Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон: Ба ҷанги эълом нашуда алайҳи ҳиҷобпӯшон?


Сӯҳбати кутоҳи як донишҷудухтари донишгоҳи исломии Имом Тирмизии шаҳри Душанбест,ки мегуяд таъқиби ҳиҷобпушдухтарон ба ҷое расидааст ки ҳатто дар дукону мағозаҳо ва беморхонаҳову ҷойҳои дигари ҷамъиятӣ аз ҳиҷопушҳо ҳазар мекунанд. Ва ё агар рӯшантар бигуем метарсанд, ки кори ҳиҷобпӯшҳоро иҷро кунанд, мабодо дар чашми кормандони пулис ё кадом намояндаи мақоми давлатӣ зоҳир шаванд. Ин духтар худро Муҳаббат муаррифӣ намуд ва дар соли сеюми донишгоҳи исломӣ таҳсил мекунанд ва аз рӯи шариат дар бар ҳиҷоб дорад: «Вақте донистам,ки ҳамчун зани мусалмон Худованд аз ман тақозои ҳиҷоб кардааст,ман ҳиҷоб пушидам».




Сафорати иёлоти муттаҳидаи Амрико бо пахши гузориши Депатарменти давлатии ин кишвар,ки дар он вазъи ҳуқуқи инсон,демократия ва озодии дин дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст, изҳори нигаронӣ мекунад, ки маъмурияти макотиб ва донишгоҳҳо берун аз доираи қонун донишҷӯёнро ҳангоми дарс пӯшидани ҳиҷобро манъ кардаанд.





Дар сӯҳбате ки бо намояндагони Шӯрои уламои Тоҷикистон доштем, рӯшан шуд, ки Шӯрои уламо низ, аз рафтори кормандони мукомоти интизомӣ хушнуд нест. Онҳо мегӯянд, яке аз сабабҳои зиёдаравии мақомоти ҳифзи тартиботи кишвар дар робита ба манъи ҳиҷоб дар макотиби ҳамагонӣ ва донишгоҳо, маҳдуд намудани таҳсили хурдсолон дар назди муллоҳо ва бибихалифаҳо, ин будааст,ки бахши аъзами кормандони ин мақомот ва ниҳодҳои дигари давлатӣ аз қавонини ҷории кишвар ва меъёрҳои демокрасии ҷомеъаи имрӯзи ҷаҳон, ба хубӣ огаҳ нестанд. Неъматуллои Суҳбат, ноиби раиси донишгоҳи исломии ба номи Имом Тирмизии шаҳри Душанбе, дар робита ба ин мавзуъ,гуфт: «Мутаассифона бархе аз кормандони милиса ва ниҳодҳои дигар,намедонанд,ки дар конститусия чӣ гуфта шудааст,ва ҳуқуқи башар чист,барои ҳамин ҳам,ба ҷойи салла калларо оварданӣ мешаванд».





Оғои Суҳбат мегӯяд, яке аз роҳҳои ҳалли масъала ин аст,ки бояд кормандони милиса ва мақмоти дигари давлатӣ оид ба қавонини ҷории кишвар ва меъёрҳои байналмиллии ҳуқуқи башар омӯзиш дода шаванд. Мусоҳиби дигарамон,ки Соҷида, як нафар сокини ноҳияи Ҳисор мегӯяд дар ноҳияи онҳо намояндагони ҳукуматҳои маҳаллӣ занону духтарони ҳиҷобпӯш ва кӯдакону наврасонеро,ки дар назди муллоҳо ва бибихалифаҳо сабақ мегиранд, мавриди фишору таъқиб қарор медиҳанд. Ва ӯ барои он ба ин ҷо омадааст то аз Шӯрои уламои кишвар огоҳ шавад,ки вазъи пешомада чӣ маъно дорад: «Ман як зани хонанишин ҳастам аммо ҳиҷоб мепӯшам. Моро намемонад,ки ҳиҷоб пӯшем. Барои ҳамин омадам, ки аз уламои дин пурсам,ки чӣ вазъ аст ин, агар пӯшидани ҳиҷоб мумкин нест,мо пас гардем, ё чӣ кор кунем?»





Ва аммо як сокини пойтахт,ки нахост номаш бурда шавад, мегӯяд фарзандони вай баъди анҷоми дарсҳояшон дар мактаби ҳамагонӣ, аз мулло сабақи динӣ мегиранд ва ӯ дар ин ҳеҷ нуқсонеро намебинад: "Шахсан ман мехоҳам,ки фарзандонам ҳам илми замонавиро донанду ҳам дини исломро. Барои ахиратам фарзандонамро ба пеши мулло бурдам,ки таълимоти исломро аз худ кунанд, чӣ бадӣ дорад ин? Ислом беҳтарин сарчашмаи таълиму тарбияи хуби инсон мебошад. Аз роҳи фасод ва нашъамандӣ бар мегардонад одамро».





Ва аммо коршиносон бар ин назаранд,ки вазорати маорифи Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои масъулро беҳтар мебуд агар ба ҳаллу фасли масоилу мушкилоти муҳимтаре дар роҳи беҳтар кардани омӯзишу парвариши насли наврас, машғул мешуданд. Шокирҷон Ҳакимов, коршиноси мустақил ва ҳуқуқдон, дар робита ба ин мавзӯъ чунин ибрози назар кард: «Вақте аз камтарин қазия валвала ба по мекунад вазорати маориф,ба назари ман ин худро беҳтар нишон додан дар назди раиси ҷумҳур мебошад. Беҳтар мебуд вазорати маориф дар ин росто ба масъалаҳои ҷиддитар машғул мешуд».






Дар гузориши солонаи Департаменти давлатии Амрико инчунин омадааст, агарчанде вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ дар сатҳи паст аст, сафорати ИМА дар якҷоягӣ бо ҳукумати кишвар,созмонҳои байналмиливу ғайриҳукуматӣ, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то ислоҳоти ҳуқуқиву иҷтимойиро ба роҳ монда барои мардуми тоҷик шароити хуби зиндагӣ муҳайё созад.
XS
SM
MD
LG