Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷули Финлӣ: Бояд Қонуни СҒТ бознигарӣ шавад.


Ҷули Финлӣ сафири Амрико дар САҲА дар Душанбе - пойтахти Тоҷиистон гуфт гузориши муфассали САҲА роҷеъ ба интихоботи гузаштаи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи марти соли равон ба нашр хоҳад расид.



Аммо хонум Финлӣ афзуд мушоҳидаҳои пешакӣ нишон дода, ки ин маъракаи муҳими сиёсӣ бидуни ҷой доштани гуногунандешии сиёсӣ ва рақобати воқеъӣ сурат гирифтааст. Ҷули Финлӣ сафири Иёлоти Мутаҳидаи Амрико дар САҲА бо як сафари ду рӯза дар Тоҷикистон ба сар мебарад. Хонум Финлӣ дар як ҳамоиш бо намоянадагони аҳзоб ва созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон дар мавриди порлумони феълии Тоҷикистон ишора кард ва гуфт дар Маҷлиси намояндагони ин кишвар ба сурати умум танҳо як ҳизб - ҲХДТ ҳузур дорад.



Мақоми аршади амрикоӣ таъкид кард, ки дар ҳукумат ва дар ҷомеа бояд садои аҳзоб ва созмонҳои дигар ҳам бояд шунида шавад: «Ҳукумати босубот агар натавонад танқиду шикояти мухолифони худро гӯш диҳад, ба ҳеҷ сурат наметавонад ба рушди ҷомеа дастёб шавад».



Хонум Финлӣ иттилоъ дод, ки қарор аст вазири хориҷаи Амрико Кондолиза Райс доир ба ваъи ҳуқуқи башар дар кишварҳои ҷаҳон як гузориш ба нашр расонад. Ва дар ин замина Тоҷикистон бо чанд масъала ру ба ру мебошад. Яке аз онҳо вуҷуди коррупсия, дуввум камрангии волоияти қавонин ва сеюм зарурати еҷоди як ҷомеаи озод мебошад ки ки созмонҳои ғайридавлатӣ тавонанд бидуни фишор фаолият кунанд.



Дар робита ба ин ин масъала хонум Финлӣ қонуни Иттиҳодияҳои ҷамъиятро ёддовар шуд, ки ахиран аз ҷониби порлумони Тоҷикистон ба тасвиб расида буд. Хонум Финлӣ бо нигаронӣ гуфт ки ин қонун фаъолияти иттиҳодияҳои ғайридавлатиро маҳдуд месозад.




Фаъолияти созмониҳои ғайридавлатӣ барои Тоҷикистон бисёр муҳим мебошад ва мо ишора намуд хонум Финлӣ ҷиддан тақозо мекунем, ки ба ин қонун бознигарӣ шавад.
Қарор аст сафари Ҷули Финлӣ сафири ИМА дар Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон рӯзи чоршанбе бо баргузории як нишасти хабарӣ барои матбуот ба анҷом расад.


Мирзонабии Холиқзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG