Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико барои ҳамла ба Эрон омодагӣ мебинад?


Дар расонаҳои ғарбӣ тахмину фарзияи зиёди то ҳанӯз таcдиқнашуда дар мавриди ҳамлаи эҳтимолии ИМА болои Эрон ба табъ расидааст, ки тибқи он дар сурати нашри фармон ҳамла болои Эрон пойгоҳҳои ҳавоиву баҳрӣ ва марказҳои фармондеҳиву мушакҳоро дар бар хоҳад гирифт. Бар пояи маълумоте, ки хабаргузориҳои ғарбӣ дастрас намудаанд, барномаи ҳамлаи эҳтимолии ИМА болои Эрон ҳуҷумҳои ҳавоӣ на танҳо ба корхонаҳои ҳаставӣ, балки ҳамчунин зарба ба зербинои низомии Ҷумҳурии Исломиро мадди назар дорад.

ИМА таъкид мекунад, ки ҳамла болои Эронро тарҳрезӣ накардааст ва саъй дорад, мақомоти Теҳронро ба таваққуфи ғанигардонии уран водор намояд. Ҳафтаи гузашта вазири мудофиаи ИМА Роберт Гейтс овозаҳои ҳамларо рад кард:

" Мо дар ҷустуҷӯи баҳонаи ҷанг бо Эрон нестем. Мо ҷанг бо Эронро тарҳрезӣ намекунем."

СММ низ ба Эрон ҳушдор додааст, ки дар ҳоли идомаи барномаи ғанигардонии уран Ҷумҳурии Исломӣ бо таҳрим мувоҷеҳ хоҳад шуд.

Аммо шореҳони ғарбӣ бо такя ба манбаъҳои дипломатӣ гузориш медиҳанд, ки Ситоди раҳбарии нерӯҳои мусаллаҳи ИМА, воқеъ дар иёлати Флорида, маҷмӯаи ҳадафҳо дар дохили Эронро мушаххас намудааст. Аз ҷумла дар ин рӯйхат коргоҳи ғанигардонии уран дар Натанз ва ҳамчунин муассисаҳои ҳаставии Исфаҳон, Арок ва Бушаҳр шомил мебошад.

Шореҳони ғарбӣ мегӯянд, барои он, ки тасмими ҳамла болои Эрон гирифта шавад, бояд собит намуд, ки Ҷумҳурии Исломӣ дар паи тавлиди аслиҳаи ҳаставӣ мебошад. Мақомоти Теҳрон борҳо таъкид кардаанд, ки барномаи ҳаставии онҳо ҳадафҳои комилан осоишта дорад.

Шореҳон меафзоянд, далели дигари ҳамла болои Эрон тасдиқи пуштибонии мустақими ошӯбгарони ироқӣ аз ҷониби мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ буда метавонад. Зеро силсилаи бомбгузориҳо дар Ироқ шумораи хасороти низомиёни ИМА-ро ба қадри назаррас боло бурд.

Дар як сӯҳбати телефонӣ бо Маскав аз шореҳи низомӣ Владимир Мухин пурсидам, ки дар бораи эҳтимоли ҳамла болои Эрон чӣ назар дорад?

"Ба фикрам Эрон роҳи созишро пеш мегирад ва бо дар назардошти он мавқеи СММ, ҷомеаи ҷаҳонӣ, Русия ва шаш кишвари музокиротбаранда шиддат нахоҳад ёфт. Аммо агар Эрон ғанигардонии уранро идома диҳад..ва мо медонем, ки ҳозир дар Эрон 164 сентрифуга урани дар сатҳи поин ғанишуда ё худ урани 235 истеҳсол менамоянд,...ва шумораи ин сентрифугаҳо афзоиш ёбад, дар он сурат ихтилоф боқӣ мемонад ва амрикоиҳо барои ҳамла болои Эрон асоси воқеӣ пайдо мекунанд. "

- Хуб, агар фарз кунем, ки ИМА роҳи низомии ҳалли бӯҳрони ҳаставии Эронро пеш гирад, Шумо ҳамчун мутахассиси низомӣ дар ин бора чӣ тахмин доред?

" Фикр намекунам, ки ин амалиёти васеъмиқёс шавад, ки дар он ишғоли Эрон ва ё маҳви ҳамаи пойгоҳҳои низомии ин кишвар ҳадаф қарор гирад. Шояд амалиёт дар шакли зарбаҳои дақиқ ба вуқӯъ пайвандад. "

- Ахиран, иттилоъ пахш шуд, ки Русия содироти урани дар сатҳи поин ғанигардонидашуда ба Эронро мутаваққиф намуд. Сабаб чист?

"Мегӯянд, ин мушкили техникӣ мебошад. Ва агар дар ёд дошта бошед, аснои зиёрат аз Эрон раиси Ниҳоди ҳаставии Русия Сергей Кириенко изҳор намуд, ки моҳи март масъала рафъ мешавад. Дар ҳоли ҳозир наметавон гуфт, ки амалан вазъ чӣ гуна хоҳад буд. Биёед, бубинем, ки СММ дар мавриди Эрон ба чӣ тасмиме хоҳад расид. Дар ҳар сурат мавқеи Русия тағйир намеёбад. Ин кишвар ҷонибдори такмили нерӯгоҳи ҳаставии Бушаҳр мебошад"

Чоршанбеи 21 феврал Шӯрои мудирони Агентии байналмилалии нерӯи ҳаставӣ барномаи ҳаставии Эронро баҳс хоҳад кард ва вобаста ба хулосаи он Шӯрои амнияти СММ иқдомҳои баъдӣ дар мавриди таҳрими иқтисодии Ҷумҳурии Исломиро баррасӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG