Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон Русияро шарики стратегӣ наномид


Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми шарҳи самтҳои сиёсати хориҷӣ ва дохилии ҳукуматаш ин навбат дар қатори кишварҳои барои Тоҷикистон боаҳамият аз Чин батафсил ёдовар шуд. Эмомалӣ Раҳмон афзуд,ки идомаи бештари ҳамкориҳо бо ин кишвар ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва низ кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо барои рушди иқтисоди Тоҷикистон муассир хоҳад буд ва аз сӯи дигар дар тақвияти ҳузури Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ низ ин равобит аҳамияти хос пайдо хоҳад кард. Аммо дар ин паёми раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба фарқ аз солҳои қаблӣ аз Русия ба унвони як кишвари шарики стратегӣ ном бурда нашуд.



Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили ин ҳизб дар порлумони кишвар дар паёми президент таъкид нагардидани Русия ба унвони шарики стратегиро бозгӯи муносиботи феълии ду кишвар арзёбӣ кард. Дар паёми президент ба Маҷлиси олӣ ҳамчунин таъкид шуд, ки ба манзури рушди равандҳои демократӣ бо ширкати намояндагони ҷомеа, вакилони Маҷлис ва аъзои ҳукумат як Шӯрои рушди миллӣ таъсис дода хоҳад шуд. Афзун бар ин дар назар аст барои аввалин бор институти омбудсмен ё ниҳоди вижа дар умури ҳуқуқи башар ба фаъолият шурӯъ кунад.


Эмомалӣ Раҳмон барои аз байн бурдани ҳамагуна ихтилофот ва мушкилот дар бахши истифодаи обу захоири энергетика дар минтақа таъсиси як консорсиуми обу энержиро зарур донист. Вай гуфт, Тоҷикистон омодааст ва чунин имкониятро ҳам дорад, ки дар рафъи камбуди аҳолии минтақа ва махсусан кишварҳои ҳамсоя аз оби пок мусоидат кунад. Ӯ барои намуна аз захоири дастнахӯрдаи кӯли Сарез ном бурд, ки бо ҷалби сармояи на он қадар калон метавонад 25 миллион нафарро бо оби ошомиданӣ таъмин кунад. Яке дигар аз нукоти муҳим дар паёми имсолаи президент таъкиди истифода аз сармояи дохилӣ ҷиҳати бунёди неругоҳҳо, аз ҷумла неругоҳи Роғун буд. Ба эътиқоди президенти Тоҷикистон корхона ва ширкатҳое назири корхонаи арзиз, идораи роҳи оҳан, ширкати ҳавопаймоӣ ва бонкҳои кишвар метавонад ба ин кор ҷалб шаванд.
Абдулқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG