Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

PIPA: Амрико эътимоди мусалмононро аз даст медиҳад


Залмай Халилзод, сафири нави Амрико дар СММ бӯҳрони Ховари Миёнаро бузургтарин чолиши даврони муосир меномад. Залмай Халилзод, ки рӯзи сешанбе дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк дар пайи ширкати бори аввалаш дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ бо хабарнигорон сӯҳбат мекард, аз ҷумла гуфт: "Ояндаи минтақаи фаротар аз Ховари Миёна, ба ақидаи ман, як чолиши умдаи даврони мост, ҳамон гуна, ки Аврупо барои муддати тӯлоние манбаъи бузургтарин мушкилоти амниятии ҷаҳон маҳсуб мешуд. Муттаассифона, феълан бисёре аз мушкилоти амниятии ҷаҳон аз ҳамин минтақа бармехезанд ва СММ дар ин маврид нақши муҳиме бозӣ мекунад".




Залмай Халилзод, сафири пешини Амрико дар Афғонистону Ироқ, ки рӯзи 23 апрел дар симати фиристодаи Амрико дар СММ Ҷон Болтонро иваз кард, мегӯяд, дар он ду кишвари ҷангзада таҷрубаи фаровоне дар мавриди ҳалли низоъҳо пайдо кардааст. Аммо ҷиҳати расидан ба як роҳи ниҳоии ҳалли бӯҳронҳои Ховари Миёна ҳанӯз кори бузурге дар пеш ҳаст, ки бояд иҷро кард.Тавре аз натоиҷи назарсанҷии дар байни беш аз 15 000 мардуми кишварҳои мусалмонии Мисру Индонезӣ ва Марокашу Покистон анҷомдодаи PIPA, Барномаи мутоилоти сиёсати байналмилалӣ, як ниҳоди вобаста ба донишгоҳи Мериленди Амрико бармеояд, Амрико эътимоди мусалмононро ҳарчӣ бештар аз даст медиҳад.





79 дарсади пурсидашудагон дар ин назарсанҷӣ мутмаин будаанд, ки Амрико дар фикри заъиф ва таҷзия кардани ҷаҳони Ислом аст. Ҳамин тавр, 79 дарсад гуфтаанд, ки Амрико мехоҳад назорати манобеъи нафти Ховари Миёнаро ба даст биоварад. 64 дарсад бар ин боваранд, ки қасди Амрико густариши масеҳият ба ин минтақа мебошад. Мизони пуштибонии пурсидашудагон аз ҳамалоти зидди нирӯҳои Амрико дар Ироқ низ хеле бузург будааст. 91 дарсад дар Мирс, 68 дарсад дар Марокаш, 35 фоизи пурсидашудаҳо дар Покистон ва 19 дарсад дар Индонезӣ аз чирикиҳои ироқӣ ҳимоят кардаанд. Мизони ҳимоят аз ҳамалоти зидди нирӯҳои Амрико дар Афғонистон низ тақрибан ҳамин гуна баланд будааст.




Аммо дар қиболи фаъолиятҳои шабакаи Ал-Қоида назарҳо ҳамсон нест. Бар асоси ин назарсанҷӣ, аксарият аз аҳдофи усулии Ал-Қоида пуштибонӣ кардаанд. 70 дарсад ва ҳатто бештар аз аҳдофе ба мисли муқовимат алайҳи Амрико ва ҳифзи шарафи мардуми мусалмон ва ё аз талаби хуруҷи пойгоҳҳо ва инрӯҳои Амрико аз хоки кишварҳои мусалмонӣ дифоъ мекунанд. Бо ин ҳол, чизе камтар ҳатто аз яаҳоряки пурсидашудагон дар назарсанҷии барномаи PIPA, ба даст доштани Ал-Қоида дар ҳамлаҳои рӯзи 11 сенятбри соли 2001 алайҳи шаҳрҳҳои Амрико бовар доштаанд.
XS
SM
MD
LG