатҳо дар вазни то 85 килограмм як медали биринҷӣ ба даст овард. Тими мардонаи Тоҷикистон дар ду навъи рақобатҳо мақоми аввалро касб кард. Медали шашуми тиллои Тоҷикистонро тими занонаи ин кишвар дар навъи худдифоъ соҳиб шуд. Рустам Зиёев дар рақобатҳо дар вазни беш аз 85 килограмм медали нуқра ва дар як навъи дигар медали биринҷӣ ба даст овард. Севвумин медали биринҷии Тоҷикистон ба Зарина Икромова марбут аст. Вай дар рақобатҳои инфиродӣ байни занон дар вазни то 51 килограмм мақоми севвумро касб кард.
XS
SM
MD
LG