Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавқифи фаъолияти як созмони амрикоӣ дар Тоҷикистон


Ахиран, додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе фаъолияти созмони ғайридавлатии амрикоии Оперейшн Мерсӣ дар Тоҷикистонро барои се моҳ мутаваққиф кардааст. Зубайдулло Маҳмудов - додраси додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки ҳукми тавқифи фаъолияти ин созмонро содир кардааст, дар сӯҳбати бидуни микрофон гуфт, созмони Оперейшн Мерсӣ дар анҷоми масъулияташ ба як қатор иштибоҳоти ойинномавӣ роҳ додааст. Ба таъйиди ӯ, шӯъбаи созмони Оперейшн Мерсӣ дар Тоҷикистон бидуни доштани муҷаввизи ниҳоди давлатӣ ба тадрис ва омӯзиши наврасон ва ҷавонон машғул шудааст, ки қонунҳои кишвар ин навъи фаъолиятро рухсат надодааст. Ба-дин хотир вазорати адлияи Тоҷикистон -ниҳоде,ки фаъолияти чунин созмонҳоро назорат ва санҷиш мекунад, иштибоҳоти мазкурро ошкор ва аз додгоҳ дархости манъи фаъолияти онро кардааст.


Ин дар ҳолест, ки Пол Линге - мудири шӯъбаи созмони Оперейшн Мерсӣ дар Тоҷикистон ҳукми додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомониро ноодилона арзёбӣ кард. Оқои Пол гуфт, додгоҳ бар асоси як матлаби интиқодии нашршуда дар яке аз нашрияҳои чопи Душанбе аз фаъолияти ин созмон , номаи шикоятии нафаре, ки дар пайи ихтисор аз ин созмон барканор шудааст ва набуди иҷозатнома ё лисензияи тадрис чунин ҳукмро раво дидааст. Мудири созмони Оперейшн Мерсӣ дар Тоҷикистон ангезаи сиёсӣ доштани ҳукми мазкурро низ аз эҳтимол дур намедонад. Пол Линге -мудири шӯъбаи созмони Оперейшн Мерсӣ афзуд, тайи чаҳордаҳсоли фаъолият дар Тоҷикистон ҳеҷ ниҳоде аз онҳо муҷаввиз талаб накарда буд. Ва дар ин муддат онҳо бар изофаи ироаи кӯмакҳои башарӣ давраҳои омӯзишии тадриси забони англисӣ, компютер ва низ рушди тиҷоратро дар Тоҷикистон роҳандозӣ карда буданд.


Аз сӯи дигар, баъди таҳқиқи фаъолияти ин созмон аз сӯи як комиссиюни вижаи давлатӣ, дафъатан ҳамаи аснодро барои дарёфти муҷаввиз унвонии вазорати маориф низ пешниҳод карда будаанд. Аммо то кунун вазорати маориф дар ин замина посух надодааст.


Созмони Оперейшн Мерсӣ, ки дар гузашта бо исми КАДА маъруфият доштааст, аз соли 1993 дар Тоҷикистон ба фаъолият оғоз кардааст. Бахшҳои минтақаии ин созмон дар вилояти Суғд, Бадахшон ва Хатлон фаъолият доранд, ки дар маҷмӯъ, ҳудуди сад нафарро бо ҷойи кори доимӣ таъмин кардааст. Масъулин созмони мазкур гуфтанд, ки тайи муддати фаъолияти худ ҳадди ақал ба маблағи бист миллион доллари амрикоӣ кӯмакҳоро дар ихтиёри Тоҷикистон гузоштаанд. Пол Линге -мудири шӯъбаи созмони Оперейшн Мерсӣ дар Тоҷикистон гуфт, ки онҳо ба нишони эътироз аз қарори додгоҳи ноҳия расидагии қазияро дар додгоҳи шаҳри Душанбе дархост кардаанд.
Абдулқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG