Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии шатранҷбозони шаҳри Душанбе


Дар ин мусобиқот, ки дар чойхонаи «Саодат»-и шаҳри Душанбе тӯли панҷ рӯз идома кард, 42 нафар шатранҷбозони ҷавон аз вилояти Хатлон, шаҳру навоҳии тобеи марказ ва пойтахти Тоҷикистон ширкат варзиданд. Миёни шатранҷбозони хурдсол Шаҳбози Нуралӣ, хонандаи мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 49- и Душанбе ва Умед Саидов, хонандаи мактаби байнулмилалии пойтахти ин кишвар мақоми аввалро касб карданд.


Марворид Насриддинова, хонандаи мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 89-и Душанбе байни духтарон ғолиб шуд. Темур Гадоев, хонандаи мактаб - литсейи рақами 5-и Душанбе миёни шатранҷбозони то 18-сола дар ҷойи аввал қарор гирифт.Сардовари ин мусобиқот Миразиз Ҳидоятов, ноиби раиси мактаби махсуси шоҳмоти шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ин охирин чорабинии Федеросиюни шоҳмоти Тоҷикистон дар соли 2006 маҳсуб мешуд.


Вай афзуд: «Соли 2006 шатранҷбозони ҷавони тоҷик натоиҷи хуб ба даст оварданд. Шогирдони мактаби мо дар ҳайати тими мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни шатранҷбозони ҷавон дар шаҳри Батумии Гурҷистон ширкат варзида, таҷоруби хуби бозии байнулмилалӣ касб карданд. Ҳоло мо ба мавсими соли оянда омодагӣ мебинем. Ва аввалин мусобиқоти соли 2007 рӯзи дуввуми январ шурӯъ мешавад.»

Ба гуфтаи оқои Ҳидоятов шатранҷбозони ҷавони тоҷик дар нахустин мусобиқоти Соли нав барои дарёфти унвони қаҳрамони шоҳмоти шаҳри Душанбе рақобат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG