Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷаҳои анҷумани Шарм-уш-шайх


Радио Озодӣ Кондолиза Райс ва Манучеҳри Муттакӣ натавонистанд мустақиман гуфтушунид кунанд, вале таҳаввулоти дигаре ба миён омад.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Бан Ки-Мун дар ҷамъбасти конфаронси амниятии Ироқ дар Шарм-уш-шайхи Миср, натиҷаҳои нишастро дастовард ва комёбӣ унвон кард. Вай гуфт: "Ман аз натиҷаҳои муваффақонаи нишасти дурӯза хеле шодам. Нахустин ҷаласаи гурӯҳи байнулмилалӣ ва Ироқ як комёбии бузург аст."

Ширкаткунандагони нишаст, мамолики ҳамсоя ба Ироқ, намояндагони ҳаштгонаи пешрафтаи саноъатӣ, Созмони Милали Муттаҳид ва Иттиҳоди Аврупо 50 то 60 миллиард доллар вомҳои Ироқро бекор карданд ва ҳам ӯҳдадор шуданд, ки ба эътидоли авзоъ дар Ироқ мусоъадат хоҳанд кард. Барои ин як барномаи панҷсола таҳия гардид.

Аммо намояндагони бархе аз кишварҳо аз ҳукумати Ироқ хостанд, он дар навбати аввал даст ба чораҳои қартъӣ бизанад. Чунончи, Саъуд ал-Файсал, вазири умури хориҷии Арабистони Саъудӣ аз сарвазири Ироқ хост, шибҳинизомиёни даргирро халъи силоҳ кунад. Аммо сарвазир Маликӣ аз кишварҳои ҳамсоя тақозо кард, аз нуфузи ситезаҷӯён ва аслиҳа ба Ироқ ҷилавгирӣ кунанд: "Ҳоло, пас аз сарнагунии ҳукумати диктаторӣ, мо ба созмонҳои ваҳшатафкан имкон нахоҳем дод, Ироқро ба паногоҳи худ табдил диҳанд. Биноъан давлатҳои ҳамсоя бояд ба вуруди гурӯҳҳои террорист аз қаламрави онҳо ба Ироқ пешгирӣ кунанд ҳамчунин аз пуштибонии сиёсӣ ва таблиғотии онҳо. Ин ваъдаи нишасти вазирони умури дохилии араб ва вазирони умури берунаи ҳамсоягони Ироқ буд."

Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, ситезаҷӯён ва силоҳ ба Ироқ умдатан аз Эрон ва Сурия ворид мешаванд. Вале рӯзи панҷшанбе, ҳарбиёни амрикоӣ дар Бағдод гуфтанд, зоҳиран Сурия назоратро дар марзҳои худ тақвият додааст. Баъд аз ин эъломия вазири корҳои хориҷии Амрико, Кондолиза Райс бо ҳамтои сурёнии худ Волид ал-Муаллим мулоқот кард. Вай аз ин мулоқот розӣ буд ва гуфт, Сурия мехоҳад қатъан пеши роҳи нуфузи терористон ва силоҳро ба Ироқ бигирад. Райс изҳори умедорӣ кард, ки Эрон низ ҳамин гуна амал хоҳад кард. Хонуми Райс гуфт, "самимона умедвор аст, ки Эрон ба хотири манфиатҳои хеш монеъи нуфузи силоҳ ва тундравон ба Ироқ мешавад, ки баъдан нирӯҳои амрикоӣ ва мардуми бегуноҳи Ироқро ҳадаф мегиранд. Вай гуфт, умедвор аст, ки пуштибонии Эрон аз терроризм ба поён хоҳад расид."

Райс ҳеч гуна имконе наёфт, бо ҳамтои эронии худ Манучеҳри Муттакӣ гуфтушунид кунад. Ҳарду дипломат гуфтанд, чунин ҳолате пеш наомад. Вале ҳамзамон бо ҷаласа, намояндагони ду кишвар бо ҳам мулоқот карданд ва гуфтугӯеро, ки дар даҳуми март сар шуда буд, идома доданд.

Бо вуҷуди суханони Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар бораи муваффақияти нишасти Шарм-уш-шайх, бархе аз коршиносон мегӯянд, он бидуни як натиҷаи ҷамъбасткунанда ба поён расид. Марина Оттавей аз маркази карнеги дар Вашингтон гуфт, фоидаи мулоқот барои Иёлоти Муттаҳида хеле кам буд, ба истиснои як делели рӯшан, ки Вашингтон донист, густариши равандҳои демократӣ дар Ховари Миёна коре нест, ки бо дасти танҳо амалӣ шавад.
XS
SM
MD
LG