Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Cимои сиёсӣ чист?


cа Чеҳраи сиёсатмадорон дар тӯли солҳо шакл мегирад ва дар тӯли рӯйдодҳои мушаххас рӯшантар ё тиратар мешавад. Аз нигоҳи Шумо чи омилҳое симои сиёсиро ташаккул медиҳанд? Ба симои сиёсатмадорони тоҷик чӣ баҳо медиҳед?

Дар Тоҷикистон сиесат тибқи "қонуни ҷангал" амалӣ мешавад - касе зӯртар аст мехурад каси камзӯртарро. Яъне ҳама чиро қонуни ҷангал муайян мекунад, на қонуни сиёсат.

Нигора
--------------------------------------

Куруши Бузург салтанате сохт, ки 200 сол идома ёфт, вале Искандар, ки бидуни ҳеч муқовамате осон ин салтанатро ба даст овард, натавонист беш аз 7 сол ҳукумат кунад ва худаш кушта ва салтанати осон ба меросбурдааш пароканда шуд. Дар замони Дориюш мамлакат серу пур ва шоҳ ба обёрӣ ва канотсозӣ дар саросари имперотурӣ ва барномаҳои дигари иқтисодӣ даст зада, буд, вале пас аз Искандар ва ҳамчунин пас аз ҳамлаи араб мо "МУЛУК-УТ-ТАВОИФ" (ҳукумати қабоил ва ашоир)-ро мебинем, на сиёсат ва иқтисодиёти дурустро. Чунончи, аз "Осор-ул-боқия"-и Берунӣ бармеояд, аъроб пас аз фатҳи Эрон намедонистанд молиётро дар чи замоне ҷамъ оваранд ва ин амр барои мардум мушкил эҷод карда буд...

Фаромарз
---------------------------------------
Рост гуфтӣ, Нигинахон, ман ҳайрон, ки ояндаи Тоҷикистон чи мешуда бошад??? Кисаи халқ пури чормагзи пуч боз ҳам халқи сода бовар мекунад, чунки 70% халқи точик дар қишлоқ зиндагӣ мекунад ва мардуми қишлоқ фармонро дӯст медорад, ба фикри ман, ҳамин хел ё ки мегӯянд, "Роҳбарон Горатгарон" !! ҳама вақт сарбаланд бошед!! Худованд қасосашро мегирад , бо ҳар роҳ!

Машо
---------------------------------------
На ба мансаб бувад баландии мард,
Мансаб шавад ба мард баланд.

Душанбегӣ
---------------------------------------
Аз нигоҳи банда симои сиёсатмадорро 2 чиз муайян мекунад. Яке сухан ва дигаре амал. Ҳоло он сиёсатмадорони ангуштшумор ва онҳо ҳам нокомили моро дар ин ду қолаб бигзоред, худ маълум мешавад, то чи ҳадде аз илму амали сиёсат бархурдоранд.

Бо салом
Муҳсин аз Душанбе
----------------------------------------
Дуруд ба ҳамаи шумо.

Саволи хеле ҷолиб, аммо симои сиёсатмадорони тоҷик хело печида маълум мешавад. Тахсассуси банда сиёсат аст ва аз баъзе бозиҳои сиёсӣ хеле хушам меояд. Аммо барои сиёсатмадор шудан зарур нест, ки инсон аз бахши сиёсат фориғ шуда бошад. Сиёсат ба маънои Заковат, яьне шахси сиёсӣ чӣ тавр бояд давалтро аз як буҳрон начот диҳад. Имом Ғаззолӣ мефармояд, оқил шахсест, ки ба ояндааш фикр мекунад. Маънии аслии сиёсат ҳам ҳамин шакл аст.

Тоҷикистон сиёсатмадорҳои хубе дорад, аммо онҳо тачрибаи кофӣ надоранд, то мардумро аз вартаи сиёсӣ ва иқтисодӣ раҳо диҳанд.

Ман фақат мехоҳам баъзе нукоте ки барои як шахси сиёсӣ зарур аст зикр кунам:
1.Маълумоти кофй, яьне одами босавод, хосатан донистани таърих.
2.Аз сиёсати ҳарруза воқиф будан.
3.Қобилияти шунидани фикрҳои дигар гуруҳҳоро доштан.

Аммо дар асру замони мо пулу мол нақши муҳим мебозад, ки аз ин мутаассифам.

Озодбахш

----------------------------------------
Пеш аз он ки тавоноии “сиёсатмадорон”и худро баҳс кунем, дар мамлакат бояд конкуренсия, яъне имкони рақобат кардан вуҷуд дошта бошад. Мисол, ба ҷои он ки Искандаровро ба ҳабс зананд, уро мегузоштанд, ки ҳизби худро ба пеш мебурд. Баъд мо метавонистем, симои ҳақиқии симои сиёсатмадорони худро бубинем.

Аки
----------------------------------------

Аз суоли ахир сар мекунам ба ҷавоб.
Тоҷикистон кишвари ақибмондаест, ки ҳатто агар сиёсатмадор надорад гӯем, хато намекунем. Масалан ман худам наметавонам ягон сиёсатмадори тоҷикро ба хотир биёрам. Раҳмонов, Кабирӣ, Валиев, Искандаров, Собиров ва дигару дигаро аз кӯчаи сиёсатмадорӣ ҳам нагузаштаанд. Ҳама чиз дар муқоиса маълум мешавад. Оё мо ин ашхоси номбурдаро метавонем ба Путин, Жириновский, Миронов, Явлинский ё дигар сиёсатмадорони рус муқоиса кунем. Ҳаргиз не!!!! Чи хеле ки мегуянд, бубин тавофути раҳ аз куҷост то ба кучо....Дар солҳои зиёди ҳукмронияш Раҳмонов натавонист чеҳраи сиёсӣ пайдо кунад.

Тоҷик
----------------------------------------

Кадом сиёсат ва кадом сиёсатмадор? Гӯё аз осмон афтидаед. Тоҷикистон дар ҳамон оғози даҳаи 1990 андаке бо сиёсат ошно шуд ва бо саркӯбии нирӯҳои мардумӣ ва аз сӯи дигар таассуби нирӯҳои мазҳабӣ дубора барои чандин даҳсолаи дигар аз майдони сиёсат парид.

Дар Тоҷикистон меъёри сиёсатмадорӣ ин аст, ки "чӣ қадар мешавад аз ин ё лн мақом ришва гирифт." Орзу кардан айб нест, вале барои расидан ба орзуи дастёбӣ ба сиёсат ва сиёсатмадории ростин чандин даҳаи дигар хурда хоҳем шуд.

Даврон
--------------------------------------
Ба номи худованд.

Сиёсатмадор касест, ки ояндаро дида тавонад. Фардо, ҳафтаи дигар, моҳи дигар, соли нав чӣ иттифоқ хоҳад афтод ва мардуму ҷомеаи худро ба ин иттифоқҳо омода кунад, аз манофеъи онҳо ҳимоят намояд. Ҳамчунин ӯ бояд тавони инро ҳам дошта бошад, ки бигӯяд, чаро чунин чиз иттифоқ афтод ва ё наафтод.

Баҳои мо ба сиёсатмадоронамон аз ҳамин ҷо маншаъ мегирад, ки агар биандешем, оё онҳо чунин тавонро доранд ё на.

Сиёсатмадорони имрӯзаи мо ба таври куллӣ ибтикоркунанда намебошанд, балки аз як сар пайравии сиёсатмадорони ҷаҳонро мекунанд. Бо чунин равишу дониш худро мутаҳҳам ба ину он мекунанд, дар ҳоле ки мардум барои як пора нон аз хона берун шуда тавассути гургони минтақа аз байн мераванд, сиёсатмадорон дар қиболи чунин ҳаводис наметавонанд, ҳарфе бизананд. Баъзеҳо аз мақоми худ истифода бурда, дар назди як теъдоди кам аз занон изҳори хурсандӣ мекунанд, ки шумо бандаро ба чунин мақом лоиқ донистед. Дар ҳоле ки онҳо ҳама мизбони хона ҳастанд, биёед як бор аз меҳмонон пурсем, ки таоми ошпас чӣ маззае дорад? На ин ки аз ошпазу ходимони вай.

Бо эҳтиром
Б. Мусофир
---------------------------------------
Ба фикри ман, сиёсатмадорони тоҷик ҳар кадом ба ин ё он раҳбари кишварҳои дигар, масалан президенти Русия ё Қазоқистон ё Афғонистон тақлид мекунанд. Сиёсатмадорони мухолиф ба ҳамин гуна чеҳраҳои оппозисюни кишварҳои дигар. То ҳол мо шоҳиди ин нашудаем, ки як шахс бо чеҳраи сиёсии тоҷикӣ ба саҳна омада бошад ва ҳамаи мафҳумҳоро аз нигоҳи мардуми тоҷик баён карда бошад.

Албатта, қавонини байналмилалии сиёсӣ мавҷуданд ва таъсир доранд, аммо агар сиёстмадор пеш аз ҳама аз мағзи ин миллат баромада бошад, вай метавонад, маҳбуби ҳама гардад, аммо ҳарфи росту сахти ӯро низ мардум бипазирад. Масалан, раисиҷумҳури Тоҷикистон монанди Брежнев ҳамеша аз ояндаи дурахшон ҳарф мезанад, вале иқрор намекунад ва бахшиш намепурсад, ки оре, мардум барқ надорад, ҷои кор надорад ва муҳоҷир мешавад ва ғайра. Яъне симои сиёсии мо бегона ва сунъист.

Бо эҳтиром
Ашӯр Назарзода
---------------------------------------
Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳу ва баракотуҳу.

Симои сиёсатмадор ба он вобастааст, ки инсон фикри мустақил дошта бошад ва фикри худро фаҳмонда тавонад. Ё ки худро бишиносад ва ҳаётро хуб бифаҳмад.

Муҳаммад Иқбол
---------------------------------------
Ба назари ман, симои сиёсатмадорони тоҷик сол аз сол фарбеҳтару манфуртар ва дур аз мардум мешавад. Бахусус, симои президенти мо. Аммо симои раҳбарони ҳизбҳо низ бовари одамро ҷалб намекунад. Баъзе аз онҳо худро муборизи роҳи ҳақ нишон медиҳанд, вале дигар мардум кайҳост, онҳоро шинохтааст. Хулоса, симои тамоми сиёсатмадорони мо ниқоб аст, на чеҳра! Журналист-сиёсатмадоронаш ҳам симои сохта доранд. Дар маҷмӯъ мардумест ношиносу сард. На сиёсатмадоронаш, на журналистонаш ва на зиёиёнаш!

Нигина аз шаҳри Душанбе
---------------------------------------


Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизеянд, ё такрориву беш аз андоза дарозанд ва ё бо мақсади таблиғ ирсол шудаанд, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳанд шуд. Зимнан, ҳеч назаре дар Майдони баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.
XS
SM
MD
LG