Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Каннаваро - беҳтарин футболбози сол


FIFA - Федеросиюни байналмилалии футбол Фабио Каннаваро, ҳимоятгари тими миллии Италияро беҳтарин футболбози соли 2006 эълон кард.

Ҷоизаи мӯътабарро ба Каннаваро, қаҳрамони ҷаҳон оид ба футбол ва капитани тими миллии Италия дар як маросими бошукӯҳ дар шаҳри Сюрихи Швейтсария супурданд.

Футболбозони беҳтарини солро аз рӯи раъйҳои мураббиён ва капитанҳои тимҳои миллии кишварҳои узви FIFA интихоб мекунанд. Дар ин раъйдиҳӣ пас аз Фабио Каннаваро раъйи бештарро Зайниддин Зидан, аз Фаронса ва сипас Роналдинйо, аз Бразилия касб карданд.
XS
SM
MD
LG