Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иқтисод: Аз Наврӯз то Наврӯз


Моҳи апрели соли гузашта миёни ҳукумати Тоҷикистону ширкати РусАли Русия аввалин мухолифатҳо сари баландии сарбанд ва саҳми ҷонибайн дар нирӯгоҳ шурӯъ шуданд.

Дар моҳи октябри соли 2006 Эмомалӣ Раҳмонов дар нишасти байнулмилалии фурӯши барқи Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубу Шарқӣ дар Душанбе изҳор дошт, ки Тоҷикистон соли 2007 сохтмони нирӯгоҳи Роғунро аз ҳисоби захираҳои молиявии ҷумҳурӣ шурӯъ мекунад. Ва ниҳоят моҳи феврали соли 2007 ҳукумати Тоҷикистон изҳор дошт, ки ба сохтмони нирӯгоҳи Роғун 50 млн доллари амрикоӣ тахсис додааст. Аммо ҳанӯз корҳои сохтмонӣ дар Роғун шурӯъ нашудаанд.

Ширкати РусАл дар паи номувофиқатӣ дар масъалаи баландии обанбори сохтмони нирӯгоҳи Роғун бо ҳукумати Тоҷикистон аз идомаи сохтмон даст кашид ва мутахасисони худро фаро хонд. Дар моҳи ноябр ширкати Рао ЕЭС аз шурури сохтмони неругоҳи обию барқии Сангтуда 1 дарак дод. Бо он вуҷуд, ки ҳаҷми сармоягузории Русия дар иқтисоди Тоҷикистон 2 млрд доллар арзёбӣ мешавад, ба ҷуз дар сохтмони нирӯгоҳи Сангтӯда 1, ки соли 2006 оғоз ёфт ва ҳазинааш 480 млн доллари амрикоист, аз соли 2004 ба ин сӯ ягон пружа бо ширкати ин кишвар шурӯъ нашудааст

Ширкати Газпроми Русия моҳи апрели соли гузашта изҳор дошта буд, ки ба соҳоти истихроҷи нафту гози Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунад. Аммо то ҳол танҳо корҳои иктишофӣ идома доранд.

Тайи сафари Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон ба Душанбе ҷониби Тоҷикистон аз ин кишвар низ даъват кард, ки дар истихроҷи нафту гози кишвар ҳамкорӣ кунад.

Аммо кишвари Чин аз худ ҳамчун як маблағгузори умдаи иқтисоди Тоҷикистон дарак дод. Соли гузашта ин кишвар дар ҳудуди 700 млн доллар маблағгузории соҳоти гуногуни иқтисоди Тоҷикистонро ба ӯҳда гирифт. Ва амалан ба пиёда кардани онҳо, минҷумла сохтмони роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ тариқи нақби Шаҳристон ва хатҳои интиқоли барқи Ҷануб-Шимол ва Лолазор-Хатлон шурӯъ кардааст. Ҳамчунин моҳи январи соли равон ҳангоми сафари Эмомалӣ Раҳмонов, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Чин маълум гардид, ки ин кишвар сохтмони нирӯгоҳи Ёвон рӯйи руди Зарафшонро ба ҳазинаи 90 млн доллар шурӯъ хоҳад кард.

Тоҷикистон соли гузашта аз поён омадани нархи пахта дар бозори ҷаҳонӣ 48 млн доллар хисорот дида буд. Ин ҳам дар ҳолест, ки пахта баъд аз алюминиум дуввумин маводи умдатарини содиротии Тоҷикистон аст ва 70% содироти Тоҷикистонро дарбар мегирад. Содироти Тоҷикистон дар соли 2006 1 млрд. 400 млн ва воридот каме бештар аз 1 млрд. 700 млн. - ро ташкил дод.
XS
SM
MD
LG