Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хатари ҳастаӣ ба Тоҷикистон


Бунгоҳи амнияти ҳастаии Тоҷикистон мегӯяд, барои мутобиқ кардан ба талаботи байналмилалӣ ва безарар гардонидани партовгоҳҳои радиатсионии Тоҷикистон ҳудуди 300 миллион доллари амрикоӣ мебояд масраф шавад. Ҳикматулло Насруллоев, дабири илмии бунгоҳи мазкур дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, феълан ин ниҳод бо сармоягузорони хориҷӣ масъалаи ҷалби ин маблағро барои анҷоми ин ҳама барномаҳо баррасӣ дорад: «Дар вилояти Суғд 10 партовгоҳи радиоактивӣ ҳаст, ки дар онҳо қариб 55 миллион тонна моддаҳои радиоактив мавҷуд аст. Вазъи онҳо албатта дар давраи Шӯравӣ ба як ҳолати муайян оварда шуда буданд, аммо дар зарфи тақрибан 20 соли истиқлолият мо бинобар наёфтани маблағ натавонистем, вазъи ин партовгоҳҳоро ба эътидол орем ва ҳоло аз вазъи онҳо нигаронем. Баъзе аз ин партовгоҳҳоро мо бояд аввалиндараҷа безарар кунем, чун зиёд хавфнок аст».



Яке аз чунин иншооти хатарзои дорои маводи ҳастаӣ ва радиатсионӣ, ки ба гуфтаи коршиносон, бояд дар навбати аввал рӯпуш ва безарар карда шавад, партовгоҳи Табошар, воқеъ дар шимоли Тоҷикистон аст. Ба гуфтаи мутахассисон, аз эҳтимол дур нест, ки бар асари зилзила ва ё боришоти шадид, хоктӯдаҳои партовгоҳи рӯкушоди радиатсионии Табошар шуста шавад ва ин барои амнияти муҳити зисти кишвар ва сиҳҳатии шаҳрвандон хатар эҷод мекунад. Ба гуфтаи мақомоти беҳдоштии устони Суғд, паҳншавии боди хоктӯдаҳои радиатсионӣ аз ҳоло боиси хуруҷи бемориҳо шудааст. Доктори илми тиб Бахтиёр Аҳмадов: «Солҳои охир шумори беморони гирифтор ба омоси ҳабисзиёд шуда истодааст. Яке аз сабабҳои аслии пайдоиши бемориҳои саратон ва мисли ин радиатсия мебошад ва аксаран сокинони гирду атрофии партовгоҳҳои радиоатсионӣ мубтало ба ин гуна бемориҳо шудаанд. Танҳо дар соли гузашта танҳо бар асари боди хоктӯдаҳои партовгоҳи Деҳмой 14 сокини деҳаҳои наздик ба ин партовгоҳ вафот карданд».




Ин ва дигар партовгоҳҳои радиатсионӣ феълан ба таври ҳамаҷониба назорат намешаванд ва сокинони маҳаллӣ хоктӯдаҳои радиатсиониро берун оварда ва онро ба фурӯш мемонанд. Як нафаре, ки бо ҷустани фулуз дар ин партовгоҳ ва харидуфурӯши он машғул аст, мегӯяд: «Мо қимати як кило оҳанро ба арзиши 24 дирам мефурӯшем ва тоҷирон онро ба Қирғизистон мебаранд. Аз ноилоҷӣ ин корро мекунем, медонем, ки ба саломатӣ зарар дорад, аммо илоҷ нест. 45 рӯз кор мекунем, баъдан муддати мадид таътил мекунем».



Масъулини корхонаи давлатии «Востокредмет» феълан тарҳи наверо бо арзиши 14 миллион доллари амрикоӣ барои таъмини амнияти партовгоҳи Табошар ба арзёбии донорҳо пешкаш кардаанд. Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо ҳам қавл додааст, ки барои маблағгузории тарҳҳои вобаста ба амнияти ҳастаӣ, бавижа безараргардонии партовгоҳҳои Тоҷикистон, донор меҷӯяд.
XS
SM
MD
LG