Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар рейтинги нави FIFA - 147-ум


Дар ин феҳрист Тоҷикистон миёни 46 кишвари қорраи Осиё дар мақоми 27-ум ва байни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Узбакистон (58-ум), Қазоқистон (119-ум) ҷойгир шуда, аз Қирғизистон (149-ум), Туркманистон (163-юм) ва Афғонистон (186-ум) пеш аст.

Ҷопон, ки чаҳор зина боло - ба ҷойи 40-ум баромад, беҳтарин тими миллии қорраи Осиё маҳсуб мешавад. Вале Эрон шаш зина поинтар - ба ҷойи 47-ум фуромад.

Дар ин феҳрист Тоҷикистон миёни 15 кишвари собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ мисли пешин дар ҷойи сездаҳум қарор гирифтааст. Укроин миёни ин кишварҳо дар ҷойи аввал буда, дар рейтинги нави FIFA ду зина поинтар -ба ҷойи 13-ум фуромад. Русия ҳафт зина поин шуд ва дар зинаи 24-ум қарор гирифтааст.

Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии тими миллии футболи Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт: «Беш аз як сол аст, ки дастаи мунтахаби кишвар ягон бозӣ анҷом надодааст. Бинобар ин моҳи сентябр баргузории ду бозии дӯстонаро бо дастаи мунтахаби Қазоқистон дар майдони худ ва дар меҳмонӣ ба нақша гирифтаем.»

Дастаи мунтахаби Итолиё, қаҳрамони феълии футболи ҷаҳон, миёни 207 кишвари аъзои FIFA мисли пешин дар зинаи аввал аст. Фаронса ду зина боло - ба ҷойи дуввум баромад. Вале Бразил як зина поин шуд ва дар ҷойи севвум қарор дорад. Ҳамчунин миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон Олмон, Аргентина, Португол, Испониё, Инглистон, Ҳолланд ва Ҷумҳурии Чех ҷойгир шудаанд.


Бар асоси қуръакашӣ, ки рӯзи чоршанбе дар қароргоҳи Конфедеросиюни футболи Осиё баргузор шуд, 12 дастаи мунтахаби муддаъии роҳхатҳо ба қисмати ниҳоии Бозиҳои олимпии соли 2008 ба се гурӯҳ тақсим шуданд.

Дар гурӯҳи «А» Ироқ, Лубнон, Куриёи Шимолӣ ва Австралиё, дар гурӯҳи «В» Куриёи Ҷанубӣ, Узбакистон, Баҳрайн ва Сурия, дар гурӯҳи «С» Ҷопон, Арабистони Саъудӣ, Қатар ва Вйетнам рақобат хоҳанд кард.

Бозиҳои сабқати ҳалкунанда аз 22-уми август то 21-уми ноябри соли равон баргузор мешаванд. Се дастаи ғолиби гурӯҳҳо ва мунтахаби Чин дар давраи ниҳоии Олимпиадаи Пекин ширкат меварзанд.
XS
SM
MD
LG