Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавонони фақир - "равған"-и оташи ҷанг?


Созмони ғайриҳукуматии Иқдоми аҳолӣ дар гузориши нави худ мегӯяд, ки ин кишварҳои дорои ҷамъияти ҷавон зоҳиран гирифтори кашокашиҳои бештар мешаванд. Ҳаштод дар сади ҷангҳои шаҳрвандӣ дар солҳои 1970, 80 ва 90-уми қарни гузашта дар кишварҳое ба вуқӯъ пайвастаанд, ки 60 дар сади аҳолиашонро асосан ҷавонони то 30 сола ташкил медодаанд. Ва аз ҳар даҳ чунин кишварҳои ҷамъияташ ҷавон нӯҳ кишвар низоми автократӣ ва ё мисли Тоҷикистон демукросии заъиф доштаанд.

Муаллифони гузориши Иқдоми аҳолӣ мегӯянд, боло бурдани маърифати ҷинсӣ дар миёни духтарон ва танзими хонаводаҳо барои муносиб кардани вазъи демографии чунин кишварҳо мусоидат мекунад ва имкон медиҳанд аз низоъҳо ҷилавгирӣ шавад. Виялм Наш, генерали мустаъфии амрикоӣ ва яке аз коршиносони созмони мазкур мегӯяд, масалан, дар як кишвар теъдоди ҷавонон бисёр зиёд ва фақру камбизоатӣ, низомии идории бад ва тамаъи зиёд гиребонгири он аст. Ҳамаи ин дар якҷоягӣ дарди сарҳои зиёде меофаранд.

Созмони Иқдоми аҳолӣ дар гузориши худ Ниҷериё, кишвари африқоиеро мисол овардааст, ки ҷамъияти зиёди ҷавон дорад. Созмон мегӯяд, дар ин кишвари фурӯрафта дар гирдоби фасодкорӣ ва ноамниву камбизоатӣ гурӯҳҳои норозӣ аз тақсими фоидаи нафт пайваста ба лӯлаҳои нафт ҳамла мекунанд. Дар Ниҷериё аз се ду ҳиссаи аҳолӣ ҷавонони то 30 соларо ташкил медиҳанд ва таваллуд низ дар он ҷо зиёд аст. Ҳар зан бештар аз панҷ фарзанд таваллуд мекунад, вале ҳар панҷумин фарзанд то синни панҷсолагӣ нарасида мефавтад. Маргумири атфол сабаби он будааст, ки занони Ниҷериё, ки нисфашон ба мактаб намерафтаанд, бештар таввалуд кунанд.

Population Action мегӯяд, ки дар Ниҷериё, Афғонистон, Ироқу Покистон, Сомалӣ ва Судон тақрибан 1 миллиард нафар зиндагӣ мекунанд ва таваллуд низ дар ин кишварҳо зиёд аст. Созмони мазкур гуфтааст, ки дар ин кишварҳо бояд сатҳи маърифати занон боло бурд ва маргумири кӯдаконро камтар кард, то ба ин роҳ фишори ҷамъияти афзоянда ба кишварро коҳиш дод ва суботро нигаҳ дошт.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалии Раҳмон низ дар гузашта аз афзоиши таваллуд дар кишвараш ибрози нигаронӣ карда ва гуфтааст, ки Тоҷикистон қодир нахоҳад буд, ки теъдоди зиёди ҷавононро бо ҷои кор таъмин кунад. Таври маълум беш аз 50 дар сади ҷамъияти Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд ва теъдоде аз созмонҳои байналмилалӣ низ гуфтаанд, давлати Тоҷикистон бояд барои коҳиши мушкилоти ҷавонон ва ҷалби онҳо ба равандҳои сиёсӣ саъй кунад, зеро онҳо аз ҷангҳои гузаштаи шаҳрвандӣ хотираи зиёде надоранд ва метавонанд сабаби ноамнӣ бишаванд.
XS
SM
MD
LG