Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чопи «Донишномаи насри форс - тоҷик» дар Қазоқистон


Тавре дар маросими муаррифии китоб дар бинои Дӯстии Маҷмаи халқҳои Қазоқистон донишманди тоҷики муқими ин кишвар Сафар Абдулло гуфт, ин китоб солҳои навади садаи гузашта бо кӯшиши донишмандон ва ноширони тоҷик дар Тоҷикистон бо теъдоди басо зиёд ба нашр расида буд ва дар Қазоқистон дубора рӯи чопро дидани он кори хайрест ҷиҳати интишори фарҳанги форс - тоҷик .
Насри ривоятиро шодравон Юсуф Салимов ва Александр Дун устодони Донишгоҳи Хуҷанд ба русӣ баргардонида буданд, ки қаблан чоп шуда буд.
Ношир Ахмад Дуйсенбоев дар ин маросим аз сафорати Тоҷикистон барои ёриаш дар дарёфти иҷозаи чопи китоб изҳори сипос намуда таъкид кард муҳаббати беандозае, ки ба адабиёти оламшумули форс - тоҷик дорад ӯро ба ин кор водор сохт. Ба гуфтаи ношир, ҳануз аз айёми ҷавонӣ, яъне давраи аскарӣ дар Тоҷикистон вай бо осори гаронбаҳои назми форсӣ ошно гардида буд. Баъд соли 1990 бо сафари хидмати вай боз ба Точикистон меояд ва дар магозаи китобфурӯшии Душанбе китоби Донишномаи насри форсу тоҷикро мехарад. Ношири қазоқ мегӯяд, ки ӯ баробари мутолиаи ин китоби нодир ошиқи бекарори насри классикии форсу тоҷик мегардад. Ва дар дили ӯ орзуи нашри ин китоб бо ороиши ҷолиб пайдо мегардад.

Ношир баробари ба муқоваю коғази чопии китоб таваҷҷӯҳи хоса кардан кӯшид, ки дар он мусаввараҳои форсӣ низ истифода гардад. Дар ин кор ба вай Маркази фарҳангии сафорати Ҷумхурии Исломии Эрон мадад расонид ва дар натиҷа 60 мусаввараи зебои форсӣ дар китоб истифода гардид ва ин китоби пурмӯҳтаворо басо зебо кард.
Баъди ба нашр расидани китоб он дарҳол дар байни хонандагон маҳбубияти хосеро касб намуд ва ба китоби арзишманде табдил ёфт. Аз чумла, дар шахри Павлодар фурӯшандахо ба ношир гуфтаанд, ки харидорон ғолибан маҳз китоби «Донишномаи насри форсу тоҷик»-ро барои ҳадя ба наздиконашон мехаридаанд.
Ношири қазоқ аз он ки дар Тоҷикистон ин китобро ба барномаи таълимии мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ шомил кардаанд, изҳори хушӣ намуда таъкид кард, ки вай кӯшиш ба харҷ хохад дод, то ин асар дар мактабҳои Қазоқистон низ чун воситаи таълими беруназсинфӣ истифода карда шавад. Аз ин хотир вай китобро бори дигар нашр карданист.
Лозим ба таъкид аст, ки ин дурдонаи насри форсӣ - тоҷикӣ дар Қазоқистон дар муддати кӯтоҳ ду маротиба чоп шуд. Аввал китоб бо номи «Насри форсӣ» ва бори дигар бо номи қаблиаш, ки дар Тоҷикистон ба табъ расида буд, яъне «Донишномаи насри форс - точик» чамъан 3500 адад мунташир гардид.
XS
SM
MD
LG