Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон


Шонздаҳумин давраи мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ шурӯъ шуд.

Дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода дар нахустин даври мусобиқот бар тими меҳмон - «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо натиҷаи 5 бар 0 пирӯз шуд.Се голро дар ин дидор бозигари ҷадиди даста Аббос Абдуллоеви 23-сола, ки аз бошгоҳи футболи «Металлург»-и Бекободи Узбакистон даъват шудааст, ба дарвозаи «Хуҷанд» ворид кард. Ду голи дигарро Бахтиёр Ҳасанов ва Мансур Ҳакимов ба самар расонданд.

Се бозии даври аввали мусобиқот дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Тими мизбон - «Энергетик»-и Душанбе бар «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа бо натиҷаи 3 бар 2 ғалаба кард. Вале «Гвардия»-и Душанбе аз тими меҳмон -«Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бо натиҷаи 0 бар 3 шикаст хӯрд. Аввалин дидори дастаи мизбон - «Хима»-и Душанбе бо «Саройкамар»-и Панҷ бо натиҷаи 1 бар 1 хотима ёфт.

Рӯзи сешанбеи 27 март дастаи мизбон - CSKA «Помир»-и Душанбе бо «Ҳосилот»-и Данғара рақобат мекунад.
Марҳилаи аввали мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон бо ширкати 12 даста то рӯзи 17 июн идома хоҳад кард.

Хабари дигар. Мусобиқаи давандаҳо бахшида ба Иди Наврӯз, ки дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо ширкати 12 даста баргузор шуд, бо пирӯзии тими мунтахаби мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ ба анҷом расид.

Устодони ин мактаб дар дави чаҳорнафара ба масофаи 100, 200, 300 ва 400 метр ғолиб омаданд. Дар рақобатҳои инфиродӣ дар давидан ба масофаи 5 километр миёни мураббиён-собиқадорони варзиш Виктор Грошев, аз Донишкадаи тиҷорати Душанбе мақоми аввалро касб кард. Анвар Бобоҷонов, корманди масъули Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар мақоми дувум қарор гирифт. Гулаҳмад Назаров, раҳбари мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ севум шуд. Дар сабқати занон Инна Афичук ва Галина Карамишева, ҳарду мураббиёни мактаби маҳорати олии варзишӣ дар давидан ба масофаи 3 километр натоиҷи беҳтарин ба даст оварданд.

Ва хабари охирин. Мусобиқаи қаҳрамонии шоҳмоти Тоҷикистон байни кӯдакону наврасон ва ҷавонон дар толори мактаби махсуси шоҳмоти шаҳри Душанбе ҷараён дорад.

Раҳбари ин мактаб Рашид Ҳусейнов ба радиои Озодӣ гуфт, дар ин мусобиқа 72 нафар шатранҷбозони синнашон аз 8 то 20-сола аз манотиқи мухталифи кишвар дар 7 гурӯҳ рақобат мекунанд. Аз ҷумла дар сабқати шатранҷбозони ҷавон Икром Илҳомзода, аз шаҳри Душанбе, ки дар ҳамаи панҷ бозӣ бар ҳарифони худ пирӯзӣ ба даст овардааст, бо 5 имтиёз дар мақоми аввал қарор гирифтааст. Дар сабқати духтарон ду нафар шатранҷбозони моҳири пойтахти кишвар - Надежда Антонова ва Марворид Насриддинова бо чаҳоримтиёзӣ аз чаҳор дидор мақоми аввалро касб кардаанд.
Мусобиқаи қаҳрамонии шатранҷбозони ҷавони тоҷик то рӯзи 29 март идома меёбад.
Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG