Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомиву комёбии Тоҷикистон дар Ҷопон


ба марҳилаи баъдӣ роҳ ёфт.

Тӯбҳои тими Тоҷикистонро Шерзод Ҷумъаев ва Увайдо Давлатбеков ба самар расониданд. Аз тими Ҷопон Кеничиро Когуре, Юсуке Комияма ва Дайсуке Оно ду тӯбӣ ба ҳадаф расониданд.

Қобили зикр аст, ки мисли соли гузашта вақте Тоҷикистон бозии худ ба Ҷопонро бо ҳисоби 6 - 11 бохта буд, тими кишвари офтобрӯя танҳо дастаест, ки ба дарвозаи ҷопониҳо тӯб задааст.

Дар бозии дигари ин гурӯҳ Ҳонконг бар Филиппин бо натиҷаи 3 бар 2 ғолиб омад. Баъди ҷамъбасти бозиҳои гурӯҳи «А» Ҷопон бо 9 имтиёз дар мақоми аввал ва Тоҷикистон бо 4 имтиёз дар зинаи дуввум ҷойгир шуда, ба бозиҳои чаҳорякниҳоӣ роҳхат гирифтанд.

Бозиҳои дигари даври севвуми мусобиқот бо чунин натиҷаҳо ба анҷом расиданд: гурӯҳи «В» - Узбакистон - Тайланд - 3 бар 2 ва Кувайт - Ироқ - 5 бар 2, гурӯҳи «С» - Қирғизистон - Австралиё 3 бар 3 ва Куриёи Ҷанубӣ - Туркманистон - 5 бар 2, гурӯҳи «D» - Ирон - Чин - 8 бар 0 ва Лубнон - Малайзиё: 9 бар 2.


Гурӯҳи «A»

Исми тим----------Б/ И

Ҷопон -------------- 3/9
Тоҷикистан------- 3/4
Ҳонконг------------ 3/ 3
Филиппин--------- 3/ 1
-------------------------------------------


Гурӯҳи «В»

Исми тим---------- Б/ И

Тайланд----------- 3/ 6
Узбакистан------ 3/ 6
Ироқ---------------- 3/ 3
Кувайт------------- 3/ 3
----------------------------------------


Гурӯҳи «С»

Исми тим -------------- Б/ И

Қирғизистон-------------- 3/ 7
Австралиё---------------- 3/ 4
Ҷумҳурии Куриё------- 3/ 3
Туркманистан---------- 3/ 3
-----------------------------------------


Гурӯҳи «D»

Исми тим --------------- Б/ И
Ирон -------------------------- 3/ 9
Лубнон----------------------- 3/ 6
Чин----------------------------- 3/ 3
Малайзиё-------------------- 3/ 0


Бад-ин тартиб дар бозиҳои чаҳорякниҳоӣ рӯзи 17-уми май Узбакистон бо Тоҷикистон, Ирон бо Австралиё, Ҷопон бо Тайланд ва Қирғизистон бо Лубнон рақобат мекунанд.


Дар ҳоле ки тими миллии футзали Тоҷикистон муборизаро барои дарёфти унвони қаҳрамони Осиё идома медиҳад, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бозиҳояшро дар Фестивали футболи Конфедеросиюни футболи Осиё дар пойтахти Бангладеш - шаҳри Дакка ба анҷом расонд.

Дастаи Тоҷикистон пас аз тими ғолиб - Ирон ҷойи дуввумро касб кард.

Ба иттилоъи Федеросиюни футболи Тоҷикистон мусобиқоти анъанавии бозигарони зери 13-сола бо ширкати 12 дастаи мунтахаби қорра баргузор шуд. Футболбозони навраси тоҷик, минҷумла бар тимҳои мунтахаби Ҳиндустон, Бангладеш, Покистон, Бутан ва Баҳрайн пирӯзӣ ба даст оварданд.


Гуштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар риштаи гуштии дзюдо, ки дар Кувайт шурӯъ шуд, ширкат доранд.

Носир Бозоров, сармураббии дастаи мунтахаби гуштии дзюдои Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт: «Гуштигирони мо дар ин мусобиқоти бузургтарини қорра барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои Олимпии соли 2008 дар Пекин мубориза мебаранд.»

Ба иттилоъи оқои Бозоров ба ҳайати тими миллии кишвар паҳлавонони маъруф – Алишер Боқиев (вазни 100 кг), Расул Боқиев (73 кг), Неъматулло Асронқулов (90 кг), Шералӣ Бозоров (81 кг), Муҳаммадамин Хонов (беш аз 100 кг), Олим Зикаев (60 кг) ва Фаррух Собиров (66 кг) дохиланд.

Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG