Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаҳон Қурбонов - қаҳрамони Бозиҳои Осиёӣ


Вай дар рақобати ниҳоӣ дар вазни то 81 килограмм бар рақиби худ Ҳак Сунг Сонг, аз Куриёи Ҷанубӣ пирӯз шуда, медали тилло ба даст овард. Ин дуввумин медали тиллои Тоҷикистон дар ин бозиҳо мебошад. Бад-ин тартиб Тоҷикистон миёни 36 кишваре, ки то ҳоло соҳиби медалҳо гаштаанд, бо ду медали тилло ва 2 нишони биринҷӣ дар мақоми 23-ум қарор гирифта, аз бисёр кишварҳо, монанди Имороти Муттаҳидаи Араб, Урдун, Лубнон, Қирғизистон, Ироқ, Туркманистон, Покистон, Непал, Афғонистон ва Бангладеш болотар аст.

Ба ғалабаи тими мунтахаби Чин дар ҳисоби умумии дастаӣ ҳеҷ гуна шубҳа нест. То замони пахши гузориши мо Чин бо касби 279 медал, минҷумла 142 нишони тилло дар мақоми нахуст аст. Вале мубориза барои дарёфти ҷойҳои дуввуму севвум миёни Куриёи Ҷанубӣ ва Ҷопон торафт шиддат мегирад. Дар айни ҳол Куриёи Ҷанубӣ бо 171 медал, аз ҷумла 50 нишони тилло дар мақоми дуввум ва Ҷопон бо 180 медал, минҷумла 48 нишони тилло дар мақоми севвум қарор гирифтаанд.

Қазоқистон, ки 69 медал, аз ҷумла 20 нишони тилло ба даст овардааст, дар ҷойи чаҳорум ва Тайланд бо 49 медал, минҷумла 11 нишони тилло дар мақоми панҷум мебошад. Дар байни даҳ тими беҳтарини қора, ҳамчунин Тайван, Қатар, Арабистони Саудӣ, Ҳиндустон ва Баҳрайн ҷойгир шудаанд.
Узбакистон бо 27 медал - 6 тилло, 10 нуқра ва 11 биринҷӣ дар ҷойи 13-ум ва Ирон бо 30 медал - 5 тилло, 13 нуқра ва 12 биринҷӣ дар ҷойи 15-ум қарор доранд. Понздаҳумин давраи Бозиҳои Осиёӣ дар Қатар рӯзи ҷумъаи 15 декабр ба поён мерасад.
XS
SM
MD
LG