Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Cуоли Шумо аз Додоҷони Атовуллоҳ


Тафсилоти бештар


Бародари азиз Додоҷони Атовуллоҳ, аввало салом.
Ман баъди хондани баъзе таънаҳои номардона ба адреси Шумо ҳаминро гуфтаниам, ки ба ин гуна ёвагуиҳо аҳамият надиҳед. Шумо кори дуруст мекунед ва ҳамин коратонро давом диҳед. Худо қуввататон диҳад. Шумо як кори худро не, балки кори бисёре аз моро карда истодаед. Ҳазор раҳмат ба Шумо ва онҳое, ки Шуморо ба дунё овардаанд.
Оне ки ҳозир Шумо дар Тоҷикистон нестед, ҳаргиз маънои онро надорад, ки Шумо беватан ҳастед. Ватандори асосӣ Шумо ҳастед, на инҳое ки ватанашон ишкамҳояшон ва танҳои беғамашон аст. Ҳалолатон бод ватандорӣ!
Мо медонем қадри Шуморо, бародар. Дар пеши инхелиҳое, ки таънаи номардонаатон мезананд, аслан суханатонро ҳайф накунед - бефоида аст, чунки кӯр кӯр асту номиннатдор номиннатдор. Як шоир (ба фикрам Бедили бузургвор) байте дорад, ки ҳам ба Шумо ва ҳам ба Шодмони Юсуф ва... тааллуқ дорад:
Бо халқи бебасират то кай арзи ҷавҳар?
Бояд зи шаҳри кӯрон чун нури дида рафтан!
Лекин Шумо ба ин шаҳр, ба Ватанатон, ба Тоҷикистон, иншоаллоҳ, бармегардед. Ман бовар дорам. Ва дар намозҳоям аз даргоҳи Худованд инро таманно мекунам.
Бародари Шумо
Сафдар аз Кофарниҳон.
----------------------------------------

Додоҷон танҳо марди далери Ватан аст, ки ҳаргиз аз ҳеч кас натарсид ва бо садои баланд қалби Раҳмонро ба ларза овард. Оё худи ӯ ҳам медонад, ки таъсиси "Ватандор" дар миёни давлатдорони Тоҷикистон тарсу ҳарос аз ҳамдигарро ба вуҷуд овардааст.

Шариф
----------------------------------------

Бо ҳар касе, ки ҳамсӯҳбат шудед, ба маҳбас рафт. Оё аз ин намебарояд, ки шумо агенти Э. Р. ҳастед? Чаро шумо пуштибони худ Узбакистонро интихоб кардед, оё ин ватанфурушие бештар нест? Чаро тарафдорони шумо дар Душанбе ҳамаги маҳалгаро ҳастанд?
Агар шумо ободии тамоми Тоҷикистонро хоҳед, дуруст намебуд, ки ба манфиати Тоҷикистон
сухан кунанду ба манфиати минтақае не?

Зафар.
---------------------------------------

What you in the future of our country in light of what it sees from the well-to the people and what can make if they are successful in this opportunity ?
----------------------------------------

Муҳтарам, Атовуллоев.
Магар Шумо дар хурдсолӣ бачаи шӯх будед? Гузашта аз ин, кадом хислатҳои кӯдакиятон ҳоло ҳам дар ботини Шумо вуҷуд дорад? Оё бо модари худ дидорбинӣ мекунед? Модаратон аз кори Шумо розӣ ҳастанд? Атовуллоев, ҳар як ҷумлаи Шумо дунё-дунё маънӣ дорад. Хоҳиш мекунам, як ҷумлаи хубе дар васфи модар нависед. Ман ҳам аз модари худ дуртар зиндагӣ мекунам ва ӯро ёд кардаам. Майлаш?

Бо эҳтиром,
Абдусабури Муҳаммадшариф, Маскав
-----------------------------------------

Дуруд, оқои Атовуллоҳ.
Нахуст, хаста набошед. Баъдан, бар замми чопи як нашрияи оппозитсиюнӣ таъсиси ҷунбиши миллии «Ватандор» барои Шумо мушкил набуд? Қаблан изҳор дошта будед, ки номи мансабдорони воломақоми ҳукумати Тоҷикистонро, ки узви «Ватандор» шудаанд, ошкор хоҳед кард. Аммо то ҳанӯз дар ин маврид хомӯшӣ ихтиёр кардаед. Хоҳиш мекунам, агар воқеанигор ҳастед, номи онҳоро бигӯед. Пас аз он ҳатман барои узвияти «Ватандор» ариза хоҳам навишт. Чӣ гуфтед?

Бо умедворӣ,
Куруши Рустамзод.
-------------------------------------------

Оқои Додоҷон агар ҳаракати шумо сирф ҳаракати ватандорист, пас чаро берун аз ватан фаъолият доред? Ман аз он метарсам, ки шумо мустақил нестед ва фишанги нави Маскав болои ҳукумати Раҳмонов беш нестед?

Lsd
-------------------------------------------

Мӯҳтарам Додоҷон. Аз Шумо мехостам ба суолҳои худ ҷавоби муфассал гирам.
Мақсади асл аз дар рӯбарӯ буданатон бо Ҳукумати имрӯза будан дар чист? Шумо бо фикрҳои ҷолибатон метавонистед дар бари Ҳукумати имрӯза бошед. Сиёсати имрӯзаи Ҳукумат ҷонибдори мисли шумо шахсҳо мебошад.
Ба Раиси Маҷлиси миллии МО ҶТ, Раиси ш. Душанбе хусумати шахсӣ доред? Кор ва фаъолияти ин шахсрро ва дигар сиёсатмадоронро бар паҳлуи тарозу монед ва бубинед, ки пас аз Ҷ.О. хизматашон ба халқ бисёртар расидааст.
Худро «ДИВЕРСАНТ», «ПРОВАКАТОР» намеҳисобед?
Ба диққататон ташакури зиёд. Итминон дорам, ки Шумо этикети журналистӣ ва каме ҳам бошад сиёсатмадориро риоя намуда, ба саволҳои ман ҷавоби мушаххас менависед. Сомонаи интернетии ОЗОДӢ озод ҳаст.

Бо эҳтиром,
Алиев Суҳроб Мирзохуҷаевич,
шаҳри Душанбе, маҳаллаи 82
--------------------------------------

Ба номи Худо.
Саломуалайкум, Додоҷони Атовуллоҳ
Агар шумо дар оянда раиси ҷумҳури Тоҷикистон шудед бештар ба кадом давлатҳо такя мекунед? Давлатҳои мусуломонӣ ё Ғарбӣ?

Бо эҳтиром
Абдусамади Карим.
-----------------------------------------

Ассалом, Додоҷони Атовуллоҳ. Ман яке аз шаҳрвандони тоҷикам, ки ҳоло таҳсили худро дар хориҷи кишвар давом дода истодаам ва бояд инро гӯям, ки ман пуштибони ҳукумат нестам, балки пуштибон ва дӯстдори сулҳастам ва суолҳои банда ба Шумо чунинанд:
1) Оё ҳамин қадар бадбахтие, ки бар сари тоҷики мо омада буд аз пушти курсӣ, магар бас набуд? Оё ин оромие, ки бар сари мо Худованд овардааст чи мушкилае бар сари Шумо овардааст??
2) Он қадар моле, ки дар аэропорт аз Шумо дарёфтанд, магар пулҳои аз хориҷ барои нотинҷ намудан ва ҷанг дохтани мардуми Тоҷик набуд??
3) Бо ин Ватандорат, ки беватанасту ҳама амомҳояш дар хориҷанд, чи мақсад доред дар оянда??

Бо эхтиром,
Аминҷон.
---------------------------------------

"Ватандор" ин "забон, чашм ва ақида"-и озодихоҳони Тоҷикистон аст. Шахсияти оқои Атовуллоҳ сазовори эҳтиром ва таҳсин аст. Ҳоли ҳозир он кас аз ҳама лиҳоз ягона лидеранд ва озодии ҳамаҷонибаи Тоҷикистонро дар муборизоти ин бузургмард мебинам.

Кова.
--------------------------------------

Салом ба ҳама! Мо пеш аз ҳама бояд душманони динро фаҳмонем, ки ин рафтори онҳо шоиста нест, зеро рафтори Э. Раҳмон нисбати диндорон хеле манфӣ аст. Ҳарчанд зархаридҳои ӯ суханҳои осмонӣ мегӯянд, вале онҳо ҳама бандаи ишкам ва душмани исломанд.
--------------------------------------

Салом ба ватандрон!
«Ватандор» орзу ва умеди ниҳоии мо аст. Мардуми тоҷик ба умеди табдили ҳукумат рӯз мебарад ва мехохад мисли мурғи ҷигарсӯхта зудтар ба лаби ин чашмаи сероб бирасад.

Ватандор
--------------------------------------

"Ҳар баҳореро хазонест ва ҳар роҳеро поёнест", мегӯяд Шайх Саъдӣ. Ҳукумати кунуниро низ поёне интизор аст, аммор чи поёни нангине, зеро ин на ҳукумат, балки дастаи бандитони ғосиб ҳастанд. Дирӯз писари през...ро дидам, Рустамро... ӯ ... пеши ЦУМ дар ҷои аз ҷихати ронандагӣ ношоям мошини 888888-и худро гардонд, аммо ГАИҳо ба ҷои ӯро ҷарима кардан ба ӯ "чест" доданд.
Ин ҳукумат нест, ин бандитизм ё терроризм аст. Терроризм бояд анҷом пазирад.
Бо дуои неки мардуми тоҷик!

Oрё
---------------------------------------

Муҳтарам Додоҷони Атоуллоҳ! Ашхосе, ки барои «наҷоти ватан» аз давлатҳои хориҷӣ мадад мепурсанд, тилмизони аҷнабистанд, на пешвоёни миллат.
Агар ту заррае ҳисси ватандӯстӣ дошта бошӣ, беҳбудиро ба таври ҷонсупориҳо ба ватан кун, на ба роҳи танқиди касе.
Ба ту ман саволе надорам, зеро дар шахсияти туман мароқе зоҳир накардам. Балки аз яздони пок дуогӯям, ки ба ту ақлу фаросат диҳад
Ва давлати моро аз шари шумо ва аҷнабиён эмин нигоҳ дорад.
Саъдӣ мегӯяд, ки дарвешеро харашро дар гил бинӣ, ҳаргиз аз ӯ мапурс, ки чи ҳол дорад. Тавонӣ, харашро аз гил барор.
Имрӯз маркаби давдатдории мо шояд на ба аҳволпурсӣ, балки ба ба ҷонфидоӣ эҳтиёҷ дорад...
Худоё, миллати тоҷикро дигар ҳаргиз бозичаи дасисаву найрангҳо макун.

Бо эҳтиром, Ғариб.
--------------------------------------

Салом. Ман ба ҷаноби Додоҷони Атовуллоҳ ду савол дорам.
1). Оё Шумо бо ташкил намудани «Ватандор» ба муваффақият боварӣ доред? Яъне ин ҳаракат ба миллати тоҷик ягон манфиате дорад?
2). Чаро сайтҳои tajikistantimes.ru ва charogiruz.ru кушода намешаванд? Шумораи навбатии рӯзномаи «Чароғи рӯз»-ро аз куҷо дастрас кардан мумкин?

Бо эҳтиром
Маҳмадраҳим
----------------------------------------

Салом Додоҷон!
Ман аз Шумо мепусам.ки барои чи мисли собиқ мухолифин даҳ сол пеш ба ватани азизи худ наомадед?,ин аввал дуюм ин ки аз чи сабаб дар ғариби ҳаракати мухолиф ташкил кардед? охир шумо намедонед дар ватан чи гап.Ё ними халқи дигар муҳоҷир шавад ва баъд Тоҷикистон аз харита гум шавад!

Mahmad
-----------------------------------------

Салом!
Ман як нафар аз шогирдони журналист Хуршед Атовулло мебошам, дар факултаи журналистика мехонам. Медонам ки уро барои ҳамфамилия будан бо Шумо ҳамеша азоб медиҳанд. Аз идораи барқ то раисони ноҳия маҳз барои фамилия вайро сиёҳ мекунанд, бад мегуянд, пеши корашро мебанданд.Шумо наметавонед дар ягон мусоҳиба бо шахсони калони Тоҷикистон гуед ки вай ба Шумо касе нест то вайро азоб надиҳанд?

Бо эҳтиром
Рухшона
------------------------------------------
Мегуянд,ки Додоҷони Атовуллоҳ як тан аз бузургтарин журналистони маҳалгарост ва замони Дар "Чавонони Тоҷикистон" фаъолият доштанаш онхоеро ба кор мегирифтааст,ки аз водии Панчакент будаанд. Ин гуфтаҳо то кадом андоза ҳақиқат доранд?

Hamdam
-------------------------------------------

Одами бе ақл Атовуллора савол медиҳад. Барои чи ман ўро савол диҳам. Мне не приятно даже на него посмотрить
Ташаккур

Саидбег С.
-------------------------------------------

Аз Додои Атовуллоҳ се суол дорам:
1. Харакати Ватандор бо таъсиси худ холо ягон кореро ба манфиати миллат анчом надода такозои мансаб кард. Оё метавон ба чунин харакате, ки дар сухан чизи дигареро мегуяду дар амал хадафи манфиатчуёнаи худро дорад, комёб шавад?
2. Рузномаи шумо дар нашрияи Коммерсант чоп мешавад, ки молики он Алишер Усмонов аз сарватмандони узбактабор аст. Пас аз ин чо бармеояд, ки харакати шумо аз куввахои Узбакистон пуштибони меёбад. Чаро шумо ба миллатфуруши даст задаед ва оё бовари доред, ки дар сурати галаба кардан хамон куввахои Узбаки харакати шуморо хамчун миёнарав аз бай намебардоранд?
3. Бархе аз хаводорони журналистикаи тоҷик аз шумо ба унвони як ширинкори сирк ёд мекунанд, на ба унвони журналист. Магар шумо аз ин андешахо шарм намедоред?

Раҳимаи Додо,
рузноманигор
--------------------------------------

Чаро "Беватан" нею "Ватандор"? Аз рӯи маълумоте, ки ман дорам Шумо аз ватан берунед. Ва он қуввае, ки Шумо мехоҳед ба он такя кунед, аксаран аз ватан бурунанд.

Муҳаммад, муҳоҷир аз Маскав
--------------------------------------

Нахуст, салом, Додоҷон!
Дар ҳоли ҳозир ман суоле надорам, вале як чиз гуфтаниам: худатро беш аз пеш эҳтиёт кун, бародари азиз, чунки ту барои ин миллати берӯзӣ сахт лозим ҳастӣ. Ҳатто вақте ки Э. Р. аз қудрат дур шавад ҳам. Кӣ кафолат медиҳад, ки баъди ӯ як одами воқеан демократ ба сари қудрат меояд?
Дуогуи сари ту ва бо умеди дидор дар Ватан - дар Тоҷикистони ҳақиқатaн ҳам озоду демократӣ.

Бародари қиёматии ту
Шариф аз Фархор.

---------------------------------------

Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизеянд, ё такрориву беш аз андоза дарозанд ва ё бо мақсади таблиғ ирсол шудаанд, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳанд шуд. Лутфан, агар имкон ҳаст, бо ҳуруфи тоҷикии сириллик бинависед, то номаи Шумо зудтар ба нашр расад. Номаҳо бо имзои мустаъор на лузуман қобили нашр хоҳанд буд. Зимнан, ҳеч назаре дар Майдони баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.
XS
SM
MD
LG