Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ориёно" аз идомаи мубориза барои Ҷоми Туркманбошӣ маҳрум шуд


Ин бозӣ дар варзишгоҳи «Нисо»-и шаҳри Ишқобод баргузор шуд. Нахуст Комил Саидов, бозигари тими «Ориёно» дар дақиқаҳои аввали қисми дувуми бозӣ ҳисобро боз кард. Вале даҳ дақиқа қабл аз хотимаи дидор «Электрик» ҳисобро баробар намуд. Дар бозии охирини гурӯҳи «А» дар варзишгоҳи Олимпии Ишқобод тими мизбон - «Ишқобод» бар дастаи «Ворскла»-и Полтаваи Укроин бо натиҷаи 1 бар 0 ғолиб омад.

Бад-ин тартиб дар гурӯҳи «А» тими «Ишқобод» бо нӯҳ имтиёз дар мақоми аввал қарор гирифт. «Ворскла» бо чаҳор имтиёз дувум шуд. «Электрик» бо ду имтиёз дар ҷойи севум ва «Ориёно» бо як имтиёз дар зинаи охирин - чаҳорум ҷой гирифтанд.

Бозигарони Тайланд ва Тоҷикистон аз ҳаққи идомаи мубориза барои Ҷоми Туркманбошӣ маҳрум гаштанд. Ёдовар мешавем, дар ду бозии пешин «Ориёно» аз тими «Ишқобод» бо натиҷаи 1 бар 3 ва аз дастаи «Ворскла» бо ҳисоби 0 бар 3 шикаст хӯрда буд.

Вале Геннадий Дурашов, масъули Федеросиюни футболи Туркманистон ба радиои Озодӣ гуфт: «Бозигарони ҷавони тоҷик дар ин мусобиқа ба ҳарифони бузургсоли худ муқобилияти сахт нишон доданд. «Ориёно» дастаи хуб аст, бозиаш ба ман писанд омад, бозигарони даста чусту чолок ва серҳаракатанд, вале интизомашон хуб набуд. Бинобар ин дар ҷараёни сабқат бисёр огоҳӣ гирифта, аз бозӣ ронда шуданд».

Дар гурӯҳи «Б» се даста - «Небитчӣ»-и Балканободи Туркманистон, «Гандзасар»-и Арманистон ва «Ордабоси»-и Қазоқистон натоиҷи мушобеҳ - дуимтиёзӣ ба даст оварданд. Ҳарсе бозии ин гурӯҳ бидуни гол хотима ёфтааст. Бинобар ин аз рӯи натоиҷи қуръакашӣ тими «Ордабоси» ғолиби гурӯҳ эълом шуд.

Дар гурӯҳи «В» МТТУ - тими Донишгоҳи байнулмилалии Туркманистону Туркия бо шаш имтиёз мақоми аввалро касб кард ва барои дарёфти роҳхат ба бозии ниҳоӣ бо ғолиби гурӯҳи «Б» - «Ордабоси» рақобат мекунад.

Барандаи ҷоми Туркманбошӣ рӯзи панҷшанбеи 1 март дар бозии ниҳоӣ миёни тимҳои «Ишқобод» - МТТУ ё «Ордабоси» муайян хоҳад шуд. Барои ҷои севум «Полтава» бо дастае, ки дар бозии байни МТТУ ва «Ордабоси» мағлуб мешавад, рақобат мекунад.
Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG