Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ояндаи тираи курраи Замин


Маркази Хабарии Радиои Озодӣ Созмони Милал бо нашри гузориши нав дар шаҳри Брюссел аз паёмадҳои фалокатбори гармоиши замин ҳушдор дод.

Раҳбари гурӯҳи пажӯҳишии "Тими байналмилалии нозир бар тағйироти муҳити зист" Раҷендра Пачаурӣ ҳангоми муаррифии хулосаҳои гузориши Созмони Милал доир ба гармоиши курраи замин дар бораи фалокатҳои ин падида бепардаву ошкор сухан гуфт:


"Мо дарёфтем, ки тағйироти иқлим бештар аз ҳама ба мардуми фақиртарини ҷаҳон ва ҳатто ба мардумони фақири ҷомеъаҳои пешрафта таъсири бад хоҳад расонд."


Раҷендра Пачаурӣ ва пажӯҳишгарони 130 кишвари дунё аз ҷумла пажӯҳишгари тоҷик профессор Абдуҳомид Қаюмов як ҳафта дар шаҳри Брюссел доир ба тарҳи гузориши Созмони Милал гуфтӯгу доштанд. Амрикову Чин ва Арабистони Саудӣ дар мавриди лаҳни ин гузориш ибрози нигаронӣ карда, хоҳони сабуктар кардани он будаанд.


Созмони Милал дар гузориш мегӯяд, ки беш аз як миллиард нафар ба далели об шудани пиряхҳову майдонҳои яхин, ки захираҳои оби ширин ҳастанд дар маърази хатари шадиди камобӣ ва бемориҳои мухталиф қарор хоҳанд гирифт. Пешбинӣ мешавад, ки садҳо миллион нафар аз мардумони кишварҳои фақир, ки назар ба кишварҳои санъатӣ ба камтар газҳои гулхонаӣ хориҷ мекунанд, гуруснагӣ хоҳанд кашид. Обшавии зуди пиряхҳо ва майдонҳои яхин ҳамчунин бо боло бурдани сатҳи дарёҳо пайомадҳои фалокатбор хоҳад дошт.


Дигар аз пайомади фалокатбори гармоиши курраи замин маҳви аз панҷ як ҳиссаи олами ҳайвоноту наботот будааст. Мартин Перрӣ узви гурӯҳи Тими Байналмилалии нозир бар тағйироти муҳити зист мегӯяд, тағйири иқлим дар баъзе манотиқ бисйор зуд эҳсос мешавад:


"Манотиқе, ки осори гармоишро бештар эҳсос мекунем, ин Арктика аст, ки зудтар гарм мешавад, манотиқи саҳрои Кабири Африқо, ки шоҳиди хушксолӣ хоҳад шуд ва ҷазираҳои хурди осебпазир ва доманаҳои қитъаи Осиё."


Афзоиши ҳарорат бинобар ихроҷи газҳои гулхонаӣ ҳамчунин хатари афзоиши боронҳо, нерӯмандтар шудани туфонҳо ва эҳтимоли хушксолӣ ва обхезиҳоро бештар хоҳад кард. Камғизоӣ, камобӣ, доман задани бемориҳои сироятӣ аз қабили табларза аз пайомадҳои бади гармоиши ҳаво барои мардуми камбизоти кишварҳои африқоӣ хоҳад буд.


Маҳмад Сафаров муовини раиси Оҷонси Ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон низ меваи талхи гармоиши курраи заминро хоҳанд чашид. Ба қавли ӯ, пажӯҳишҳо нишон додаанд, ки ҷараёни оби дарёҳои Тоҷикистон то 50 соли дигар то 7 фоиз камтар хоҳад шуд ва фалокатҳои табиӣ дар Тоҷикистон, ки солҳои ахир дар Тоҷикистон афзоиш ёфтаанд барои амнияти мардум хатари бештар эҷод мекунанд.


Дар гузориши аввали худ дар моҳи декабр Тими Байналмилалии Нозир бар тағйироти муҳити зист гуфт, ки ҳаво дар курраи замин дар садаи гузашта 0, 74 фисад аз ҳадди миёна гармтар шудааст ва то соли 2100 ум шояд аз 1,1 то 6, 4 дар сад гармтар шавад.
XS
SM
MD
LG