Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазодҳои маводи мухаддир дар Афғонистон


Ню Йорк Никола Крастев Дар пайванд бо маводи мухаддир аз Афғонистон ду хабар мерасад: хуш ва нохуш. Намояндаи Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, хабари нохуш хабари хушро дар худ фурӯ мебарад.

Антонио Мариа Коста, мудири барномаи Созмони Милали Муттаҳид дар мубориза бо гардиши ғайриқонуни маводи мухаддир мегӯяд, ошӯбгарии Толибон дар вилоятҳои ҷанубии Афғонистон дар афзоиши парвариши хашхош ва фурӯши афюн нақи фаъол дорад, аммо ҳамзамон як тамоюли наве дар тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон ба мушоҳида расидааст.

"Далелҳое ки мо ба Шӯрои амният пешниҳод кардем, баёнгари таҳаввулоти нав ва умедбахше дар Афғонистонанд. Ҳақиқат ин аст, ки як тамоюли тазодомез дар байни минтақаҳои марказу шимол ва ҷануб ба миён омадааст. Дар як сӯ коҳиш ва дар сӯи дигар афзоиши тавлид."

Дар гузориши соли гузаштааш Созмони Милали Муттаҳид муайян кард, ки дар 166 000 гектор замини Афғонистон хашхош кишт шудааст. Ҳамзамон шаш вилояти Афғонистон худро минтақаҳои озод аз маводи мухаддир эълон карданд ва интизор меравад, чанд вилояти дигари кишвар ба ин ташаббус шарик мешаванд. Коста гуфт, ҳукумати Афғонистон дар ин бобат хушбин аст. Танҳо бо талошҳои ҳукумат 8 ҳазор гектор кишти хашхош маҳв карда шудааст.

Вале ин хушбинӣ ва хабарҳои коҳиши тавлиди маводи мухаддир дар баъзе аз вилоятҳои Афғонистон, ба қавли мудири барномаи Созмони Милали Муттаҳид Антонио Мариа Коста қонеъкунанда буда наметавонанд, зеро афзоиши тавлиди маводи мухаддир дар панҷ вилояти ҷанубӣ таҳти таъсири густариши ташаннуҷу нооромиҳо дар ин минтақа зоҳиран ҳамаи дастовардҳоро ба сифр баробар мекунад.

"Ин панҷ вилоят дар ҳоли ҳозир бузургтарин маҳалли таҷаммӯъи ҳама гуна маводи мухаддир дар ҷаҳонанд. Ҷамъан ин ҷо сад ҳазор гектор кишти хашхош мавҷуд аст ва эҳтимол дорад, мараз ба вилоятҳои ҳамсоя сироят мекунад. Густариши минбаъда дар ин вилоятҳои ботаҷриба, хабари баде медиҳад, ки коҳиш дар шимол пӯшонда хоҳад шуд."

Коста афзуд, Созмони Милали Муттаҳид ҳоло барномаи таҳкими марзҳои Афғонистон бо Эрону Покистонро ба миён гузоштааст ва Кобул бояд ҳамчунин равобити худро бо давлатҳои ОМ дар бобати мубориза бо қочоқи маводи мухаддир тақвият диҳад. Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид моҳи декабри соли гузашта ризоият дод, ки сарони шабакаҳои қочоқбар ба рӯйхати террористон ворид карда шаванд. Дар ин сурат чунин афрод дар ҳар яке аз кишварҳои узви СММ боздошт ва муҷозот хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG